Имрӯз таҳти ҳамин унвон дар толори “Арғунун”- и МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо ибтикори маҳфили доимоамалкунандаи “Ҳуқуқшиносони ҷавон”-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар он сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Амир, намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротов Исроил, сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодону донишҷӯён ва ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” ширкат варзиданд.       Ҳамоишро муовини ректори донишкада оид ба корҳои эҷодӣ Хайруллозода Баҳрулло бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокдорони ҳамоишро ба донишкада  хайрамақдам гуфт.

    Сипас, Иброҳимзода Амир сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи ҳамоиш суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр  намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо талошҳои пайгирона ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбия, касбу илмомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва амсоли инҳо тадбирҳои муассир андешида шуданд. Сиёсати созанда ва дурандешонаи Сарвари давлат ҷиҳати такомули ҳамешагии сармояи инсонӣ дар роҳи ҷавон гардонидани иқтидори кадрӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи тахассусии ҷавонон падидаи бесобиқа аст.

    Зикр гардид, ки бо назардошти саҳми созандаи ҷавонон дар мамлакат моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, 23 — юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд. Ҳамзамон, бо иқдоми Сарвари давлат соли 2017  “Соли ҷавонон” эълон гардид, ки ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас бозид.

   Ҳамзамон, моҳи феврали соли 1998 стипендияи Президенти Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ ва моҳи марти соли 1998 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд, таъсис дода шуданд. Инчунин, барои дар сатҳи байналмилалӣ омода намудани мутахассисони ҷавон стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» таъсис дода шуд. Инчунин, бо ташаббуси Пешвои миллат баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон барои насли ҷавони кишвар падидаи хубе мебошад, ки барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ бахшид.

   Намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротов Исроил низ доир ба мавзуи ҳамоиш андешаҳояшро баён намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудани роҳбарияти олии кишвар ба масоили марбут ба сиёсати ҷавонон ҳар як фарди бонангу номуси миллатро водор месозад, ки дар роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон, рушди фарҳанги миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, арзишу муқад­да­соти миллӣ ва пойдории сулҳу субот тамоми имкониятҳои ақлию зеҳнии худро равона созад.

    Дар анҷоми ҳамоиш байни маърузачиён ва ҳозирин перомуни иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангии кишвар, ҷойгоҳи онҳо дар рушду такомули соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат табодули афкор ба амал омада, баргузории чунин ҳамоишҳоро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ  намуданд.

Синои АБУЛӢ