Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо сардори Раёсати экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Барот Расулӣ вохӯрии судманд баргузор гардид. Вохӯриро, ки дар он устодону донишҷӯён ва кормандони донишкада ҳузур доштанд, ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, перомуни масоили вобаста ба роҳҳои баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷомеа, ташаккули рӯҳияи зиддикоррупсионӣ, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ изҳори андеша намуд. Мавсуф зикр сохт, ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хатарноки ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон ба давлат ва ҷомеа, рушди иқтисодиёт, некуаҳволии қишрҳои гуногуни аҳолӣ халали ҷиддӣ ворид сохта, боиси косташавии обрӯю нуфузи миллат ва давлат мегардад.
Сипас, сардори Раёсати экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада, зикр намуд, ки дар кишвари мо аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бартараф ва коҳиш додани шиддати коррупсияро дар ҳар баромаду мулоқотҳои худ махсус таъкид карда, муқовимати дастаҷамъонаро бо ин зуҳуроти номатлуб тақозо менамоянд. Мавсуф оид ба мазмун ва моҳияти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар қонунгузории зиддикоррупсионӣ андешаҳояшро баён намуда, аз аҳли нишаст хоҳиш намуд, ки дар самти муқовимат ба коррупсия ва боз ҳам коҳиш додани шиддати ин зуҳуроти номатлуб бетарафӣ ихтиёр накарда, саҳми худро гузоранд.
Барот Расулӣ дар идомаи суҳбат таваҷҷуҳи ҳозиринро ба суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуда буданд, ҷалб намуд: «Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад.Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем».
Дар партави ин сиёсат Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднокро роҳандозӣ намуда, барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ заминаҳои ташкиливу ҳуқуқиро муҳайё кардааст ва минбаъд низ вобаста ба рушди босуръати муносибатҳои нав ин иқдом идома дода мешавад.
Пас аз суҳбати пурмуҳтавои сардори Раёсати экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Барот Расулӣ устодону донишҷӯён дар доираи масъалаҳои матраҳшуда мубодилаи афкор намуда, ба пурсишҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки ташкил ва баргузор намудани чунин вохӯриҳои судманд барои пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, дар маҷмӯъ иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба паст гардидани сатҳ ва шиддати коррупсия мусоидат менамоянд.
Додоҷон РӮЗИЕВ