Дар  замонҳои  гуногуни    таърихӣ   масъалаҳои  сиёсати ҳар як давлати дунё барои   инкишоф, пешрафт   ва таҳкими давлатдорӣ,  нуфуз   ва эътибори баланд   пайдо кардан   байни дигар кишварҳо бешак   ба фаҳми саводнокӣ, маданият, бунёдкориву созандагии ҳар  як  шаҳрванд такя намуда, ҷаҳонишавии тамаддун  ва ояндаи хуби худро аз онҳо интизор мешавад. Тоҷикистон низ аз он давлатҳост,ки мақоми иҷтимоӣ ва сиёсии ҳар  як  фардро  дар баробари нерӯи  демократии  ҷомеаи  ҷаҳонӣ    қарор   дода, хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи  тараққиёт  ва оядаи худро аз онҳо интизор аст.

          Ҳар як  ҷузъи  сархати  дар  боло  ишора  шуда, бевосита  пайвандӣ  дорад  ба истиқлолияти  давлатию  фарҳанги  миллӣ.Чун  истиқлолияту  озодӣ  аст боиси  тараққиёт, ки  бо гиромӣ  доштани  фарҳангу  тамаддун  побарҷо  мемонад.

            Дар  Тоҷикистони  мо  низ  баъди  Истиқлолияти  давлатӣ   ба   даст  омадан  ва  минбаъд  ба   тамаддуни   аҳли   башар  пайваст   гаштани   он, дар   тамоми   самтҳои  мухталифи  ҷомеа  дигаргуниҳоро   ба   миён  овард. Хоса дар  соҳаи  фарҳанг  нақши  истиқлолияти давлатӣ басо  намоён  аст.

           Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, пешвои  миллат, президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  чандин  суханрониҳояшон  таъкид  ба  амал  овардаанд, ки «Фарҳанг  ҷавҳари  ҳастии  миллат  буда, дар ташаккулу  такомули  ҷаҳони  маънавии  ҷомеа  ва  тақвияту  андешаву  рӯҳияи  миллӣ  нақши  муассир  ва  ҳатто  ҳалкунанда  мебозад».

          Ин  аст, ки тамоми  мардуми тоҷик арзиши  ин  ду  маъниро  дар  сақфи  баландтарини  дилу  дидаи  худ  нигаҳ дошта, барои  ҳастии  онро  қадр    мекунанд  ва  гиромӣ медоранд.

          Фарҳанги миллати мо  дар  замони  Истиқлолият  батадриҷ  пешрафта  маҳсуб  меёбад.Сар  карда  аз  вазорати  фарҳанги  Ҷумҳуриии  Тоҷикистон  то  Бунёди  муассисаю  боғҳои  фарҳангӣ  ва  бешубҳа  сохтору зерсохторҳои  марбут  ба  он пайваста  пайи  тарғибу  ташвиқ  ва  беш  аз  ин  дар  талоши рушду  муаррифии  ин  ҷавҳари  бебаҳо  камар  бастаанд, ки  самти  фаъолияташон  ба ҳамин  ҷониб  равона  карда  шудааст.

         Фарҳанг имрӯз  ҳамчун  падидаи  пешрафт  ва  василаи  муҳими  шиносонидани миллати  худ  дар  арсаи  байналмиллал маҳсуб  меёбад, ки  дар  заминаи  он  ташкили  симои  маънавӣ, сайқал  додани  маҳорату  истеъдод  ва  эҷодкории  ҳар  як  узви  ҷомеа,  баланд  бардоштани  завқи  зебопарастии  халқ  қарор  мегирад.

        Бешубҳа гуфта метавонем, ки ин тараққиёт ва таҳаввулоти назаррас дар соҳаи фарҳанг пурра ба даврони Истиқлолияти кишвар ва сарварии Пешвои миллат марбут мебошанд, ки зикру баррасӣ , қадр намудан  ва ба ин васила ташвиқу тарғиби он аз рисолату масъулияти олимону муҳаққикон ва фарҳангпарварони Ватан ба шумор  мерваанд.

Саидзода Шодона

Кафедраи технологияи ВАО