ш. Душанбе, 08.04.2023.
Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимӣ аксияи тозагӣ зери унвони “Пойтахти азизамонро боз ҳам ободу зеботар мегардонем” эълон шудааст. Доир ба амалӣ намудани аксияи мазкур субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба Рӯзи пойтахт аксияи тозагӣ зери унвони “Пойтахти азизамонро боз ҳам ободу зеботар мегардонем” доир гардид. Дар аксия кормандон, донишҷӯён ва омӯзгорони донишкада фориғ аз дарс иштирок намуда, ҷӯйборҳо ва роҳравҳои гирду атрофи донишкадаро тоза намуда, бехи ниҳолҳо ва дарахтонро нарм карда, гулҳои ороишӣ шинониданд.
Лозим ба қайд аст, ки тибқи супориши ректори донишкада доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ М.З. дар донишкада ҳар рӯзи шанбе шанбегиҳо доир мегардад, ки амри мазкур дар тозаю озода ва сабзу хуррам гардидани гӯшае аз пойтахти азизамон нақши арзанда мегузорад.
Дилшод УМАРОВ
Алиакбар ВОҲИДОВ