Дар асри ХХI арзиши иттилоот ба андозае афзуд, ки олимону мутахассисон онро ҳамчун захираи стратегии ҷомеа арзёбӣ намуданд. Вобаста ба ин, муҳаққиқон таъкид менамоянд, ки имрӯз ҷамъоварӣ ва истифодаи оқилона, беҳтар намудани сифати захираҳои иттилоотӣ яке аз омилҳои асосии рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

     Бо назардошти функсияҳои иҷтимоии хеш китобхона ҳамчун муассисаи иттилоотӣ, фарҳангӣ ва омӯзишӣ дар рушди илм, такомули низоми таълиму тарбия, нигоҳдории мероси таърихӣ ва арзишҳои фарҳангӣ нақши асосиро мебозад. Маҳз аз ҳамин нигоҳ имрӯз дар китобхонаҳо захираи васеи иттилооти ҳуҷҷатӣ маҳфуз буда, ташкили самарабахши истифодаи онҳо ба пешрафти илм, истеҳсолот ва фарҳангу маориф мусоидат менамояд.

     Баробари соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба фаъолияти китобдорӣ беш аз пеш афзун гардид. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ низоми гуногун ва густурдаи китобхонаҳо: Китобхонаи миллии Точикистон, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, китобхонаҳои низоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла китобхонахои пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилот ва китобхонаҳои хусусӣ фаъолият доранд.

     Дар ҷумҳурӣ беш аз 71 китобхонаҳои марказӣ ва 1290 филиал китобхонаҳо бо фонди зиёда аз 16 млн, нусха китоб ва дигар маводи иттилоотӣ, наздики 4000 китобхонаи мактабӣ, 76 китобхонаи бачагона ва теъдоди зиёди китобхонаҳои шахсӣ ва иттифоқи касабавӣ фаъолият доранд.

   Соҳаи китобдорӣ вобаста ба таҳаввулоту талаботи замон ва тағйироти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷомеа пайваста мақсаду муҳтаво, мазмуну мундариҷаи фаъолияти хешро ба раванди пешрафти ҳаёти ҷомеа мутобиқ намудааст. Ин соҳаи илми муосир дар саргаҳи инъикоси падидаҳои тозаи иқтисоду фарҳанг ва иҷтимоиёти ҷомеа мавқеъ гирифта, дар баробари дарки набзи муосири ҳаёт дигаргуниҳои раванди соҳаҳоро ба таври дақиқ ва воқеъбинона таҷассум менамояд.

    Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди аксарияти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, бахусус риштаи китобдорӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард. Новобаста аз он ки дар солҳои аввали истиқлолият тамоили бозсозии фаъолияти китобдорӣ ва масъалаҳои марбут ба таъмини рушди он бо баъзе мушкилот-нарасидани мутахассисони касбӣ, суст будани фаъолияти марказҳои методӣ, аз фаъолият боз мондани курсҳои такмили ихтисос, мавҷуд набудани маҷаллаи тахассусӣ ва амсоли ин мувоҷеҳ гардид, кормандони китобхонаҳои мамлакат собит намуданд, ки онҳо дар саргаҳи раванди бемайлони тараққиёти кишвар қарор доранд.

     Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулияти баланд ҷиҳати таъмини дурнамои рушди муассисаҳои фарҳанг, аз ҷумла китобхонаҳо соли 1992 «Консепсияи инкишофи маданияти Тоҷикистон»- ро қабул намуд. Дар ин ҳуҷҷати муҳими давлатӣ дар заминаи таҳлили амиқи вазъи ичтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати фарҳангии давлат муайян карда шуданд. Қабули Консепсияи мазкур барои таҳияи як силсила хуҷҷати  қонунгузори миллӣ дар соҳаи фарҳанг мусоидат намуд.

     Фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, бахусус китобхонаҳо, ки дар натиҷаи нооромиҳои аввали солхои 90-ум фалаҷ гардида буд, тибқи нишондоди Консепсия тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ овард, бинову иншооти фарҳангӣ тармиму таҷдид гардиданд. Бовариву эътимоди аҳли фарҳанг ба сиёсати фархангӣ, ояндаи фарҳанги миллӣ қавитар гардид. Нерӯҳои эҷодии мамлакат бо рӯҳу илҳоми тоза баҳри офаридани осори ҷавобгӯйи замони истиқлолият муттаҳид гардиданд. Дар ҷумхурӣ аввалин падидаҳои саршор аз арзишҳои соҳибистиқлолӣ баҳри муаррифии фарҳанги пурғановати миллӣ нумӯ карданд. Ноил гардидан ба чунин комёбиҳои фарҳангӣ имкон дод, ки соли 1997 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» қабул карда шавад. Қонуни мазкур сиёсати фарҳангии кишварро муайян намуда, фаъолияти муассисаҳои фарҳангиро ба як низоми муайян ворид ва заминаҳои мусоидро барои рушду нумӯ ва тарғибу ташвиқи арзишҳои фарҳангӣ, мероси таърихӣ, анъанаҳои бостонӣ ва расму оинҳои хоссаи миллӣ фароҳам овард.

