Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо фармоиши ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин комиссияи озмунӣ таъсис дода шуд. Дар кори озмун 38 нафар аз ҳисоби омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён аз факултаҳои китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ, фарҳангшиносӣ, санъати театрӣ ва режиссура, журналистикаи телевизион ва радио ширкат варзиданд.Дар ҷамъбасти даври донишкадавӣ омӯзгори калони кафедраи филологоя ва забонҳои хориҷӣ Сайро Ғафурова, коргузори кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ Фарзона Наимова, донишҷӯи курси 4-уми таҳсилоти фосилавӣ Мавҷуда Шарифова, донишҷуёни факултаи журналистикаи телевизион ва радио Шамшер Ҳомидов, Мавлуда Шарипова, Беҳрӯз Сайфуллоев, донишҷӯёни факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Зуҳро Дилшодова, Шукрона Самадзода ва Ҳалима Содирзода дар номинатсияҳои адабиёти классикӣ, адабиёти ҷаҳон, адабиёти муосир ва эҷоди назм ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.
Ғолибони даври донишкадавӣ аз ҷониби раёсати донишкада қадрдонӣ карда мешаванд.
Б. Сайфуллозода