Имрӯз як гурӯҳ донишҷӯёни бонангу номус, ватандӯсту меҳанпарвари шуъбаи актёрии факултаи санъати театрӣ ва режиссураи Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо азму ирода ва хоҳиши худ барои сарбаландона адои хизмат намудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ватани маҳбубамон сафарбар карда шуданд. Бояд зикр намоем, ки онҳо донишҷӯёни болаёқат ва аз нозукиҳои ихтисоси интихобнамудаашон огоҳ мебошанд ва то пайвастан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар чорабиниҳои фарҳангии донишкадавӣ ва берун аз он фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷумла намоишномаи театрии “Дод аз дасти Афандӣ”, ки дар он онҳо нақшҳои асосиро иҷро менамуданд, дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2023» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 85-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев, тайи рӯзҳои охир баргузор ва ҷамъбаст гардид, тариқи ғайриозмунӣ иштирок намуда, бо Сипосномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд. Дар маросими гусел ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ба навдаъватшудагон сарбаландӣ ва бомуваффақият адо намудани хизмати Модар-Ватанро таманно намуда, тазаккур дод, ки ҷавонон ворисони арзандаи халқу Ватан ва созандагони фардои ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд ва пайваста аз дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархурдор мебошанд. Тавре маълум аст, тақдир ва инкишофи ҳар як давлат, аз ҷумла Тоҷикистон аз мавқеи фаъоли ҷавонон вобастагии калон дорад, зеро дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати як неруи пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд.
Ҳайати устодону ҳамсабақон ва пайвандони навдаъватшудагон-донишҷӯёни шуъбаи актёрии факултаи санъати театрӣ ва режиссураро бо меҳру муҳаббати хосса ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар гусел намуданд.
ҚУДРАТОВ Сино