Имрӯз дар ҷаласаи васеи Шурои олимони Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ки дар толори “Арғунун”-и муассиса бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шурои олимон, ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯён баргузор шуд, ҳисоботи ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишкада дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 ироа гардид. Ректори донишкада дар ҳисоботи солонаи худ, аз ҷумла иброз дошт, ки ҳайати профессорону устодон ва кормандони МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дар соли 2022 фаъолияти гуногунҷанбаи худро дар асоси сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 23 — юми декабри соли соли ҷорӣ ва суханрониашон дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз 1 — уми сентябри соли 2022 бармеоянд, сармашқи кори худ намуданд.
Бар пояи иттилои ректори донишкада ҳайати профессорону устодон ва кормандони донишкада дар соли таҳсили 2022 фаъолияти гуногунҷанбаи худро дар асоси сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, онро сармашқи кори худ қарор доданд.
Зикр гардид, ки Шурои олимони донишкада яке аз бахшҳои муҳимми сохтори донишкада ба ҳисоб рафта, дар он масъалаҳои мубрами самти илм, таълим, эҷод, тарбия ва хоҷагидорӣ баррасӣ гардида, ҳаллу фасли худро пайдо менамоянд. Дар соли 2022 дар Шурои олимон 65 масъала баррасӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 22 масъала зиёд мебошад. Ҳамзамон, дар соли 2022 — юм 5 масъалаи нав вобаста ба самти эҷод, илм, тарбия ва таълим мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Вобаста ба ин, дар соли 2023 масъалаҳои Шурои олимон такмил дода шуда, самтҳои нави фаъолияти донишкада ва роҳҳои беҳтар намудани он мавриди омȳзиш қарор дода хоҳад шуд. Дар донишкада дар соли 2022 барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим корҳои назаррасе анҷом дода шудааст. Аз ҷумла, барномаҳои таҳсилотӣ, нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимӣ бо талаботи Стандарти давлатӣ ва барномаҳои таҳсилотӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ омода карда шудаанд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар донишкада кȳмак мерасонад.
Сатҳу сифати таълим дар донишкада нисбат ба солҳои қаблӣ хеле беҳтар гардидаст, ки ин амр заҳмати ҳар яки мову шумо ба маҳсуб мешавад. Агар сатҳу сифати таълим дар соли 2021-ум 25,1 %-ро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли таҳсили 2022 ба 41,4 % расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 — юм 16 % зиёд мебошад.
Ректори донишкада иброз дошт, ки аз 24.02.2022 то 02.03.2022 аз тарафи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақша-чорабинии амалкунандаи онҳо, гурӯҳи корӣ барои санҷиши сатҳи сифати таълим ба донишкада ташриф оварда буданд. Дар давоми як ҳафта гурӯҳи корӣ ҳама самтҳои фаъолияти донишкадаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, раванди ҳозиршавии донишҷӯён, мавҷудияти китобҳои дарсӣ, маводи лексионӣ, барномаҳои таълимӣ, корҳои курсӣ, рисолаҳои хатми донишҷӯён, фаъолияти кафедраҳои донишкада ва ғайра. Ҳамзамон, аз донишҷӯён чанд навъ санҷишу имтиҳон ва корҳои хаттӣ барои муайян намудани сатҳи дониши онҳо гирифта шуд. Дар натиҷаи санҷиши мутахассисони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи сифати таълим 43,6% ва азхудкунии фанҳои таълимӣ 70,9 % муайян карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки тибқи натиҷагирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикитон донишкада аз ҷиҳати донишҷӯёни аълохон дар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи шумораи донишҷӯёни аълохон дар ҷои 6 — ум қарор дошта, аз натиҷаи фаъолияти босамари муассиса дарак медиҳад.
Дар соли 2022 дар донишкада 119 чорабиниҳои консертӣ гузаронида шудааст, ки дар онҳо омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд. Дар донишкада ҳамасола чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор карда мешаванд. Танҳо дар соли 2022 -юм 55 чорабинии сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ дар донишкада баргузор карда шуд, ки бахши фарҳангии он ба донишкада вобаста мебошад.
