Имрӯз дар синфхонаи 55 дарси кушоди омӯзгори калони кафедраи технологияҳои иҷтимоӣ- фарҳангӣ ва туризм Салихов Давлат аз фанни танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси сайёҳат ва меҳмондории факултаи фарҳангшиносӣ доир гардид. Дар дарси кушод донишҷӯёни ихтисосҳои фарҳангшиносӣ, осорхонашиносӣ, низоми иттилоот дар фарҳанг, менеҷменти робитаҳои фарҳангӣ ва омӯзгорони кафедра: н.и.п. Турсунова М., омӯзгорони калон Саидов Қ., Одинаев Қ., Асадуллоев С., Камишева А. ва мудири бахши мониторниги сифати таҳсилоти донишкада Б. Раҳимов ширкат варзиданд.
Мавзӯи дарси кушод «Конститутсия ҳамчун қонуни асосии миллат ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз» унвон гирифта, ба 28 – умин солгарди қабули Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд. Дар оғоз омӯзгор Салихов Д. дар бораи ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат, аҳамияти он дар ҳаёти воқеии ҷомеа маълумот ироа намуда, нақши Кониститутсияро дар сохтори давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона баланд арзёбӣ намуд. Сипас, дар асоси азхудкунии мавзӯи дарсҳои назариявӣ ва амалӣ аз фанни танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо маърӯзаҳо донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси сайёҳат ва меҳмондорӣ: Пайшанбиева Шукуфа «Тағйиру иловаҳо дар Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Худобахшова Мулоқот «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сайёҳӣ», Мамадназарбекова Наботбегим «Қонуни асосӣ ва ҳуҷҷатсоз», Шермамадова Фахрия «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Шамъафрӯзи Қурбоналӣ «Тарзи сарчашмагирии дигар қонунҳо дар Конститутсия», Ғаффорова Ситора «Сарчашмагирии дигар қонунҳо (Моддаи 10)», Шокирова Наргиза «Конститутсия — бахтномаи миллат», Яқубзода Амирхон «Таърихи пайдоиши Конститутсия», Қурбонов Рамазон «Бобҳои Конститутсия» баромад карданд.
Ҳамчунин дар идомаи дарси кушод аз тарафи донишҷӯён саҳначае манзур гардонида шуд, ки мавзӯи он ба риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо » бахшида шуда буд.
Дар анҷоми дарси кушод омӯзгорон – Турсунова М., Саидов Қ., Одинаев Қ., Б. Раҳимов атрофи ташкил ва баргузории дарси кушод, такмили он ва роҳҳои анъанавӣ гардонидани он дар гурӯҳҳои таълимӣ муҳокимаронӣ намуда, пешниҳодҳо ба амал оварданд. Дарси кушод дар асоси нақшаи дарсҳои кушодаи устодони кафедраи технолгияҳои иҷтимоӣ- фарҳангӣ ва туризм амалӣ гардонда шуд.
Ташкили дарсҳои кушод ва дар доираи он ба роҳ мондани баромади донишҷӯён бо маърӯзаҳои илман асоснокшуда, агар аз як ҷиҳат ба сатҳи сифати таълими омӯзгор нисбат гирад, аз тарафи дигар саъю кӯшиши донишҷӯёнро дар амалӣ намудани корҳои мустақилона муайян менамояд. Раванди баргузор кардани дарсҳои кушод сифати таълимро баланд гардонида, имконияти бештари кушода шудани донишҷӯёнро барои иштирок ва баромад дар олимпиадаҳо, конференсияҳо ва озмунҳои фаннӣ фароҳам меоварад.
Бобоҷон РАҲИМОВ,
мудири бахши мониторинги сифати таҳсилоти
МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»