26-уми майи соли 2022 дар толори Шӯрои олимони Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо иштироки ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ, муовинони ректор, сардори раёсатҳо, декани факултаҳо, мудирони кафедраҳо ва устодон тамошои дастаҷаъмонаи филми мустанади “Шикасти фитна” сурат гирифт. Филми мазкур баёнгари он аст, ки тамоми найрангу дасисаҳо, ватанфурӯшиву хиёнат ва амалҳои терористиву экстремистии гурӯҳҳои манфиатхоҳ бо мақсади ноором кардани вазъияти кишвар ва халалдор намудани суботу амният роҳандозӣ гардидаанд, ки мақомоти давлатии дахлдор бо далелҳои раднашаванда ҳадафи нопоки онҳоро ифшо намуданд. Бояд ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, хусусан мардуми Бадахшон баъди огоҳ шудан аз мақсаду омоли зишти онҳое, ки лофи ватандорӣ мезаданд, хулосаи худро бароварда, дар побарҷоии ваҳдату ягонагӣ ва бехалал мондани суботу амнияти мамлакат саҳмгузор бошанд.
Аз муҳтавои филми “Шикасти фитна” бармеояд, ки гурӯҳҳои манфиатхоҳ ба хотири ба даст овардани фоидаи пулӣ як гурӯҳ ҷавононро ба роҳи нодуруст раҳнамоӣ карда, ҷони даҳҳо ҷавони дигарро қурбон кардаанд.
Пас аз тамошои филм миёни ҳозирин табодули афкор сурат гирифта, амалҳои ноҷавонмардонаи гурӯҳҳои иғвоангезро якдилона маҳкум намуданд. Аз ҷумла, ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ зикр намуд, ки инсон бояд дар ҳаёт роҳи дурустро интихоб кунад, чунки роҳи рост инсонро ба роҳи нек ҳидоят мекунад. Ҳар як инсони комил бояд росткорӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, инсонпарварӣ, меҳру муҳаббат, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҷодкорӣ ва моҳияти сулҳу салоҳро талқин намуда, дар ҳама ҳолат ватандӯстдор бимонад. Фаромӯш набояд кард, ки инсон дар назди Ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо, инчунин уҳдадориҳо ва масъулиятҳои бузург дорад. Воқеан, филми ҳуҷҷатии “Шикасти фитна” натиҷаи таҳлилу баррасии хубу огоҳона ва заҳматҳои шабонарӯзии ҳомиёни ҷонфидои миллату ватан буда, асли ҳақиқатро комилан бозгӯ менамояд.
Дар охир ҳозирин хулоса намуданд, ки мароми асосии мо пас аз тамошои филми “Шикасти фитна” бояд, дар баробари мақомоти дахлдор, огоҳ намудани ҷомеа аз ҳадафҳои бадхоҳон бошад. Махсусан, ҷавонон бояд хулосаи зарурӣ бароварда, аз моҳияти суботи давлат ва манфиати ваҳдату ягонагӣ огоҳии том дошта, роҷеъ ба ҳар гуна гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ маълумоти зарурӣ дошта бошанд, то ба доми онҳо наафтанд.
Ҷавонони даврони истиқлол бояд зиракию ҳушёриро аз даст надода, дар раванди таъмин намудани суботи ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъолро ба роҳ монанд, ки ин тақозои замон аст.
Синои АБӮАЛӢ
Дилшод УМАРОВ