    Вазъи рушди фаъолияти китобдорӣ дар маркази таваҷҷуҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт. Бо мақсади ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами фаъолияти китобдорӣ дар ҷаласаҳои Мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон асноди зарурӣ ба масъулони соҳаи фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ирсол гардиданд, ки ин воситаи муҳими назорати сатҳу сифати фаъолияти китобдорӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Асосан, дар ҷаласаҳои Мушовара ба масъалаҳои: татбиқи амалии барномаҳои давлатии рушди соҳаи китобдорӣ; ташкили «Корвони китоб»; сохтмони биноҳои нави китобхонаҳо; вазъи бинохои китобхонаҳо дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ, пуррагардонии фонди китобхонаҳо бо адабиёти тозанашр; кадрҳои китобдорӣ дар баъзе манотиқи ҷумхурӣ ва амсоли ин таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

   Бунёд гардидани бинои замонавии нуҳошёнаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, фаъолияти 120 мағозаи китобфурӯшӣ ва дар зарфи 5 соли охир бунёди 30 китобхона шаҳодати равшании файзи даврони истиқлолият, баёнгари пешрафти ҷомеаи муосири Тоҷикистон ба самти ҳамроҳшавӣ дар радифи кишварҳои пешрафтаи олам аст. Муҳаққиқони соҳа бо дарки баланди масъулият ва азму талошҳои пайвастаи эҷодӣ баҳри пажӯҳиши масъалаҳои ҳалталаб устуворона иқдом намуданд.

     Аз ҷониби муассисаҳои таҳқиқотӣ ва китобдориву библиографӣ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Дар ин раванд саҳми ҳайати профессорону омӯзгорони факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Китобхонаи миллии Тоҷикистон,  Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар хеле калон аст.

  Муассисаҳои номбурда дар ҳаллу фасли масъалаҳои идоранамоӣ ва танзими фаъолияти китобдорӣ, ҳамоҳангсозӣ ва муттаҳидгардонии фаъолияти китобхонаҳо, тарбия ва бозомӯзии мутахассисони касбӣ, истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо, технологияи созмондиҳии феҳрист ва китобхонаҳои электронӣ, коркарди тавсияҳо оид ба истифодаи натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмӣ, омӯзиши таърихи китоби тоҷик, менеҷмент ва маркетинг дар фаъолияти китобхонаҳо, таҳияи барнома, дарснома ва санадҳои давлатӣ нақши созанда доранд.

    Қобили тазаккур аст, ки мавзӯҳои омӯзиши таърихи китоби тоҷик, менеҷмент ва маркетинг дар фаъолияти китобхонаҳо, истилоҳсозӣ ва стандартсозии фаъолияти китобхонаҳо, хизматрасонии китобхонавӣ ба кӯҳансолон ва маъюбон, роҳбарии методии китобхонаҳо дар сатҳи даркорӣ таҳқиқ нашудаанд. Ҳаллу фасли масъалаҳои номбурда барои рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ, муайяну устувор намудани мавқеи китобхонашиносӣ, библиографишиносии миллӣ ҳамчун соҳаи мустақили илмии ватанӣ ва мақоми шоиста касб кардани фаъолияти китобдорӣ ҳамчун соҳаи фаъолияти амалӣ мусоидат менамоянд.

    Аз ҷониби олимону мутахассисони соҳа чандин семинару конфронсҳо, фестивалҳо ва мизҳои мудаввар таҳти унвонҳои «Китобхонаҳои Тоҷикистон дар арафаи асри ХХ1», «Вазъ ва дурнамои таъмини китобхонаҳои Тоҷикистон бо мутахассисони касбӣ», «Вазъи кунунии фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон ва роҳҳои инкишофи минбаъдаи онҳо», «Китобхонаҳо дар асри навин», «Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва масъалаҳои ҳалталаби татбиқи он», «Абонементи байникитобхонавӣ», «Нақши китоб дар эҳёи тамаддуни Шарқ ва масоили китобшиносиҳои нусхаи хаттӣ», «Китоб ва рушди фарҳанги китобдорӣ дар Тоҷикистон», «Асосҳои назаривӣ ва механизмҳои татбиқи равандҳои инноватсионӣ дар низоми таҳсилоти китобдорӣ» ва амсоли инҳо ташкил ва гузаронида шуданд.

     Аз ҷониби мутахассисони соҳа дар мавзӯҳои «Таъсисёбӣ ва рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон (солҳои 1993-2013)», «Китобхонаҳои кӯдакона ва мактабӣ дар низоми таҳсилоти Тоҷикистон: вазъият ва дурнамои рушди он», «Бунёди китобдорӣ дар Бадахшон» ва чопи маҷаллаҳои илмӣ, фарҳангиву маърифатии «Китобдор», «Паёмномаи фарҳанг», «Фарҳанг ва ҳунар» ва рӯзномаҳои «Дунёи китоб», «Роҳбари дониш» ба роҳ монда шуд. Ҳайати профессорону омӯзгорони факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», дар таҳқиқи мавзӯи «Таҳаввули китобхонаҳо дар даврони ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ» ширкат варзида, теъдоди зиёди маводи таълимӣ ва мақолаҳоро аз чоп баровардаанд. Мутахассисони Пажӯҳишгоҳи илмӣ – таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот   аз ҳисоби маблағҳои «Барномаи рушди  фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» теъдоди 25 номгӯйи дастурҳои методӣ, таълимӣ, китобҳои дарсӣ, монографияҳо, луғатҳо ва маҷмӯаҳои илмӣ чоп ва дастраси китобдорон гардонидаанд.

