Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки афсарону сарбозони Горди миллӣ, ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандони донишкада чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.  Чорабиниро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми феврали соли 1993, дар шароите, ки Тоҷикистони соҳибистиќлоли мо бар асари фитнаву дасисаҳои душманони миллат ба гирдоби мухолифатҳои шадиди сиёсӣ кашида шуда буду  бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт, таъсис дода шуданд. Афсарону сарбозони Артиши миллӣ дар солҳои душвори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардондани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо намуданд. Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо дастгирии бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи навсозии Артиши миллӣ, имрӯз дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии кишвар барои афсарону аскарон пойгоҳҳои ҳозиразамони ҳарбӣ бунёд гардидаанд. Маҳз натиҷаи ҳамин дастгириҳои рӯзафзун аст, ки имрӯз Артиши миллии мо ба як неруи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтааст.

     Гуфта шуд, ки тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва тақвияти ҳисси миллии сарбозони оянда яке аз вазифаҳои муҳимтарини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии касбӣ ва аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад ҳамаҷониба омӯхтани таърихи халқи тоҷик, ифтихор аз он ва қаҳрамонони миллии халқамон ва дигар фарзандони сарсупурдаи миллат бисёр муҳим мебошад. Ҳамзамон бо ин, андешидани тадбирҳои муассир, мисли пешгиии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷиноятпеша бояд дар меҳвари фаъолияти ҳайати профессорону устодони донишкада ќарор дошта бошад. Дар ин самт ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои пешгирикунанда бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад. Дар соатҳои тарбиявӣ ва машғулиятҳои кураторӣ ба шогирдонамон, бо овардани мисолҳои мушаххас, фаҳмонем, ки бозичаи дасти дигарон ва иҷрокунандаи иродаи доираҳои ғаразнок ва манфиатхоҳ нашаванд.

     Ректори донишкада иброз намуд, ки дар ин самт дар донишкада тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ васеъ ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷумла, 17-уми феврали соли равон  дар толори Театри  таълимии   донишкада тибқи  нақша — чорабиниҳои тасдиқгардида  вохӯрии кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо устодону донишҷӯён баргузор  гардид. Дар вохӯрӣ муовини сардори Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Саидислом Акрамзода ва ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳимми Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Зариф Шарифзода иштирок  ва суханронӣ намуданд.  Ҳадаф  аз  ин вохӯрӣ ва дигар дидору гуфтугӯҳо бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот,  пеш  аз  ҳама, тарбияи дуруст намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, баланд   бардоштани  ҳувияти  миллӣ, маърифати  ҳуқуқӣ, ташаккули  тарзи  ҳаёти  солим ва  дигар  самтҳои афзалиятноки  сиёсати давлатии ҷавонон миёни донишҷӯёну устодон буда, бо мақсади пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардию кирдорҳои зидиахлоқӣ, шомилшавии  наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, одамрабоӣ, хариду фурӯши  одамон,  нашъамандӣ ва  экстремизму терроризм мебошад.

      Муҳриддин Низомӣ таъкид кард, ки дар шароити бисёр ҳассос ва вазъи ниҳоят мураккабу ноустувори минтақа ва ҷаҳони имрӯза мову шумо — устодону донишҷӯён бояд зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифзи арзишҳои Истиқлоли давлатиро аз даст надиҳем. Нагузорем, ки равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок наврасону ҷавононро ба доми фиреби худ дароварда, субот ва ҳаёти орому осудаи сокинони кишварро халалдор созанд.  Гузашта аз ин, ҳар яки мо вазифадорем, ки аз ин Ватани озод ва аз ин давлати соҳибихтиёр шукрона кунем ва неъмати бузурги соҳибватаниву соҳибдавлатиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

 

 

 

 

 

 

            Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи ҷолиби консертӣ бо ҳунарнамоии устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши ҳозирин гардид, ки фарогири сурудҳои ватанпарварона буда, муқаддас будани Ватан ва ваҳдату ягонагиро илқо менамуданд. Сарбозони Горди миллӣ, ки дар чорабинии идона иштирок доштанд, барномаи консертиро бо шавқи тамом ва кафкӯбиҳои бардавом тамошо карда, эҳсоси шодмонӣ ва шукргузор буданашон аз пойдории суботу амниятро дар чеҳраҳои шоди худ ҳувайдо менамуданд.

Додоҷон РӮЗИЕВ