Имрӯз бо ҳамин унвон дар Муассисаи давлатии таълимии  “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” конфронси илмӣ-назариявӣ бо иштироки доктори илмҳои геологӣ-минерологӣ, профессори кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултаи геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саидов Мирзо Суҳбатуллоевич ва ҳайати профессорону устодони донишкада баргузор гардид.                        Ба кори конфронс ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат роҷеъ ба масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо суханронии пурмуҳтавое намуд. Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки яке аз равандҳои муҳим ва меҳваронаи иқдомоти байналмилалии Пешвои миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ ин густарда ва ҳамоҳанг сохтани сиёсати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар самти ҳалли масъалаҳои истифода ва ҳифзи манбаъҳои об барои мавҷудияти бардавоми насли инсоният ташкил медиҳад. Дар баробари ин, ба яке аз омилҳои муҳимми ҳамкорӣ ва кафили сулҳ табдил ёфтани обро ба ҳам омадани намояндагони кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар форумҳои сатҳи байналмилалии об собит менамояд.

       Аз ҷумла, ташаббуси нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза аз ҷониби 148 кишвари ҷаҳон дастгирии пурра ёфта, ин кишварҳоро дар ҳалли як масъалаи пураҳамият гирди ҳам овард. Дар ин радиф эълон гардидани – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015, – соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои  2018-2028 ташаббусҳое мебошанд, ки дар фаҳмиши дурусти масъалаҳо ва мушкилоти марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳалли онҳо барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини устувори ҳифзи муҳити зист, ба даст овардани сулҳу субот ва дар маҷмӯъ барои рушди устувор саҳми арзанда гузоштаанд.

    Инчунин, 4-уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

     Зикр гардид, ки воқеан, ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо муҳим ва саривақтӣ маҳсуб мегарданд ва мо бояд дар амалӣ намудани ин иқдомҳои наҷиб дар баробари башарият саҳмгузор бошем.

     Сипас, доктори илмҳои геологӣ-минерологӣ, профессори кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултаи геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саидов Мирзо Суҳбатуллоевич дар мавзуи “Омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон” суханронӣ намуда, дар бораи ҳолати воқеӣ ва моҳияту фоидаи пиряхҳо ба кишвар ва минтақа маълумоти муфассал дод.

   Дар конфронс инчунин, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи ҷомеашиносӣ Арабов Фирдавс, муовини ректор оид ба корҳои эҷодӣ Хайруллозода Баҳрулло, мудири кафедраи педагогика ва низоми иттилоотӣ дар фарҳанг Фозилов Комрон ва ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ Иззатуллозода Рамазон маърузаҳои омоданамудаи худро ироа намуда, мулоҳизаҳои муфидро дар доираи мавзуи конфронс баён намуданд.

   Дар анҷоми конфронс байни маърузачиён ва иштирокдорон табодули афкори судманд сурат гирифт.

ҚУДРАТОВ Сино

АЛИАКБАР Воҳидов