Дар «Наврӯзгоҳ»-и МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», ки бо шиору овезаҳои  «Шод бошед, ки ҷашни Меҳргон омад!», «Меҳргон иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат аст!», «Меҳргон рӯи сурху дастархони пури шумост!», «Иди Меҳргон муборак бод!» оро дода шуда буд, ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.

Дар ин ҷашни бостонии мардуми ориёинажод намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон — профессорон Урватулло Тоиров, Мисбоҳиддини Нарзиқул, дотсент Ҳамза Собиров ва ассистенти кафедраи таърихи  адабиёти факултаи филологияи ҳамин донишгоҳ Саврия Дурманова иштирок доштанд. Ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада меҳмононро бо садои карнаю сурнай ва нону намак истиқбол гирифтанд.  Садорати факултаҳо дар алоҳидагӣ бо суннатҳои ҷашни  Меҳргон бо истифода аз дастранҷи деҳқонон — анвои меваҷоту  сабзавот, ғалладонагию  полизӣ ва таомҳои миллӣ хони меҳргонӣ оростанд.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббусу ҳидоятҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон арзишҳои таърихию фарҳангии миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик, аз ҷумла ҷашнҳои аҷдоди ориёиамон, назири Садаву Наврӯз, Тиргону Меҳргон, ки моҳияту муҳтавои онҳо беҳтарин ғояҳои инсонӣ мебошанд, дубора эҳё гардиданд. Ҷашни бостонии Меҳргонро, ки имрӯз мову Шумо дар фазои сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ ва дӯстиву бародарӣ ҷашн мегирем, ниёгонамон, пеш аз ҳама, ҳамчун иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқат ва накукорӣ баъд аз ҷамъоварии ҳосил бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамуданд. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз дошта буданд, Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст.  Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд.

Бар пояи иттилои ректори донишкада, роҷеъ ба пайдоиши ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои бостонӣ маълумоти  зиёде мавҷуд аст. Пайдоиши Меҳргон аз замони салтанати сулолаи Каёниён сарчашма гирифтааст. Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» навиштааст: «Меҳрмоҳ рӯзи аввали он Ҳурмуздрӯз аст ва рӯзи шонздаҳум Меҳр аст, ки иди бузурге аст ва ба Меҳргон маъруф аст, ки хазони дувум бошад ва ин ид монанди дигар аъёд (идҳо) барои умуми мардум аст. Ва таъсири он дӯстии ҷон аст. Ва гӯянд, ки Меҳр номи офтоб аст ва чун дар ин рӯз офтоб барои аҳли олам пайдо шуд. Ин аст, ки ин рӯзро Меҳргон гӯянд ва далел бар ин гуфтор он аст, ки аз оини Сосониён дар ин рӯз ин буд, ки тоҷеро, ки сурати офтоб бар ӯ буд, ба сар мегузоштанд ва офтоб бар чархи худ дар он тоҷ савор буд».

Сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо дар ҷашни Меҳргон кӯчаю хиёбонҳо ва хонаҳоро тозаю озода намуда, кинаю кудуратро аз дил дур месохтанд ва сӯи якдигар бағали меҳрубонӣ ва ҳамдигарбахшӣ мекушоданд. Онҳо дар ин рӯз ҷомаву пероҳани арғувонӣ мепӯшиданд ва ба ҳамдигар табрикномаҳо ҳадя мекарданду онҳоро атрогину хушбӯй месохтанд ва дар лифофаҳои зебо мегузоштанд. Суфраи ҷашни Меҳргонро низ бо матое, ки ранги арғувон дорад, густурда мекарданд. Дар рӯи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва бӯйҳои хуш, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд.

