Бо ибтикори Раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», 17 — уми декабри соли 2022 бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии иқдоми раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахти азизамон — шаҳри Душанбе дар донишкада шанбегӣ баргузор гардид.
Дар шанбегӣ роҳбарияти донишкада, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён фаъолона ширкат варзида, дар саҳн ва гирду атрофи муассиса ва хобгоҳи донишҷӯён гулҳои ороишии ҳамешасабз шинонданд. Кормандони донишкада тасмим гирифтанд, ки ҳар ҳафта чунин иқдоми созандаро роҳандозӣ намуда, дар ободу зебо ва сабзу хуррам гардонидани муассиса ва ба ҳамин васила пойтахти маҳбубамон – шаҳри Душанбе саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Маврид ба зикр аст, ки чунин шанбегиҳои дастаҷамъона дар оянда низ дар радифи иқдомҳои ободкоронаи роҳбарияти донишкада идома ёфта, баҳри боз сарсабзу хуррам гардидани ин боргоҳи фарҳангу ҳунар мусоидат хоҳанд кард.
Зафари ШАРИФ,
декани факултаи
китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