Дар соли 2022 дастовардҳои донишҷӯёни бахши мусиқӣ дар озмуну чорабиниҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ назаррас мебошад. Танҳо дар соли ҷорӣ 99 донишҷӯ дар озмунҳо иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд. Дар давоми соли ҷорӣ 43 нафар донишҷӯи донишкада дар озмуну фестивалҳои байналмилалии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон тариқи ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд ва бо диплому ифтихорномаҳои озмунҳои байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд. Аз натиҷаи иштироки фаъолона ва ғолибияти донишҷӯён дар озмунҳои байналмилалӣ ба унвонии донишкада 54 адад диплому сипосномаҳо ворид гардиданд.
Инчунин, дар озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” дар номинатсияи суруди беҳтарин дар васфи пойтахт донишҷӯи донишкада Сарвиноз Холова ва дар номинатсияи беҳтарин суруди гурӯҳӣ дар васфи пойтахт ансамбли “Бонувон” — и донишкада ҳунарнамоӣ карда, сазовори ҷойҳои дуюму сеюм гардиданд.
Интишори китобҳои дарсӣ, монографияҳо, васоити таълимӣ ва дастурҳои методӣ барои донишҷӯён яке аз вазифаҳои муҳимми устодон ба шумор рафта, барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён заминаи хубро фароҳам оварда, барои амиқу ҳаматарафа омӯхтани фанҳои мухталиф кумак мерасонад.
Дар соли 2022 дар донишкада 5 монография, 3 китоби дарсӣ, 8 воситаи таълимӣ, 17 дастури таълимӣ, 158 мақолаи илмӣ, аз ин шумора 48 мақола дар хориҷи кишвар чоп шудааст, ки дар қиёс ба соли гузашта бештар мебошад. Илова бар ин, дар соли ҳисоботӣ 6 китоби илмию омавӣ ба нашр расида, зиёда аз 300 маърузаи илмию оммавӣ дар чорабиниҳои илмию фарҳангии соҳаҳоҳи гуногун ироа гардиданд. Инчунин, дар саҳифаи расмии донишкада ва дигар саҳифаҳои интернетӣ зиёда аз 200 маводи гуногуни инъикоскунандаи масъалаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию фарҳангӣ ва илмии кишвар, ки аз ҷониби устодону кормандони донишкада навишта шудаанд, интишор ёфтааст.
Ҳамчунин, аз ҷониби ҳайати илмии муассиса аллакай дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии хориҷӣ ба мисли Scopus ва Web of Science интишор ёфта истодааст, ки аз солҳои қабли мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ сардори раёсати таълим Арабов Фирдавс дар маҷаллаи дар махзани иттилоотии Scopus сабтшаванда як мақолаи имлӣ чоп намудааст.
Аз ҳисоботи ректори донишкада бармеояд, ки агар ба фаъолияти илмии устодони донишкада таваҷҷуҳ кунем, маълум мешавад, ки дар соли 2022 -юм д.и.ф., профессор Муҳриддин Низомӣ, Аминӣ Алишер, Арабов Фирдавс, Улмасов Фирӯз, Холов Меҳриддин, Амондуллоев Бекмурод, Холов Бозорбой, Изатова Зулайхо, Бойбутаева Адолат ва Зокиров Суҳроб ба натиҷаҳои назарраси илмӣ даст ёфтаанд.
Аз самтҳои муҳимми дигар, ки барои рушду тавсеаи иқтидори илмии муассиса мусоидат менамояд, баргузории конференсияҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмию оммавӣ мебошад. Соли 2022 дар заминаи факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишкадавӣ 28 конференсия, семинар ва маҳфилҳои илмии дараҷаҳои гуногун гузаронида шуд, ки дар онҳо масъалаҳои мухталифи рӯзмарра баррасӣ гардиданд
Аз самтҳои муҳимми дигар, ки барои рушду тавсеаи иқтидори илмии муассиса мусоидат менамояд, баргузории конференсияҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмию оммавӣ мебошад. Соли 2022 дар заминаи факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишкадавӣ 28 конференсия, семинар ва маҳфилҳои илмии дараҷаҳои гуногун гузаронида шуд, ки дар онҳо масъалаҳои мухталифи рӯзмарра муҳокима гардиданд. Боиси қайд аст, ки дар соли 2022 ду нафар омӯзгори донишкада Зокиров Суҳроб ва Бойбутаева Адолат рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд, ки дар қиёс ба соли гузашта як нафар зиёд мебошад.
