3-юми декабри соли равон бо ибтикори кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонии МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” дар доираи амалисозии Лоиҳаи таҳқиқотии “Масъалаҳои тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳавии журналистикаи телевизион (солҳои 2022-2026)” дар мавзуи “Роҳҳои тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳавии журналистикаи телевизион дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар баргузор гардид.
Муовини ректори донишкада оид ба илм ва рушди инноватсионӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Алишер Аминӣ иштирокчиёни мизи мудавварро ба донишкада хайрамақдам гуфта, мавзуи матраҳшавандаро муҳим арзёбӣ намуд.


Сипас, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонии донишкада Зулфиддин Муъминҷонов дар мавзуи “Роҳҳои тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳавии журналистикаи телевизион: зарурат ва дурнамои он” баромад намуда, иброз дошт, ки дар байни воситаҳои ахбори омма аз ҷиҳати дастрас будан ва таъсиррасонӣ телевизион мавқеи муҳим дорад. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди шабакаҳои телевизионӣ дар кишвар сол ба сол зиёд гардида, айни ҳол 50 шабакаи телевизиони фаъолияти густурда мебаранд. Аз ин миён 15 телевизони давлатӣ ва 35 телевизиони ғайридавлатии маҳаллии хусусиву ҷамъиятӣ мебошанд. Инчунин, даҳҳо телевизиони ноқилӣ баҳри бо сифати баланд пахш намудани барномаҳои шабакаҳои телевизионии ватаниву хориҷӣ фаъолият намуда истодаанд. Зикр гардид, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ 9 шабакаи телевизионии соҳавии ҷумҳуриявӣ: “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Баҳористон”, “Варзиш”, “Синамо”, “Футбол”, “Шаҳнавоз”, “Илм ва табиат” ва “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таъсис ёфта, бо формати HD барномаҳои соҳавӣ таҳия ва пешниҳоди бинандагон мегардонанд. Имрӯз тариқи моҳвора бинандагон имкон доранд, ки барномаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро бо забони тоҷикӣ дар тамоми гушаву канори ҷаҳон тамошо кунанд.

Зулфиддин Муъминљонов перомуни сифати барномаҳои телевизионӣ, таъмини шабакаҳои телевизионӣ бо мутахассисони баландихтисос ибрози андеша намуда, зимнан таъкид кард, ки имрӯз кадрҳои журналистӣ бояд вобаста ба соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа тарбия карда шаванд. Зеро журналисте, ки соҳаи ба ӯ вобасташударо дуруст намедонад, чӣ хел бо мутахассиси ҳамон соҳа суҳбат намуда, барнома таҳия мекунад? Ин ҳолат ба таҳияи ғайрикасбии барномаҳо оварда мерасонад.

Чунин вазъият имрӯз дар шабакаҳои алоҳидаи телевизионии соҳавии кишвар ба мушоҳида мерасад. Якрангӣ, дар шакли қолабӣ таҳия намудани барнома, сатҳӣ ва умумигӯйӣ боиси он шудааст, ки имрӯз баъзе шабакаҳои телевизионии соҳавӣ тамошобини худро аз даст додаанд. Ба назари мо, вақти он расидааст, ки кадрҳои журналистии телевизион вобаста ба соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа ба курсҳои такмили ихтисос ҷалб гарданд. Гузашта аз ин, донишҷӯёни шуъбаву факултетҳои журналистии донишгоҳу донишкадаҳо ҳатман, вобаста ба яке аз соҳаҳо, тарбия карда шаванд.

Вобаста ба ҳалли ин проблемаи муҳим дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо ташаббуси устодони кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ аз оғози соли 2022 бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо маблағгузори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи таҳқиқотӣ зери унвони “Масъалаҳои тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳавии журналистикаи телевизион (солҳои 2022-2026)” амалӣ шуда истодааст.

Ба гуфтаи профессор Зулфиддин Муъминҷонов, мавзуи илмии лоиҳа аз ҷиҳати илмию амалӣ дар замони ҷаҳонишавӣ хеле муҳим буда, ба талаботи имрӯзаи ҷомеа ва самтҳои афзалиятноки илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ҷавобгӯ аст ва ниёз ба пажиҳӯш дорад. Таҳқиқи он дар асоси дастовардҳои илмию амалии таҳқиқоти олимони соҳаи воситаҳои электронии ахбори омма (ВЭАО) бахусус телевизион, ҳамчунин муҳаққиқону устодони кафедраҳои журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ ва технологияи ВАО-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҷараён мегирад.


