27-уми октябри соли 2022 дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо иштироки муовини сардори шуъбаи минтақавии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Акрамзода Саидислом Саидикром, сардори шуъбачаи минтақавии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, капитани милитсия Диловари Маҳмадлатиф, намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Хоҷамирзода Муслиҳиддин, Чилахонзода Раҷабалӣ ва Аҳлиддин Сайвалиев, муовинони ректори донишкада Фарҳод Махсудзода, Дилором Наимзода, устодону кормандон ва донишҷӯёни донишкада вохӯрӣ баргузор гардид.

   Дар ҳамоиш, ки онро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректори донишкада оид ба таълим, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент  Фарҳод Махсудзода ҳусни оғоз бахшид, як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла масоили вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ, иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, таҳсилоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар, ки яке аз сарчашмаҳои асосии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ матраҳ гардиданд.

   Сардори шуъбачаи минтақавии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, капитани милитсия Диловари Маҳмадлатиф перомуни мавзуи “Хатари паҳншавии терроризм ва экстремизми зӯроварона, ифротгароӣ, шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ” бо овардани мисолҳои мушаххас андешаҳояшро баён намуда, иброз дошт, ки дар шароити ноороми ҷаҳони муосир ҷавонон  бояд зиракию ҳушёриро аз даст надода, дар раванди таъмин намудани суботи ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ саҳми назарраси худро гузоранд. Таъкид гардид, ки дар чунин шароит аҳли ҷомеа бояд тамоми ақлу заковат, дониш ва таҷрибаи ҳаётии худро ба он равона созад, то  ҳодисаҳои шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пешгирӣ намуда, онҳоро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ талқин намояд.

   Акрамзода Саидислом Саидикром дар баромади худ оид ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористие, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнуъ аст, маълумот ироа намуда, зикр сохт, ки мо бояд донишҳои замонавиро фаро гирифта, барои баланд бардоштани донишу малакаи касбиамон кӯшиш ба харҷ дода, муборизаро бар зидди терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ тақвият бахшем.

   Ҳамзамон, Хоҷамирзода Муслиҳиддин дар бораи таърихи пайдоиши терроризм ва экстремизм, Чилахонзода Раҷабалӣ дар мавзуи тадриси ғайрирасмии динӣ ва Аҳлиддин Сайвалиев перомуни пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ андешаҳояшонро баён намуданд.

Дар охир байни иштирокдорони вохӯрӣ дар атрофи мавзуҳои матраҳшуда табодули афкори судманд сурат гирифт.

Дилшод УМАРОВ