Таҳти ҳамин унвон имрӯз дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани табрикӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки бисту ҳашт сол муқаддам — 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳифаи наве оғоз ёфт, ки он дар ҳаёти минбаъдаи мардуми тоҷик ва рушди давлатдории навини миллиамон нақши сарнавиштсоз дорад. Дар ин рӯз сокинони кишвар, бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламонро қабул карда, бо чунин иқдоми таърихӣ орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дуюмин санади олии ҳуқуқие мебошад, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст. Ҳамзамон, ин санади олии ҳуқуқӣ, аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифта, яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро “ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат” номида, онро, ҳамчунин “маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар” маънидод кардаанд. Сарвари давлат дар он авзои бисёр вазнину ҳассос дар сатҳи баланди сиёсию ҳуқуқӣ таҳия намудани Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва аз ҷониби мардум пазируфта шудани онро “дастоварди бузурги миллӣ” номида, ба халқи Тоҷикистон ва ҳамаи аъзои гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Конститутсия, ки бо вуҷуди вазъияти мураккабу ноороми кишвар ва фишору зӯроварии гурӯҳҳои манфиатҷӯ, дар ин раванди таърихӣ иштирок доштанд, изҳори сипос карданд.
Хотирнишон гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овард. Он заминаҳои асосии сохтори давлатӣ ва низоми сиёсиро тағйир дода, низоми идоракунии авторитариро ба рақобати озоди сиёсӣ ва муколама иваз намуд ва имкон дод, то Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавад ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардад.
Таъкид ба амал омад, ки бо рушду такомули ҷомеа Конститутсия, меъёрҳои он ва дигар санадҳои қонунгузорӣ ба такмил эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Ин, хусусан, ба Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлат ва ҷомеае рабт мегирад, ки дар марҳилаи гузариш аз як сохт ба сохти дигар ва рушду такомул қарор дорад. Чунин зарурати такмили Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузорӣ дар Тоҷикистон низ ба миён омад ва ба Қонуни асосии кишвар бо мақсади рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, тавсеаи минбаъдаи равандҳои демократисозии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо се маротиба — 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъинкунандаи сарнавишти ҳар халқу миллат мебошад. Ин санади олии ҳуқуқӣ бояд мавриди омӯзиши дақиқи тамоми гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла мову Шумо — устодону донишҷӯён қарор гирад ва мо насли ҷавонро дар рӯҳияи эҳтиром ба он тарбия намуда, волоияти қонунро таъмин созем.
Ба гуфтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «танҳо ҳамон миллате дар байни оламиён соҳиби обрӯ мегардад, ки Конститутсия ва қонунҳои худро эҳтиром ва риоя мекунад, танҳо ҳамон давлате нуфуз пайдо менамояд, ки шаҳрвандонаш сарфи назар аз мансубияти нажодӣ, миллӣ ва диниашон эҳтиром ва волоияти қонунро ба ҷо меоранд ва дар айни замон ба арзишҳои беҳтарини башарият арҷ мегузоранд».
Дар доираи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада барномаи ҳунарӣ, ки бо намоиши филми мустанади “Конститутсия – шиносномаи давлат” оѓоз ёфт, баргузор гардид. Устодону донишҷӯён шеъру оҳанг ва рақсҳои ҷолиби “Навои дил”, “Садои дил”, “Ҷаннате дар рӯи дунё”, “Завқам омад”, “Зебанда” ва “Шаҳри Душанбе”- ро манзури аҳли нишаст гардонданд.
Додоҷон РӮЗИЕВ,
Дилшод УМАРОВ