Таҳти ҳамин унвон бо ибтикори кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» 4-уми апрели соли равон дар толори Шӯрои олимони донишкада семинари ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар он муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Маҳмудов Гадобег, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Шосаидзода Сафар Ҳасан, директори муассисаи давлатии «АМ СБРСК-Хонаи китоби Тоҷикистон» Нодирзода Сайзароб, директори китобхонаи муосири “Пойтахт” Ҷалолидинзода Аҳдия, директори муассисаи давлатии «Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию тиббӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминов Фирдавс, директори китобхонаи МДТ «Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ» Ҳикматов Нуралӣ ва дигар мутахассисони соҳа, инчунин устодони донишкада иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ба семинари ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аминӣ Алишер ҳусни оғоз бахшида, зимнан тазаккур дод, ки китобу китобдории тоҷик ҳамчун соҳаи мустақил дар замони истиқлолият рушди бемайлон намуд. Аз як тараф, барои заминаи моддиву техникӣ ва ҳуқуқии рушди соҳаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда бошад, аз ҷониби дигар, дар ташаккул ва рушди асосҳои назариявӣ, илмӣ — методӣ ва амалии он муҳаққиқону мутахассисони соҳа саҳми бориз гузоштанд.
Дар ин росто, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобро на танҳо сарчашмаи дониш, балки воситаи муҳимми тарбияи маънавӣ маънидод намуданд. Дар ҷараёни гузоштани хишти аввали бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон санаи 4 сентябри соли 2007 Пешвои миллат, аз ҷумла иброз доштанд, ки: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти китобдорӣ дар мамлакат минбаъд низ тадбирҳои судманд меандешад».
Ба андешаи муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ Аминӣ Алишер айни замон қариб 3000 нафар хатмкардагони факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ дар китобхонаҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар самаранок кор карда истодаанд. Бо ширкати фаъолонаи устодони факултет лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» ва 9 барномаи давлатии рушди соҳаи китобдорӣ дар мамлакат таҳия гардид. Таҳқиқи мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии буҷетии «Таҳаввули китобхонаҳо дар даврони ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ» ба охир расида, тахқиқи лоиҳаи нав бо унвони «Таҳқиқи салоҳияти инноватсионии китобдорон дар раванди хизматрасонии китобдорӣ-иттилоотӣ» идома дорад. Қобили тазаккур аст, ки дар доираи маблағҳои лоиҳаи мазкур ду дастури таълимӣ бо унвони «Фаъолияти инноватсионӣ – методии китобхона», “Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо” ва 2 барномаи таълимӣ аз чоп баромаданд. Семинари имрӯза низ бо унвони «Таъмини китобхонаҳои Тоҷикистон бо мутахассисони касбӣ: вазъият ва дурнамо» маҳз дар доираи татбиқи нишондоди лоиҳаи мазкур баргузор мегардад.
Шосаидзода Сафар Ҳасан, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент дар доираи мавзӯи «Ҷанбаҳои психологии салоҳияти инноватсионии китобдор» иброз дошт, ки олимон дар таркиби неруи фаъолияти инсон се сифати зеринро ҷудо мекунанд: салоҳиятнокии касбӣ, истеъдод (ё қобилияти эҷодӣ) ва фарҳанги инноватсионӣ. Барои масъалагузорӣ ва тавлиди ғояҳо сатҳи баланди салоҳиятнокии касбӣ, огоҳӣ аз таҷрибаи инноватсионии китобхонаҳои дигар, аз ҷумла китобхонаҳои хориҷӣ ва ғайра заруранд. Ин барои шахсе имконпазир аст, ки дорои таҷрибаи бузурги амалӣ ва ҷаҳонбинии васеъ аст. Аммо салоҳиятнокии касбӣ худ аз худ истифодаи бошууронаи қобилиятҳои эҷодӣ ва муносибати эҷодӣ нисбат ба корро кафолат дода наметавонад. Дар ҷараёни фаъолияти касбӣ дар заминаи қобилиятҳои умумӣ (ғайрикасбӣ) ва нишонаҳои истеъдоди шахс қобилиятҳои махсуси эҷодии ӯ ташаккул меёбанд. Қобилиятҳо дар навбати худ иҷрои бомуваффақияти фаъолияти эҷодиро таъмин мекунанд. Илова бар ин, бағоят муҳим аст, ки шахс ба фаъолияти эҷодӣ майлу рағбат дошта бошад ва эҷодиёту инноватсияҳоро ба сифати арзишҳои муфиди касбӣ ва шахсӣ бипазирад, яъне эътироф кунад.
