Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати  Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»  бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” нахустин маҳфил — викторинаи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таҳти унвони “Пайравони пешвои миллатем!” дар мавзуи “Нақши озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар баланд бардоштани ҳисси китобдустӣ ва маънавиёти ҷомеа» бо иштироки ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати  Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои филолгӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода Муовини Раиси ташкилоти «Пайравони Пешвои миллат» Зарнигор Раҷабзода баргузор гардид.        Муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода маҳфилро бо суханронии ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла зикр намуд, ки мақсад аз баргузории маҳфил – викторина ин пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳисси китобдустӣ ва маънавиёти ҷомеа, хусусан ҷавонон буда,  огоҳии комил ёфтан аз натиҷаҳои баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад.        Сипас, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати  Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои филолгӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ меҳмонон, ҳозирин ва иштирокдорони маҳфил – викторинаро ба донишкада хайрамақдам гуфта, баргузории чунин маҳфилҳоро саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуд. Мавсуф зикр намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” яке аз иқдомҳои муҳимми роҳандозинамудаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз соли 2019 инҷониб бо мақсади бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар баргузор мегардад.

    Ректори донишкада, инчунин дар бораи китоб ва мақеи он андешаву мулоҳизаҳояшро баён намуда, тазаккур дод, ки пайдоиши илму маърифат, мактабу маориф, фарҳангу тамаддун ба пайдоишу мутолиа ва таълифи китоб вобастагии амиқ дорад.

     Маҳфил – викторина бо пешниҳод намудани саволҳо ба таври ошкоро ва шаффоф сурат гирифт, ки дар он донишҷӯён аз донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ва ҷавонони соҳиби касбу кори гуногун иштирок намуданд.         Дар натиҷа, донишҷӯи бахши 3-юми факултаи санъати театрӣ ва режиссураи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати  Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Файзуллозода Кишвар барандаи ҷойи 1-ум, донишҷӯи бахши 1-уми факултаи журналистикаи телевизион ва радиои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати  Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Сайфуллоев Беҳрӯз ва донишҷӯи бахши 2-юми факултаи фарҳангшиноси донишкадаи мазкур Шермуҳаммадова Фахрия барандандаи ҷойҳои 2-юм, донишҷӯи бахши 4-уми факултаи санъати мусиқии мардумии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати  Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Ашӯров Сафармуҳаммад ва магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барандаи ҷойҳои 3-юм, донишҷӯи Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Ҳомидов Хушбахт ва донишҷӯи бахши 1-уми факултаи журналистикаи телевизион ва радиои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати  Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Ҳомидов Шамшер соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида бо туҳфаҳои хотирмон, аз ҷумла планшет ва дигар туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

    Пас аз анҷоми маҳфил барномаи консертии омоданаудаи донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати  Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки хеле ҷолибу диданӣ буд.

ҚУДРАТОВ Сино