Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо иштироки сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва собиқадорон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Ҳотамиён Абдурашид Ҳотам ба хотири қадрдонии устодону донишҷӯён барои ҳамкориҳои судманд ба муносибати таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Ҳотамиён Абдурашид Ҳотам суханронӣ намуда, саҳми устодону донишҷӯёни муассисаро дар баргузории чорабиниҳои сатҳи давлатӣ ба муносибати таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас арзёбӣ намуд. Сипас, аз ҷониби мавсуф ба ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ва сармутахассиси пешбари корҳои тарбиявии донишкада Умаров Дилшод дар асоси фармоиши вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генрал-полковник Шералӣ Мирзо барои ҳамкориҳои доимӣ ва судманд медали ҷашнии “30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” тақдим шуд. Инчунин, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Изатзода Зулайхо, омӯзгорон Қодиров Насимҷон, Тоирзода Наврӯз, Расулов Асроридин ва Исмоилов Эраҷ бо Ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, ба 71 нафар донишҷӯи донишкада барои иштироки фаъол дар чорабиниҳо ва нишон додани масъулияти баланди ватанпарастӣ Сипосномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд, ки боиси сарфарозии устодону донишҷӯёни донишкада мебошад.
ҚУДРАТОВ Сино
АЛИАКБАР Воҳидов