Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди анъанаҳои китобдориву китобхониро яке аз самтҳои асосии сиёсати фарҳангии хеш қарор дода, дар ин росто корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳанг қабул шудаанд, ки дар ривоҷу равнақи соҳаи китобу китобдорӣ нақши бузург гузоштаанд. Бахусус, азму талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафти фаъолияти китобдорӣ ва раванди мутолиаи китоб дар ҷомеа такони бузург бахшидаанд.
Дар заминаи суннатҳои мавҷудаи фарҳангӣ ва анъанаҳои арзишманди китобу китобдории миллӣ бо истифода аз таҷрибаи пешқадами китобхонаҳои давлатҳои рушдёфта ва меъёрҳои байналмилалии соҳаи китобдорӣ дар Тоҷикистон ба комёбиҳои беназир ноил гардид.
Мавриди истифода қарор гирифтани бинои наву замонавии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашри асарҳои адабиву таърихӣ ва илмию фарҳангӣ, афзудани шумораи мағозаҳои фурӯши китоб ва баргузории чорабиниҳои гуногун – озмуну фестивалҳо, ҳамоишҳои илмӣ ва амсоли ин на танҳо дар замони истиқлол, балки дар таърихи китобдории миллати тоҷик дастоварди бесобиқа маҳсуб меёбад.
Боиси шодмонӣ ва шукургузорист, ки ҳар як иқдом ё санаде, ки дар заминаи олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунанд, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус мактабиён, донишҷӯён, наврасону ҷавонон ва умуман қишрҳои гуногуни ҷомеа мегардад.
Бо мақсади бедор намудан ва баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаи суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодии афроди ҷомеа, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ, васеъ намудани доираи забондонӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни тамоми зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, доктор PhD, аспирантҳо ва шаҳрвандони кишвар бо Амри Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар саросари кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад.
Ин иқдоми оқилонаи фарҳангӣ барои ҷалби наврасону ҷавонон ба китобу китобхона дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддуну қудратҳо ва авҷ гирифтани фаъолияти равияву гурӯҳҳои ифротию тундгаро тадбири мубраму саривақтӣ ба шумор меравад. Зеро ҷавонони соҳибхираду босавод ва дорои маърифати сиёсӣ ҳаргиз фирефтаи дасисаҳои муғризона нахоҳанд шуд.
Раёсати МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» барои дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, аз ҷумла Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тадбирҳои муассир андешида, як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст. Тибқи дастуру супоришҳои Ректори Донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин пайваста дар байни донишҷӯён озмун ва маҳфилҳои шеъру сурудхонӣ доир мегарданд. Баргузории чунин чорабиниҳо насли ояндасози миллат, аз ҷумла донишҷӯёнро ба мутолиаи китоб, аз бар намудани каломи бадеъ ва илму ҳунар ҳидоят намуда, дар замири онҳо меҳри китобу донишро ташаккул дода, сатҳи маънавиёти ононро баланд мебардорад.
Шоистаи зикр ва таҳсин аст, ки зери роҳбарии ректори Донишкада доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин дар даври ноҳиявии озмуни мазкур омӯзгорон ва донишҷӯён Ғафурова Сайро дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон сазовори ҷойи дуюм, Шарифова Мавҷуда донишҷӯи курси 4-уми шуъбаи фосилавӣ (ғоибона)-и факултети журналистикаи телевизион ва радио дар номинатсияи эҷоди назм сазовори ҷойи якум, Самадзода Шукрона донишҷӯи курси 1-уми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси китобхонашиносӣ ва китобшиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ дар номинатсияи эҷоди назм сазовори ҷойи сеюм гардидаанд, ки боиси ифтихор ва сарфарозист.
Мусаллам аст, ки тарғибу ташвиқи фарҳанги мутолиаи китоб тавассути васоити ахбори омма аҳамияти муҳимро дорост, вале ҳидоят ва таъсири маънавии падару модар ва ёру бародарон ҳамоно муассиртар аст. Хурсандиовар аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки имрӯз бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат дар саросари кишвари азизамон –Тоҷикистон ҷараён дорад, маҳз ба ҳамин мақсад, яъне ба оммавигардонии хониш равона гардидааст.
Мавриди зикри хос аст, ки бо шарофати сиёсати маорифпарварона ва ибтикороти фарҳангии Пешвои миллат имрӯз муҳаббати насли навраси тоҷик ба китобу китобхонӣ бештар ва мақоми ин ду падида дар ҳаёти иҷтимоӣ-фарҳангии ҷомеа беш аз пеш баланду устувор гардидааст. Фаромӯш набояд кард, ки китоб аз зумраи гаронбаҳотарин мероси ниёгонамон буда, ба шарофати он насли имрӯзу оянда аз дастовардҳои тамаддуни ҷаҳонӣ, илму адаб, маънавиёти халқияту миллатҳои гуногун баҳраманд гардида, ҳамчун ворисони арзандаи мактаби бузурги худогоҳию хештаншиносии ниёгон баҳри ҳифзу гиромидошти арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ сина сипар хоҳанд кард.
Дар охир чанд пешниҳоди худро барои боз ҳам беҳтару хубтар роҳандозӣ намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ироа медорам:
- дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар байни донишҷӯён озмуни донишкадавӣ бо унвони «Китобхони беҳтарин» гузаронида шавад;
- дар шартҳои иштирок дар озмун, аз ҷумла омадааст, ки иштирокчӣ бояд аъзои фаъоли китобхона бошад. Аз ин рӯ, пешниҳод менамоям, ки аз Китобхонаи миллӣ ба ҳайати ҳакамони озмун директор ё яке аз муовинони ӯ ворид карда шаванд;
- дар китобхонаҳои марказии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил намудани гӯшаҳо бахшида ба адабиёти нодир;
- ғанӣ гардондани фонди китобхонаҳои давлатию оммавӣ бо адабиёти тозанашр;
- барои ҷалби бештари хонандагон ба мутолиаи китоб дар китобхонаҳои давлатию оммавӣ ташкил намудани озмуни «Хонандаи беҳтарин»;
- ба ҳайати ҳакамон муаллимони варзида ва шинохтаи кишвар аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ворид карда шаванд;
Дар ин замина ҳайати профессорону омӯзгорони МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, ҷавононро дар рӯҳияи китобхонию китобдӯстӣ ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳи худшиносию худогоҳии онҳо саҳми арзанда мегузоранд.
декани факултети китобдорӣ ва
иттилоотшиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»