Зикр гардид, ки Нони махсуси Меҳргон аз омехтаи орди ҳафт навъи ғаллаи гуногун таҳия мегардид. Дар ин ҳафт навъи ғалла гандум, ҷав, биринҷ, нахӯд, лӯбиё, мош ва арзан дохил мешуд. Инчунин, рӯйи хон меваҳои тару тоза, шохҳои гулу шакару беду зайтун, анору муруд ва коҷ мегузоштанд. Ҳар маводу хӯрокии болои он рамзи хосси худро дошт. Болои хони ҷашнӣ ҳамагуна меваҷоту шириниҳо ва нӯшобаҳо мегузоштанду маҳбубтарину лазизтарин таоми болои хон мурғи Меҳргон ба ҳисоб мерафт, ки андаруни он ҳар гуна ғизоҳоро ҷой мекарданд. Таомуле аҷиб буд, ки то анҷоми ҷашн  ба ҷуз  бачагон  дигар касе  ҳақ  надошт, ки меваҷоту  мурғи  Меҳргонро  тановул  намояд, зеро  ба қавли ниёгон  танҳо бачагон чун  фариштаҳои осмонӣ аз гуноҳ  ориянду бас. Пас аз он ки неъматҳои  дастархони  марди  деҳқонро тановул  менамуданд, дастархонро ҷамъ карда, дар ҷашнгоҳ оташ меафрӯхтанд ва ромишгарон созҳои худро ҷӯр мекарданд ва мардум гурӯҳ — гурӯҳ арғушт мерафтанд.

Дар оғози аҳди ислом таҷлил намудани ҷашнҳои миллии аҷдодӣ каме беранг шуда бошад ҳам аммо дар аҳди Сомониёну Ғазнавиён ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон шукӯҳу шаҳомати бештар пайдо намуданд. Устодони бузурги адабиёти классикии тоҷику форс, мисли Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Манучеҳри Домғонӣ, Масъуди Саъди Салмон, Анварӣ ва дигарон аз Меҳргон бо эҳтиром ва ифтихор ситоиш кардаанд. Устод Рӯдакӣ ба муносибати фарорасии ҷашни Меҳргон яке аз маликони Сомониёнро табрик намуда, таъкид кардааст, ки Меҳргон ҷашни шоҳону хусравон мебошад:

 

Малико! Ҷашни Меҳргон омад,
Ҷ
ашни шоҳону хусравон омад.
Хаз ба ҷои мулҳаму хиргоҳ,
Бадали боғу бӯстон омад.
Мӯрд ба ҷои савсан омад боз,
Май ба ҷои арғувон омад.
Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,
Май ба бахти ту ҷ
авон омад.

 

-Аз нигоришу тавсифҳои аҳли илму адаб ва ривоятҳои бостонӣ бармеояд, ки Меҳргон ҷашнест табиӣ ва айёмест, ки ба табиат, ба салтанат ва рӯзгори мардум иртиботи ногусастанӣ дорад. Ҳамин тавр, мо имрӯз Меҳргони Аҷамро ҳамчун айёми фархундаи солу анҷоми корҳои деҳқонӣ ҷашн гирифта, таманно менамоем, ки он ба хонадони ҳар яки мову шумо саодату фараҳмандӣ, оромиву осудагӣ ва баракату фаровонӣ биёрад,- иброз дошт ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ.

Прологи “Зуҳури Меҳргон” дар таҳияи ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Рустам Воҳидов ва Ашурмад Ғуломов дар иҷрои донишҷӯёни шуъбаи режиссураи театронидашуда ва идҳо ҷолибу диданӣ буд. Шеъру оҳанг ва рақсҳои дилнавози “Ҷашни Меҳргон”,  “Васфи Тоҷикистон”, “Ба назар омад”, “Ганҷина”, “Дидани ту”, “Навозиши най”, “Барги хазон”, “Файзи Меҳргон” ва “Рухи гулнор”, ки устодону донишҷӯён ва гулдухтарони ансамблҳои “Бонувон” ва “Бунафша” пешкаш намуданд, хотири иштирокдорони ҷашнвораро болида гардонданд.

 

Додоҷон РӮЗИЕВ,

Дилшод УМАРОВ