Бо мақсади иҷрои нақшаи баргузории  машваратҳои илмӣ, техникӣ,  конфренсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар толори  Шӯрои олимони   МДТ  “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” бо ибтикори  факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ конфренсияи  байналмилалии илмӣ- назариявӣ  дар мавзуи  “Фаъолияти  ктобдорӣ дар асри XXI: муҳтаво,  созмондиҳӣ ва  рақамигардонӣ” дар доираи  мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии  “Таҳқиқи  салоҳияти  инноватсионии китобдорон  дар раванди  хизматрасонии  китобдорӣ – иттилоотӣ” баргузор гардид.

    Дар кори конфренсия  намояндагон аз  КМТ, китобхонаи  марказии  н. Ховалинг, китобхонаи  вилоятии  ба номи Ш. Шоҳин, китобхонаи ҷумҳуриявии илмию тиббӣ, китобхонаи  давлатии Россия, китобхонаи илмии ДДДТ ба номи С.Айнӣ, китобхонаи марказии  н. Ганҷ, китобхонаи  марказии  н. Данғара, китобхонаи илмии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, китобхонаи  марказонидашудаи  шаҳри Бохтар  ба номи  К. Хуҷандӣ,  устодону донишҷуён ва муҳаққиқони факултети  китобдорӣ ва иттилоотшинос ӣширкат ва суханронӣ  намуданд.        Конфренсияро  бо сухани ифтитоҳӣ  ректори МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин  оғоз намуда  иштирокчиёнро  бо муҳтавои  барномаи  конференсияи байналмилалӣ ва масъалаҳои мавриди баррасӣ шинос намуд.

   Гузориши  мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ, профессор Б. С. Сайфуллозода   “Бозтоби фаъолиятҳои инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ-иттилоотӣ дар таҳқиқотҳои илмии олимони тоҷик” унвон дошта, дар бораи истилоҳи инноватсия, истифодаи инноватсия аз чониби олимону муҳақиқиони тоҷик С .Шосаидзода , Ш. Комилзода, Б. Сайфуллозода,                 Г. Маҳмудов, Қ. Бӯризода ва интишороти онҳо ҳарф заданд.

    Дотсент Шосаидзода Сафар  Ҳасан дар гузоришашон  “Марҳилаҳои асосии раванди инноватсионӣ дар китобхона” зикр намуданд, ки  дар замони муосир яке аз манбаҳои муҳими пешрафти соҳаи китобдорӣ инноватсияҳо   ба шумор рафта,  бо шарофати  ҷорӣ намудани  онҳо барои тараққиёти пуравҷи  дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам меояд. Мавсуф қайд карданд, ки  барои таъмини самараноки раванди  инноватсионӣ донистан ва идора карда тавонистани марҳилаҳои асосии он  бисёр муҳим мебошад.   Ҳамзамон,  С. Шосаидзода оид ба таъминоти захиравии раванди инноватсионӣ маълумот доданд .

    Маърӯзаи муовини директори КМТ  Г. Маҳмудов “Низоми  худкори китобдорӣ- иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурӣ”  номгузорӣ  шудааст.  Мавсуф   иброз намуд, ки дар  фаъолияти китобхонаҳо роҳандозӣ  намудани низоми автоматикунонидашудаи  китобдорӣ- –иттилоотӣ  дар ҷумҳурӣ шарт ва зарур аст. Айни замон дар ҷумҳурӣ низоми автоматикунонидашудаи китобдорӣ- иттилоотӣ  дар фаъолияти китобхонаҳои сатҳи ҷумҳурӣ, вилоятӣ  ва муссисаҳои олии  кишвар ба монанди  низоми соҳавии  “Ирбис” ва “Алеф”  амалӣ шудааст.

 

Қ . Ғуломзода, М. Саидтоҷев, Т. Юсуфзода низ дар гузоришҳояшон андешаҳои ҷолиби диққат баён намуданд.

Дар охири кори конфренсияи байналмилалӣ Сайфуллозода Бозор Сайфулло  ба чанд суоли ҳозирин посух гардонид.

                                                                                                  Ҷамолова Ҳ.

                                                                                               магистри соли аввал