Ҳар як инсон ба худ Ватан дорад ва вататанашро мисли ҷону имонаш дӯст медорад. Ватан-Модар ин ду мафҳум бо ҳам хеле наздик ҳастанд, чунки яке ба дунё меорад, дигаре дар оғӯши гармаш парвариш мекунад. Ҳар касе модарашро дӯст медорад ҳама вақт ҳама лаҳза ба қадри ватани хеш мерасаду онро чун гавҳараки чашм нигоҳ медорад.
Агар ба таърих назар афканем , 31-сол пеш ватани азизи мо дар як ҳолати ногуворе қарор дошт. Ҷанги шаҳрвандии он солҳо ватани моро ба харобазор мубаддал карда буд. Тоҷик сарсону парешон ва бехонумон гашта буд. Дар тамоми дунё точикони бо ном “гуреза” паҳн гашта буданд. Тоҷики бехонумон, беватан гашта буд. Даҳшат.Он вақтҳо фикр мекардӣ, ки ҳамаш тамом. Ин даҳшате буд, ки то имрӯз аз ёди мардум намеравад. Гумон мекардем, ин давлат дигарбора барқарор намешавад.
Хушбахтона, ҷавони чиҳилсолоа бо номи Эмомалӣ Раҳмон , ба синну соли ҷавониаш нигоҳ накарда, ҳамаи ин вазниниҳоро ба душ мегирад. Тоҷикони гурезаро ба Ватан баргардонд, диёри тоҷиконро аз сари нав ободу зебо гардонид. Нагузошт, ки Ватани мо Тоҷикистон беному бенишон шавад. Ин шахси ватандӯсту ватанпавар Пешвои муаззами мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон-Эмомалӣ Раҳмон амнияти давлатро таъмин карда, намегузорад, ки бори дигар ин ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ сар занад.Кӯшиш мекунад, ки халқи тоҷик осоиштаву, дар фазои озод зиндагӣ кунанд.
Агар ба ёд биёрем, тоҷику Тоҷикистонро касе намедонисту намешинохт. Маҳз бо таллошу заҳматҳои бевоситаи ин шахси ватандӯст, муносибати давлати мо бо дигар давлатҳои ҳамсоя хеле хуб ба роҳ монда шудааст.
Вале афсӯс. ки баъзе душманони миллати мо ин оромиии тоҷиконро халалдор намуда истода, сарҳади Тоҷикистноро хубур кардаанд. Давлати ҳамсоя- Қирғисистон бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст.Тули солҳо ин ду давлат бо ҳам дӯсту бародар буданд. Рӯзи 14- уми сентябр ногаҳон ин давлати ҳамсоя ба ҷамоати Ворух, ки дар шаҳри Исфара ҷойгир аст, ҳамла мекунад. Ва аз ин ҳамалаи мусаллаҳона тоҷикон талафоти ҷонӣ мебинанд. Бисёриҳо аз тири душман кушта ва захмдор шуданд.
Тоҷики мо Ватани хешро мисли модар дӯст медорад, намегузорад, ки ин ҷанг дуру дароз идома ёбад. Роҳбари давлати мо кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки оташи ин ҷангро хомӯш созад. Чунки ба даст овардани Истиқлолияту оромии кишвар барояш хеле мушкил буд. Ӯ намехоҳад, ашки модари тоҷикро бинад., намехоҳад, ки боз Точикистон ба ҳамон харобазори солҳои 1991-1997 табдил ёбад…
Ватан-дӯстат медорам, аз ҳама зебогиҳои ту ҳаловт мебарам. То аз Ватан дур нашавем ба қадри ватан намерасем. То ҷанг нашавад ба қадри сулҳу осоиштагӣ намерасем.Ҳар яки мо бояд, Ватанро дӯст дорему ба қадраш расем. Мо чунон Ватани хешро дӯст дорем нагузорем, ки душман ба ватани мо ҳамла орад. Агар мо тоҷикони тамоми Тоҷикистон ва берун аз он тифоқ бошем, душман ба мо ягон осеб расонида наметавонад.
Омӯгори факултети Журналистикаи телевизион ва радио:
Умарова Муқаддас