Ҳадафи асосии донишкада дар самти тарбия ва корҳои иҷтимоӣ ин баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ, инсондӯстӣ, риояи анъана ва расму оинҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ тарбия намудани донишҷӯён ба ҳисоб рафта, дар ин самт дар соли ҷорӣ як қатор чорабиниҳо гузаронда шуданд.
Ректори донишкада дар идомаи ироаи ҳисоботи ҷамъбастӣ иброз дошт, ки дар соли 2022 дар донишкада дар доираи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” 5 адад фортепиано, 1 тахтаи электронии интерактивӣ ва дигар таҷҳизоти муосири барои раванди таълим зарурӣ, ки ба баланд гардидани сатҳу сифати таълим мусоидат мекунанд, бо арзиши ҳудудан 500 ҳазор сомонӣ оварда шуданд. Ҳамчунин, аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон низ як қатор созҳои мусиқии миллӣ, аз ҷумла чанг, қонун, ғиҷак, най ва дойра ба донишкада тақдим карда шуд, ки ин амр, бешубҳа, барои беҳтар шудани сатҳу сифати таълим таъсири худро мерасонад.
Ҳамин тавр, Муҳриддин Низомӣ тамоми фаъолияти гуногунҷанбаи донишкадаро ба риштаи таҳлил кашида, камбудию норасоии мавҷударо ба миён гузошта, баҳри бартараф намудани онҳо супоришҳои мушаххас дод.
Сипас, ҳисоботи ректори донишкада ҳисоботи раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишкада Баҳрулло Хайруллозода оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ кумита якҷо бо Раёсати донишкада масъалаҳои муҳимми ҳифзи иҷтимоӣ, муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ, таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва иқтисодию хоҷагидориро дар маҷлисҳои кумита ва раёсат мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор доданд. Аз ҷумла, рафти татбиқи Дастурамали ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар зерсохторҳо санҷида шуд. Маълум гашт, ки дар факултаву кафедраҳо ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, маҷлисҳо гузаронда, дастурамалро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Масъалаҳои марбута бошанд, тибқи нақша ҳар се моҳ аз тарафи кормандони масъули ҳифзи меҳнат мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Пас аз ироаи ҳисоботи ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишкада дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 ва ҳисоботи раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишкада Баҳрулло Хайруллозода оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи донишкада дар соли 2022 миёни аъзои Шурои олимон ва маърузачиён табодули афкор сурат гирифта, ҳисоботҳои ироашударо қаноатбахш арзёбӣ гардиданд.
Дар ҷаласаи васеи Шурои олимони донишкада вобаста ба масъалаҳои матраҳшуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар қисмати дигари ҷаласа ба онҳое, ки дар озмунҳои гуногун ширкат варзида, ғолиб ё сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, инчунин ба онҳое, ки дар чорабиниҳои сатҳи донишкадавӣ ва берун аз он фаъолона иштирок доштанд, Диплом, Ифтихорнома ва ипоснома дода шуд.
Аз ҷумла, аз 17-ум то 27-уми декабри соли 2022 дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо мақсади баҳодиҳии маҷмуӣ ба фаъолияти илмӣ – таҳқиқотӣ ва муайянсозии рейтинги илмии ҳайати устодон, унвонҷӯёну аспирантон, докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) ва магистрон озмуни донишкадавӣ гузаронида шуд.
Ғолибони озмун — Улмасов Фирӯз, Холов Меҳриддин ва Амондуллоев Бекмурод барои дастовардҳои илмӣ ва фаъолияти пурсамари илмӣ-таҳқиқотӣ дар соли 2022 мутаносибан бо дипломи дараҷаи I, дипломи дараҷаи II ва Дипломи дараҷаи III, инчунин Зокиров Суҳроб, Холов Бозорбой ва Изатзода Зулайхо бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Додоҷон РӮЗИЕВ,
Синои АБУАЛӢ