Рӯзҳои 9-11-уми декабри соли ҷорӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон форуми фарҳангӣ бо унвони “Русия — Тоҷикистон: муколамаи байнифарҳангӣ ва фазои ягонаи башардӯстона” бо иштироки намояндагони вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Россия, Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Россотрудничество», ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии фарҳангӣ, чеҳраҳои шинохтаи соҳаи фарҳангу санъати ҳар ду ҷониб ва дигар шахсони масъул баргузор  гардид. Дар кори форум аз Муассисаи давлатии таълимии  «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ Алишер Аминӣ иштирок намуда, доир ба таърихи муассиса, сохтор, раванди таълим ва робитаҳои он бо муассисаҳои таҳсилоти олии Россия маъруза намуд. Мавсуф, аз ҷумла зикр намуд, ки барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар донишкада заминаи моддию техникии зарурӣ мавҷуд буда, синфхонаҳои таълимӣ бо технологияҳои муосир ва воситаҳои аёнӣ ҷиҳозонида шудаанд. Барои ихтисосҳои эҷодӣ дар донишкада Театри таълимӣ, студияҳои замонавӣ, толори консертии “Арғунун” ва синфхонаҳои барҳавои махсус барои рақс мавҷуданд.

Айни замон донишкада бо 42 донишгоҳу донишкадаи кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаву шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки 29-тои он бо донишгоҳу донишкадаҳои Федератсияи Россия буда, дар доираи ин санадҳо ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва эҷодӣ  самаранок ба роҳ монда шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар давоми соли ҷорӣ 72 нафар донишҷӯёни донишкада дар озмуну фестивалҳои байналмилалӣ тариқи ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд ва бо диплому ифтихорномаҳои озмунҳои байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд. Аз натиҷаи иштироки фаъолона ва ғолибияти донишҷӯён дар озмунҳои байналмилалӣ дар давоми соли ҷорӣ ба унвонии донишкада 98 адад диплому сипосномаҳо ворид гардид, ки аз онҳо 22 адад — Дипломи лаурети дараҷаи 1, 7 адад — Дипломи лаурети дараҷаи 2, 9 адад — Дипломи дараҷаи 3, 26 адад — Диплом барои иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмунҳои байналмилалӣ, 5 адад — Сипоснома барои иштирок ва баромади фаъолонаи донишҷӯён дар онлайн — вохӯрии байналмилалӣ ва 29 адад — Сипосномаҳои фахрӣ ба кормандону устодони донишкада барои ҳамкорӣ дар баргузории озмунҳои байналмилалӣ ва тайёр намудани ғолибони озмунҳо мебошад.

Муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ баргузории форуми фарҳангиро барои рушди ҳамкориҳои фарҳангии ду ҷониб зарур ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, ба ҳамтоёни худ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори сипос намуд.

 

Қудратов СИНО