Имрӯз дар  толори  Китобхонаи  илмии  донишкада дар доираи Конфренсияи ҷумҳурияви илмию  назариявии ҳайати профессорону устодон, кормандон, унвонҷуён, докторантону магистрон ва донишҷӯён бахшида ба 30-солагии иҷлосияи     XVI-умин Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Ваҳдати миллӣ, ки вобаста ба ҳафтаи илм дар ҷараён аст  Конференсияи илмию назариявии кафедраи режиссура ва продюсерӣ бо иштирок намояндаи бахши илми донишкада Қудратов Сино баргузор гардид.     Кори конференсияро  мудири кафедраи режиссура ва продюсерӣ  Рустам Воҳидӣ ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф устодону донишҷӯёнро хайрамақдам гуфта, барои иштироки фаъолонаашон изҳори миннатдорӣ баён намуда, риштаи суханро ба муовини ректор оид ба таълим Махсудзода Фарҳод Махсуд  дод. Муовини ректор оид ба корҳои таълим баргузории ҳамоиши илмиро манфиатовар номида , маърузаи худро дар мавзуи “Мавқеи намоишҳои театронидашуда”ироа намуд.        Аз тарафи устодону донишҷӯёни кафедра мақолаҳои илмии гуногун аз қабили “Саҳм ва рушди санъати ороиши саҳна дар намоишномаҳои театрӣ” – мудири кафедра Рустам  Воҳидӣ, “Фаъолияти эҷодии коргардони кино Борис Кимёгаров” — и.в.дотсенти  кафедра  Сангов М., “Фаъолияти эҷодии драмматург Ж. Б. Моллер” — и.в.дотсенти  кафедра  Мирмуллоева  Санавбар, “Туғрал  ва  сабки  эҷодиёти  ӯ” — муаллими  кафедра,    докторант  Дилшод  Умаров, “Ҷашни Тиргон таърих  ва  пайдоиши  он” — муаллими  кафедра, докторант  Қодиров  Насимҷон, “Бозтоби мушкилоти замон дар пиесаи   “20 дақиқа бо фаришта”-и А. Вампилов”- муаллими  кафедра  Нодир  Нуров,  “Театр  ва  Синамо” — донишҷӯи  курси  3-юми  ихтисосои  режиссураи  намоишҳои  театронидашуда  ва  идҳо Султонов  Аҳлиддин, “Султони мулки сухан” — донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси режиссураи намошномаҳои театронидашуда ва идҳо Шарипова  Мавзуна ва ғайраҳо ироа гардиданд.

    Дар маҷмӯъ аз ҷониби устодону донишҷӯёни кафедра 18 мақолаи илмӣ ироа гардида, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Умаров ДИЛШОД