Дар ин маврид, аз як тараф, дар омӯзиши ҷанбаҳои назариявӣ, таърихӣ ва амалии масъала заминаҳои пурғановати илмию таҳқиқотиро фароҳам меорад, аз ҷониби дигар, дар маърифат, коркард ва корбурди равандҳои инноватсионӣ, таҳия ва нашри китоб ва дастурҳои таълимӣ, маводи таълимӣ-методӣ, дастурамалҳо, низомномаҳо, қоидаҳо ва меъёрҳои соҳавӣ мутобиқ ба талаботи замон ва истифода аз дастовардҳои инноватсионии ҷаҳонӣ баҳри тадбиқи онҳо дар фаъолияти муассисаҳои ВЭАО тавассути таълими журналистони соҳавӣ ба роҳ монда мешавад.

Мақсади пешниҳоди лоиҳаи мазкур омоданамоии журналистони соҳавии ҷавобгӯй ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва ба ин васила таъсири самаранок расонидан ба рушди раванди тарбияи журналистони соҳавӣ, хосса идораи раванди иттилоотии кишвар мебошад.

Пеш аз ҳама, муассисаҳои таълимӣ бо технологияҳои нав ва омӯзиши ҳамаҷонибаи равандҳои иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ дар назар аст. Ҳамзамон бо истифода аз дастовардҳои технологии ҷаҳонӣ гузоштани таҳкурсии рушди навгониҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба талаботи имрӯзаи ҷомеа, муҳайё намудани заминаю муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии журналистон, ки дар натиҷаи таҳқиқотҳои илмӣ ҳосил мегардад, дар муассисаҳои ВЭАО-и миқёси ҷумҳурӣ амалӣ менамояд. Натиҷаи ин лоиҳаи таҳқиқотӣ бо таҳияи “Барномаи давлатии рушди касбияти журналистони соҳавӣ барои солҳои 2026-2036” ба анҷом хоҳад расид.

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Раъно Бобоҷонова дар мавзуи “Махсусияти аудиторияи телевизионҳои Тоҷикистон” (дар мисоли телевизионҳои маҳаллӣ), доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи матбуот ва PR-и ДСРТ дар мавзуи “Размышления о «гражданской» и профессиональной журналистике”, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Олимҷон Салимзода дар мавзуи “Барномасозӣ ва вижагиҳои шаклгири он”, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Бахтиёр Ҳамдамов дар мавзуи “Журналистикаи шаҳрвандӣ ва таъсири он ба ташаккулёбии ҷомеаи нав”, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонии МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” Зулфия Мирзода дар мавзуи “Нақши матн дар рангорангии барномаҳои телевизиони соҳавӣ”, директори “Телевизиони Синамо” Набиҷон Набизода дар мавзуи “Телевизиони “Синамо” ҳамчун шабакаи соҳавӣ”, директори Радиои Тоҷикистон Обидҷон Саидзода дар мавзуи “Журналистикаи соҳавӣ дар радио”, муаллими калони кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонии МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” Адиба Абдуллоева дар мавзуи “Махсусиятҳои барномаҳои мустақими телевизионӣ” ва доктор аз рӯйи ихтисоси (PhD)-и кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонии МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” Нишона Муллоева дар мавзуи “Нақши репортажи телевизионӣ дар инъикоси рӯйдодҳои фарҳангӣ” маърӯзаи илмӣ намуданд.

Вобаста ба маърузаҳои қироатшуда мубодилаи афкори судманд доир гардид. Дар охир модернатори мизи мудаввар Зулфиддин Муъминҷонов чорабиниро ҷамъбаст намуда, чунин гуфт: Телевизиони тоҷик дар давоми мавҷудияти хеш дар рушду пешрафт ва ба истиқлолияти давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи фарҳангии мардуми тоҷик, ба даст овардани сулҳу ваҳдат ва пойдории он хизмати арзанда ва бебаҳое кардааст. Имрӯз дар пурра гардонидани фазои иттилоотии кишвар, ҳифзи амнияти иттилоотӣ ҳамчун яке василаҳои муқтадири таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа мақоми хоса дошта, дар огоҳонидан ва пешгирии хатарҳои ҷаҳони муосир нақши муассир ва созанда дорад. Вобаста ба ин тайёр намудани журналистони соҳавӣ қадами ҷиддие хоҳад шуд, дар ин раванд.

Муҳаммаднабӣ МУСОЕВ,
омӯзгори кафедраи технологияи ВАО-и донишкада