Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба 112-солагии Шоири халқии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода бо ширкати ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада чорабинии муҳимми фарҳангӣ баргузор гардид.        Нахуст, ректори донишкада суханронии ифтитоҳӣ намуда,  ҳозиринро ба ифтихори 112-солагии ин абармарди миллат ва мунодии сулҳу саодат муборакбод гуфт. Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки меҳри устод Мирзо Турсунзода дар ошёни баландтарин-дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард. Шоири башардӯст дар хонаи дили худ на танҳо меҳру муҳаббати халқи азизаш, балки озодихоҳони ҷаҳонро низ ҷой дода буд.        Сарвари муассиса ёдовар шуд, ки Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  22 — юми августи  соли 1973 бо қарори Шурои Вазирони ИҶШС ҳамчун Донишкадаи давлатии  санъати Тоҷикистон таъсис ёфта, 21 марти  соли 1978  ба он номи Шоири халқии Тоҷикистон  Мирзо Турсунзода дода  шудааст. Баъдан, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2015, № 450 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода табдили  ном кард.

    Таъкид гардид, ки ин падидаи фараҳбахш боиси ифтихору шодмонии аҳли фарҳангу ҳунари кишвар, бахусус ҳайати профессорону устодон, донишҷӯёну кормандони муассиса мебошад. Зеро Мирзо Турсунзода на танҳо ҳамчун шоири шаҳир, балки ба сифати арбоби бузурги давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, ба ҳайси раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар тамоми олами мутамаддин шуҳрат дошт. Ӯ ба ин ташкилоти ҷамъиятии байналмилалӣ бист сол сарварӣ карда, дар таҳкими пайванди дӯстӣ ва робитаҳои адабии мардумони қитъаҳои Осиё ва Африқо хизматҳои шоиста ба ҷо овард. Мирзо Турсунзода бо меҳнати фидокоронаи худ дар роҳи пешрафти адабиёти бадеӣ, мустаҳкам намудани сулҳ дар байни кишварҳо ва қитъаҳои олам обрӯю эътибори бузург дошт. Ӯ дар радифи машҳуртарин нависандагон ва арбобони даврони худ сазовори унвони олии «Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ» гардида буд. Дар ҷодаи шеъру шоирӣ ва санъати суханварӣ шоири номдори тоҷик бо ситораҳои тобноки адабиёти муосири ҷаҳон дар як поя қарор дошт.

    Роҳбари муассиса тазаккур дод, ки Пешвои муаззами миллат дар китоби “Чеҳраҳои мондагор”- и худ Мирзо Турсунзодаро ҳамчун як фарди фарҳангии ниҳоят фаъол ва мубориз муаррифӣ карда, корномаҳояшро аз ибтидои солҳои сиюми асри бист то анҷоми умри пурбаракати худ беназир ҳисобида, саҳми ӯро дар навсозии Тоҷикистон, тараққиёти адабиёт, илм ва ҳунар бориз арзёбӣ намудаанд. Шахсияти шоири ватандӯст дар он зоҳир мешавад, ки дар ҳар шеъри ӯ меҳру муҳаббати Тоҷикистон баръало ба мушоҳида мерасад. Мирзо Турсунзода доираи мавзӯъ ва масъалаҳои адабиёти муосири тоҷикро вусъат дода, манзараҳои гуногуни ҳаёти мамлакатҳои хориҷиро бо афкори нав ва аз дидгоҳи тоза ба адабиёти мо ворид сохт ва ба ин васила мактаби нави адабиро ба вуҷуд овард. Ҷавҳари хоси ин мактаб шинохти гузаштаи халқи худ, рушди забон, фарҳанг, адабиёти куҳанбунёд ва суннату анъанаҳои миллии мо мебошад. Сабақи дигари ин мактаби адабӣ иборат аз он аст, ки шеъру сиёсатро ба ҳам омезиш дода, адабиётро ҳамчун воситаи муассири муттаҳид кардани ҷомеа ва ташаккули афкори умум неруманд гардонид. Мавзӯи сулҳу ваҳдат, накукориву созандагӣ ҳамчун шиори мардуми фарҳангпарвару тамаддунсози тоҷик ба осори адиби башардӯстӣ мо ҷилои тоза мебахшад.

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни мубораки 90 — солагии устод Мирзо Турсунзода (соли 2001) бо камоли эҳтиром ва сипос­гузорӣ ба фармоне имзо гузошта,  ин фар­зан­ди фарзонаи миллатро бо баландтарин унвони давлатӣ — Қаҳрамони Тоҷи­кис­тон сазовор гардониданд. Он замон зимни суханрониашон зикр карда буданд, ки “Муҳаббати поки устод  Мирзо  Турсунзода  ба  сарзамини аҷдодӣ,  обу   хоки Ватан, бешубҳа, барои наслҳои зиёди  миллат ҳамчун намунаи олии ибрат, хизмат хоҳад кард.”

   Устод Мирзо Турсунзода бо фарҳангу миллати худ ҳамеша мефах­ри­ду миллат бо ин фарзанди боистеъдоду некномаш. Шоир ҳамеша кӯшиш мекард, ки ба миллату Ватани худ хизмати  шоис­та намояд, бо халқ ҳам­нафасу ҳамқадам бошад, суханро ба ман­фи­ати давлат ва ҷамъият исти­фо­да созад. Ашъори дилпазири шоир муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти мам­лакат, дарди миллат ва орзуву ормонҳои ӯро  дар бар мегирад.   Дар айни замон онҳо на танҳо арзишҳои олии иҷтимоии хал­қи то­ҷик, балки  идеалҳои  инсонпарваронаи дигар миллат­ҳоро низ ифода намуда, ба манфиати пешрафти иҷтимоӣ, сулҳ ва ҳам­кории халқҳои ҷаҳон хизмат мекунанд.

   Сипас, котиби Шурои олимони донишкада, ҷоизадори озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, шоир Синои Абуалӣ андешаҳояшро доир ба ватандӯстӣ ва саҳми Мирзо Турсунзода дар муаррифӣ намудани тоҷикон ба ҷаҳониён баён намуда, якчанд шеър аз осори гаронбоҳои ин шоири маҳбуби халқ қироат намуд.

  Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи консертии омоданамудаи устодону донишҷӯён манзури иштирокдорон гардонда шуд, ки фарогири шеърҳои эҷоднамудаи  Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода буданд.

БЕРДИЕВА Маҳина