Ҳамин тавр, салоҳиятнокии касбӣ ин заминаи фаъолияти инноватсионӣ, қобилиятҳои эҷодӣ – имконияти татбиқи он, фарҳанги инноватсионӣ бошад – ангезаи (мотив) шахс мебошанд. Дар баробари ин мафҳуми «салоҳиятнокии инноватсионӣ» низ маъмул аст. Мафхуми «салоҳияти инноватсионӣ» ва намудҳои гуногуни ташаккули он (методӣ, дидактикӣ, таҳқиқотӣ, лоиҳасозӣ, коммуникативӣ, акмеологӣ, инноватсионӣ ва ғайра) аз ҷониби муҳақкиқон K.В. Абдалина, И.Ф. Бережной, И.В. Борис, Ю.А. Власенко, Н.И. Вьюнова, И.А. Колесникова, Н.Е. Копытова, Е.В. Кривотулова, Л.О. Кочеткова, Н.В. Линкова, Н.О. Липатова,Л.Н. Макарова, А.А. Меркушова, О.Б.Михайлова, В.В. Позняков, Т.М. Талманова, О.К. Тихомирова, О.С. Фролова, А.В. Хуторский, Е.Г. Чирковская Ж.Б. Шаймакова, Е.А. Шмелев ва дигарон мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Аз ҷумла В.В. Позняков зикр мекунад, ки «салоҳияти инноватсионӣ» ҷанбаи сифатии ҳолати махсуси субъекти инноватсиониро ифода карда, фаросати (хушзеҳнии) вежаи инноватсионии субъектро пешбинӣ мекунад, яъне дарки моҳияти навоварӣ ё ихтирои хеш, қобилияти мушоҳида карда тавонистани унсури нав дар низомҳо ва фаъолиятҳои нисбатан устувор ва тағйирнаёфта, қобилияти пешниҳод карда тавонистани роҳи ҳалли усулан нави проблема.
Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Маҳмудов Гадобег чунин ибрози андеша намуданд: бо назардошти пешрафти босуръати илму техника ва технологияи муосир низоми такмили ихтисос имкон медиҳад, ки китобдори имрӯза бо шаклу услубҳои нави хизматрасонӣ ва истифодаи навгониҳои технологияи муосир бештар ошноӣ пайдо намуда, дар ин замина роҳҳои баланд бардоштани сифати фаъолияти касбиро дарёфт кунад. Китобхонаҳои муосир беш аз пеш ба мутахассисони касбӣ ниёзи бештар доранд, зеро эҳтиёҷоти ҷомеа босуръат ва зуд тағйир меёбанд, воридшавии технологияи муосир, пайдо шудани ҳомилҳои нави иттилоот омилҳои муҳими он ба ҳисоб меравад.
Имрӯз сиёсати кадрии соҳаи китобдорӣ тақозо мекунад, ки мутахассисон вобаста ба талаботи замон омода карда шаванд. Дуруст аст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ норасогии кадрҳои соҳаи китобдорӣ ҳалли худро ёфта истодааст, вале дар баробари ин масъалаи бе таҳсилоти касбӣ фаъолият намудани аксари кормандони китобхонаҳо ҳанӯз ҳам ташвишовар аст. Сатҳи саводнокии аксари кормандони китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ хеле фарқ мекунанд, ки ин боиси нигаронист. Чунин вазъият дар китобхонаҳои мактабӣ ва соҳавӣ боз ҳам мураккабтар аст. Аз ин рӯ ташкил намудани раванди бозомӯзӣ ва азнавтайёркунии касбӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва тадбири саривақтӣ ба ҳисоб меравад.
Сипас, мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ профессор Бозор Сайфуллозода мавзӯи «Вазъи китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ироа карда, аз ҷумла иброз дошт, ки дар давоми ду даҳсолаи охир нақш ва саҳми Пешвои миллат дар вусъати раванди табъу нашри адабиёти илмиву оммавӣ, бахусус, китобҳои дарсӣ, дастурҳо ва барномаҳои таълимию методӣ, рисолаҳои илмии олимон, адибони классику муосири тоҷик, тарҷумаи осори пурқимати шахсиятҳои шинохтаи илму фарҳанги ҷаҳон ва дастраси хонандагони тоҷик гардонидани онҳо, роҳнамоӣ дар таъсиси китобхонаҳои электронӣ, истифодаи самарабахши китобҳои аудиоӣ ва электронӣ ниҳоят бузургу беназир ва қобили ситоиш мебошад.
