Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо ширкати ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён бахшида ба Рӯзи пойтахт чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабиниро ректори донишкада бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи пойтахт – Душанбеи нозанин бо беҳтарин ва самимитарин таманниёт табрику муборакбод намуда, барояшон саломатию сарбаландӣ, шодкомию хуррамӣ, саодатмандию нусрат ва рӯзгори пурфайзу баракат орзу намуд. Сарвари донишкада ҳамчунин тазаккур дод, ки пойтахти ватани азизи мо — Душанбе бо шарофати сиёсати бомароми бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи самарабахши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯз ба рӯз ободу зебо гардида, ба яке аз пойтахтҳои зебои ҷаҳон табдил ёфтааст, ки мо шоҳиди бевоситаи гулгулшукуфии пайваста ва босуръати ин шаҳри озодаи барои ҳар яки мо воқеан ҳам азиз мебошем.
Душанбеи биҳиштдомони мо маркази сиёсиву маъмурии Тоҷикистони азиз, мазҳари илму маърифат, хонаи уммеди тоҷикони тамоми ҷаҳон, шаҳри саодату иқбол, маъвои ишқу муҳаббат, диёри сулҳу сафо ва ваҳдату ҳамдилӣ мебошад. Мо ифтихор мекунем, ки дар ин шаҳри нозанин – қалби ватани азизамон кору фаъолият намуда, зиндагии пур аз рифоҳу осоишта дорем. Зикр гардид, ки пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббусу ғамхории Ҳукумати кишвар ва азму талоши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар байни шаҳрҳои минтақа тадриҷан мақому манзалати миллӣ ва ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо карда, айни замон ба яке аз шаҳрҳои сабзу хуррам, ободу зебо ва рушдёбанда табдил ёфтааст. Шаҳри Душанбе макони зиндагиву фаъолияти ҳазорон шахсиятҳои маъруф, аҳли илм ва адабу санъати тоҷик маҳсуб мешавад. Ҳар яки онҳо барои ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз ва шаҳри Душанбе, инчунин ҷиҳати пуштибониву муаррифии шоистаи халқи тоҷик азму талошҳои фидокорона анҷом додаанд. Дар домани мубораки ин шаҳри пурназокат аксари донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ҷойгир шудаанд, ки донишкадаи мо аз ҷумлаи онҳо мебошад. Барои шумо донишҷӯёни гиромӣ бояд мояи ифтихор ва шодмонӣ бошад, ки дар дили ватани худ дар муассисаи таҳсилоти итихобнамудаатон таҳсил мекунед ва аз аз тамошои зебогиҳои беназири Душанбешаҳр ҳаловат мебаред.
Ректори донишкада дар анҷоми суханрониаш таъкид намуд, ки ҳар яки моро зарур аст, дар баробари мардуми сарбаланду ватандӯсти шаҳри Душанбе, алалхусус, кормандони сохтору мақомоти давлатӣ, аҳли зиё ва ҳар як фарди бонангу номуси пойтахт анъанаҳои неки бунёдкориву созандагии Ватани муқаддасамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободонии пойтахти азизамон саъю кӯшиши худро дареғ надорем.
Сипас, котиби Шурои олимони донишкада, ҷоизадори озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Синои Абуалӣ бо суханронии пурмуҳтавои худ ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи пойтахт муборакбод намуда, шеърҳои дар васфи шаҳри Душанбе эҷоднамудаашро қироат намуд. Дар бахши фарҳангии чорабинӣ бошад, барномаи косертии омоданамудаи устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки хеле ҷолибу диданӣ ва хотирмон буд.
УМАРОВ Дилшод