Имрӯз бо ибтикори раёсати МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”  баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи дастгирии ҷавонон, хусусан онҳое ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмати ҳарбӣ менамоянд, сарбозони яке аз қисмҳои низомии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарбозони қисми ҳарбии 5354-и полки милисаи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишкада даъват шуданд, ки баҳри болидахотирии онҳо  дар Театри таълимии муассиса барномаи ҷолиби солинавӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар ҳақиқат ҳам ҷавонон ворисони арзандаи халқу Ватан ва созандагони фардои ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Тавре маълум аст, тақдир ва инкишофи ҳар як давлат, аз ҷумла Тоҷикистон аз мавқеи фаъоли ҷавонон вобастагии калон дорад, зеро дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати як неруи пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд. Мақоми иҷтимоӣ ва сиёсии ҷавонон на фақат неруи демократии ҷомеа ва давлатро, балки хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи тараққиёт ва ояндаи кишварро муайян мекунанд.

Бояд зикр намуд, дар консерти солинавӣ дар баробари сурудҳои идона сурудҳои ватандӯстона низ садо доданд. Ин сурудҳо дорои ғизои маънавии баланд буда, дар  тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ваҳдатхоҳӣ, худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ саҳми арзанда гузошта, моҳияти ваҳдату якдилӣ, ватану ватандорӣ ва ифтихору худшиносии миллиро ба ҷавонон ташвиқ менамоянд.

Аз истиқболи гарм, кафкӯбиҳои бардавом ва рақсҳои ҷавонони саодатманд – сарбозони бонангу ор ва ҷонфидои ватан маълум буд, ки устодону донишҷӯёни донишкада маҳорати баланди касбӣ нишон дода,  бо ҳунарнамоиҳои худ  ҳамагонро ба ваҷд оварданд.

Синои АБУАЛӢ