Маврид ба зикри хос аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳаи китобдорӣ лаҳзае аз мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намонда, пайваста дар ҳолати рушд қарор дорад. Тайи ин солҳо Пешвои муаззами миллат дар баробари эъмору барқарорсозии шикастапораҳо ва костагиҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии замони шӯравӣ ба масъалаи китобу китобдорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба китобхонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, китобу китобхониро роҳи ягонаи аз ҷаҳолат раҳонидани шаҳрвандони кишвар арзёбӣ карданд. Доир ба ин ҷанбаи барои ҷомеаи муосир ҳаётан муҳим зимни суханрониашон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар чунин ибрози назар намудаанд: «Мо як нуктаро ҳамеша бояд дар ёд дошта бошем, ки китобхонӣ роҳи асосии баланд бардоштани сатҳи маърифат аст ва олим бе китобхонӣ олим намешавад. Зеро бузургон гуфтаанд, ки ҳар гоҳ аз китобхонӣ бозмондӣ, аз фикр кардан ҳам мемонӣ”.
Декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Зафари Шариф оид ба мавзӯи «Саҳми факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ дар тайёр намудани кадрҳои соҳаи китобдорӣ» ибрози назар намуда, зикр кард, ки бо назардошти воридшавии технологияи муосир дар фаъолияти китобхонаҳо, тағйирёбии ҳайати хонандагони китобхонаҳо ва талаботи рӯзафзуни онҳо нисбат ба иттилоот, афзудани шумораи хонандагони хурдсол ва дар маҷмӯъ дигаргуншавии эҳтиёҷоти ҷомеа ба захираҳои иттилоотӣ, инчунин роҳҳои дастёбӣ ба онҳо зарурати таҷдиди назар намудани ихтисосҳо дар факулта ба миён омадааст. Вобаста ба ин, по пешниҳоди кафедраҳои тахассусӣ ихтисосҳои нави «Кори ноширӣ» ва «Бойгониҳои аудиовизуалӣ» ҷорӣ карда шуда, соли ҷорӣ аз рӯи ин ихтисосҳо довталабон ба донишкада қабул карда шудаанд.
Айни замон дар факулта мутахассисон асосан барои қонеъ гардондани талаботи китобхонаҳои давлатию оммавӣ омода карда мешаванд. Ин дар ҳолест, ки ғайр аз китобхонаҳои номбурда дар ҷумҳурӣ теъдоди зиёди китобхонаҳои илмӣ, илмӣ-техникӣ, бачагона, мактабӣ ва ғайра фаъолият дошта, аз нарасидани мутахассисони соҳа танқисӣ мекашанд. Аз ин рӯ, ба назари мо, барои бартараф намудани мушкилоти кадрӣ зарурати ҷорӣ намудани ихтисоси нави «Китобдори китобхонаҳои мактабӣ ва бачагона» ба миён омадааст.
Нодирзода Сайзароб директори муассисаи давлатии «АМ СБРСК-Хонаи китоби Тоҷикистон» пешниҳод намуд, ки бояд фаъолияти тамоми марказҳои таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии муассисаҳои китобдориро дар самти омодасозии мутахассисон ҳамоҳанг сохт. Ҳамзамон, бояд барномаи воқеии такмили ихтисоси китобдорӣ таҳия карда шуда, самтҳои асосии фаъолияти китобхонаҳо дар радифи дигар муассисаҳои иттилоотӣ муайян карда шаванд. Дар назди МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” таъсис додани Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи фарҳанг ва санъат ниҳоят зарур мебошад.
Дар семинари ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бо унвони «Таъмини китобхонаҳои Тоҷикистон бо мутахассисони касбӣ: вазъият ва дурнамо», инчунин як силсила мавзӯъҳои муҳимми соҳаи китобдорӣ мавриди омӯзиш ва таҳлили амиқ қарор гирифтанд. Иштирокдорони семинар барои рушди ҳарчи бештари соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, истифодаи самараноки воситаҳои техникӣ дар китобхонаҳо пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.
Зафари ШАРИФ,
декани факултаи китобдорӣ
ва иттилоотшиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода”