Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” дар доираи баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2023» намоишномаи театрии омоданамудаи устодону донишҷӯёни факултаи санъати театри ва режиссураи донишкада зери унвони “Дод аз дасти Афандӣ”, ки  аз тарафи муассиса ба фестивал-озмун пешниҳод шудааст ба маърази тамошо гузошта шуд. Ба ин муносибат ба донишкада як қатор чеҳраҳои саршиноси театри ватанӣ, ҳаводорони театр ва намояндагони гуногуни қишрҳои ҷомеа ташриф оварданд.       Нахуст ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ суханронӣ намуда, меҳмононро ба донишкада хайрамақдам гуфт. Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди театри миллӣ таваҷҷуҳи хоса медиҳанд, ки бунёди театрҳои касбӣ, қасрҳои фарҳанг дар минтақаҳои гуногуни кишвар ва сохтмони Театри миллӣ, ки дар ҷараён аст, далели сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари кишвар мебошанд. Бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 85-солагии Ҳунарпешаи  халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев баргузор намудани Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2023» низ ба хотири рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон буда, баҳри баланд бардоштани ҳисси ифтихори ватандӯстиву ватанпарастӣ ва  муаррифии анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ равона гардидааст.

   Муаллифи намоишномаи театрии “Дод аз дасти Афандӣ” Ғаюр Ашӯров буда, роҳбари бадеии он Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Тағоймурод Розиқов мебошад. Намоишнома зери коргардонии муаллими ҷавони факултаи санъати театрӣ ва режиссура Сомон Алиев ба саҳна гузошта шуда, дар нақшҳо донишҷӯёни факулта ҳунарнамоӣ карданд.   Намоишномаи театриро ҳозирин ба завқу шавқи тамом тамошо карда, бо кафкӯбиҳои такрор ва бардавоми худ хушнуд гаштан ва миннатдории худро ба донишҷӯён изҳор намуданд.

ҚУДРАТОВ Сино