22-уми апрели соли 2022 дар Маркази тестӣ ва хизматрасонии техникии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” дар доираи Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯён, ки вобаста ба “Ҳафтаи илм”дар донишкада ҷараён дорад, семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар семинар доир ба нақши технологияи муосир дар рушди илм, тарзи омода намудани нақшаҳои таълимӣ ва ҷадвалҳои имтиҳонӣ бо истифода аз онҳо, роҳҳои омода намудани тестҳои имтиҳонӣ ва барномаҳои таълимӣ машварат ва табодули афкор ба амал омад.
Дар кори семинар коргузорони кафедраҳо, омӯзгорон, қисме аз мудирони кафедраҳо ва деканҳои бархе аз факултаҳо иштирок варзиданд.
Воҳидов АЛИАКБАР