    Дигаргуниҳои куллии даврони истиқолият ба ҳаёти фархангии ҷомеа таъсири амиқ расонида, чавобгӯи замон набудани бисёр тарзу усулҳо ва меъёрҳои маъмули фаъолияти муассисаҳои фарҳангиро собит намуданд. Тадбирҳои ҷудогонаи таъҷилӣ, кӯтоҳмуддат ва баъзан мавсимӣ баҳри замонавӣ гардонидани фаъолияти муассисаҳои фархангӣ, аз ҷумла китобхонаҳо самараи дилхоҳ надоданд. Фазои нави ҳуқуқӣ ва иттилоотии мамлакат, зуҳури муносибатҳои бозоргонӣ дар соҳаи фарҳанг, аҳамияти хосса пайдо намудани масъалаи ҳифзу тарғиби мероси  миллӣ, аз ҷумла китобу осори  чопӣ, таҳкими равобити китоборӣ ва ғайра ба ташаккули сиёсати нави фаъолияти китобдорӣ мусоидат намуд.

    Бо назардошти навгониҳои айём, олимону мутахассисони соҳа Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ»-ро таҳия намудаанд, ки он соли 2003 қабул гардида, барои фаъолияти густурдаи китобдорӣ дар мамлакат заминаҳои воқеан мусоиди хуқуқӣ фароҳам овард. Қонуни мазкур асоси ҳуқуқии созмондиҳӣ, ҳифз ва рушди фаъолияти китобдориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, татбиқи амалии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар мавриди ҷустуҷӯ ва дарёфти иттилоот, истифодаи китобхонаҳо, дастрасии озодонаро ба комёбиҳои илмию фарҳангии ҷаҳонию миллӣ танзим менамояд.

    Бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015», «Барномаи давлатии  компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», «Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» таҳия ва қабул гардиданд. Барномаҳои мазкур аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа дар заминаи таҳлили амиқи илмӣ тарҳрезӣ шуданд. Тибқи нақша чорабиниҳои ин барномаҳо беш аз 50% китобхонахо дар шаҳру ноҳияҳо аз таъмир бароварда шуда, онҳо бо рафҳои китобмонӣ, мебелҳо, мизу курсиҳо таъмин карда шудаанд. Инчунин ба туфайли қабули ин барномаҳо тавассути «Корвони китоб» китобхонаҳои ҷумҳурӣ ҳамасола бо адабиёти тозанашри ватанӣ таъмин карда мешаванд. Умуман, тӯли солҳои 2007-2012 фонди китобхонаҳои мамлакат бо 1220 номгӯи китобҳо ва дигар маводи иттилоотии тозанашр бо теъдоди 196865 нусха мукаммал гардидиданд. Бо назардошти воридшавии адабиёти тозанашр ба фонди китобхонаҳо, теъдоди хонандагон тадриҷан афзуда истодааст. Бо шарофати оғози марҳилаи аввали компютеркунонии китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ имконоти пайвастани онҳо ба шабакаи глобалии Интернет фароҳам омадааст. Дар ҳалли масоили пешбинишуда андешидани тадбирҳои зерин заруранд:

  • аз аттестатсия гузаронидани кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ;
  • зиёд намудани теъдоди қабули довталабони факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ;
  • омӯзиши таҷрибаи пешқадами китобдории хориҷӣ аз ҷониби кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва омӯзгорону донишҷӯёни факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ;
  • ташкили семинар — тренингҳои минтақавӣ дар пойтахт ва маркази вилоятҳо барои китобдорони китобхонаҳои давлатию-оммавӣ;
  • таҳияи нақшаҳои таълимӣ доир ба тахассусҳои нави соҳаи китобдорӣ;
  • бозсозии психологияи кормандони китобхонаҳо;
  • ҷорӣ намудани шаклҳои нави корҳои таблиғотии китобхонавӣ-иттилоотшиносӣ;
  • баргузории конфронси илмӣ-амалӣ барои китобдорони китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ дар мавзӯи «Тарбияи китобдорон дар ҷумҳурӣ: вазъият ва пешомадҳо».

    Татбиқи тадбирҳои мутазаккира барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасониии китобдорӣ-иттилоотӣ ба шаҳрвандони кишвар, ҷалби ҳарчи бештари  хонандагон ба китобхонаҳои ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.

Зафари ШАРИФ,

декани факултаи китобдорӣ ва

 иттилоотшиносии МДТ

 «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»