Имрӯз мувофиқи барномаи Конфренсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати профессорону устодон, кормандон, доктарантону магистрон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишадаи далатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Ваҳдати миллӣ, дар кафедраи педагогика ва низоми иттилоотӣ дар фарҳанг конфронси илмию назариявӣ бо иштироки намояндаи бахши илми донишкада Қудратов Сино баргузор гардид. Дар ибтидо мудири кафедра Фозилов. К Ҷ., бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, иштирокчиёнро ба конфронс хайрамақдам гуфт. Мудири кафедра дар оғоз оид ба моҳият ва муфид будани ҳафтаи илм ва иштироки фаъолонаи устодону донишҷӯён дар кори конфренсия маълумот дода, аз иштирокчиён барои иштироки фахъолонаашон, изҳори миннатдорӣ намуд. Мудири кафедраи Фозилов К. Ҷ. дар мавзӯи “ Фарҳанг ҳамчун нерӯи нарм” (Soft power) дар низоми нави муносибатҳои байналхалқӣ”, баромад намуд. Ҳамзамон маърузаҳои устодони кафедра н.и.ф, дотсент Ҳамдамов Б. “Фарҳанги иттилооӣ дар шароити ҷаҳонишавии ҷаҳони муосир”, муаллими калон Ниёзов Л. “Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ”, омӯзгорони кафедра Муҳаммадиев С. “Истифодаи технолгияи информатсионӣ дар соҳаи маориф”, ва Ғиёсов С. “Технологияи иттилоотӣ дар фарҳанг” баромад намуданд. Инчунин донишҷӯёни кафедра Аноятова Р. Дар мавзӯи “Культурная дипломатия”, Мазабшоева П. “Муносибатҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар даврони Истиқлол”, Саъдуллозода И. “Робитаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар остонаи 30-соли истиқлолият”, суханронӣ намуданд.