Имрӯз ба ифтихори 50-солагии МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо ибтикори Раёсати муассиса дар толори Театри таълимӣ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба 40-солагии фаъолияти илмӣ-эҷодӣ ва омӯзгории дотсенти кафедраи режиссура ва продюссерӣ Маҳмадалӣ Сангов баргузор гардид.
Дар чорабинӣ чеҳраҳои саршиноси кишвар, намояндагони соҳаҳои гуногуни фарҳангу санъат, оҳангсозону санъатшиносон, ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва наздикону шогирдони Маҳмадалӣ Сангов иштирок доштанд. Дар оғоз ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ҳозиринро ба ин боргоҳи фарҳангу санъат ва ҳунари воло хайрамақдам гуфта, ташрифашонро мояи ифтихори ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада унвон намуд. Мавсуф 40-солагии фаъолияти эҷодиро барои устод Сангов шодбош гуфта, барояш саломатӣ, тандурустӣ, бардамӣ, хотирҷамъӣ, комёбиҳои маданию ҳунарӣ ва рӯҳияи болидаи эҷодӣ таманно карда, оид ба ҳаёт ва фаъолияти Маҳмадалӣ Сангов суханронии пурмуҳтаво намуд. Бо қаноатмандӣ иброз дошт, ки Маҳмадалӣ Сангов аз шумори шахсиятҳое мебошад, ки умре дар ҷодаи фарҳангу ҳунар устуворона гом бармедорад, коргардон-таҳиягар, омӯзгор ва ҳунарманди варзида мебошад. Бо шарофати фаъолияти пурсамари ҳунарӣ, фарҳангӣ ва эҷодӣ унвони эҳтиромии “Устод”-ро соҳиб гардида, мавриди эҳтироми ҳамагон гардидааст. Ректори донишкада инчунин тазаккур дод, ки устодону донишҷӯён дар симои устод Маҳмадалӣ Сангов шахсияти педагогӣ, эҷодӣ, ҳунарӣ ва миллиро мебинанд, ки дар роҳи мушкилписанди фарҳангу ҳунари ватанӣ пайгирона умрфарсоӣ карда, ба истилоҳ, мӯйҳои сафедашро сиёҳ намудааст. Воқеан, миллат ба шахсиятҳои маданию ҳунарие назири Маҳмадалӣ Сангов ниёз дорад ва донишкада аз вуҷуду ҳузури чунин чеҳраҳо ифтихор мекунад. Баъд аз суханронии пурмуҳтавои ректори донишкада дотсенти кафедраи режиссура ва продюссерӣ Маҳмадалӣ Сангов дар мавзуи “Хушназар Майбалиев – арбоби нотакрори ҳунар” маърузаи илмии худро ироа намуда, Хушназар Майбалиевро дар таърихи театри тоҷик ҳамчун навовар (реформатор) эътироф намуд. Маҳмадалӣ Сангов ёдовар шуд, ки мо - ҷавонони солӽои 70-уму 80-уми асри гузаштаи театр аз зумраи хушбахтоне будем, ки аз суҳбату дастурҳои устодонаи Хушназар Майбалиев бархурдор гашта, ҳатто аз суханрониву хушрафторӣ, либоспӯшиву роҳгардиҳои ӯ барои худ ибрате мегирифтем. Лаҳни нарму ширинии гуфтор, табассумҳои латифи ӯ ҳангоми тамринҳо ба кас, хосса ба мо — ҷавонони роҳҷӯи ҳунар ҷуръату илҳоми хосса мебахшиданд.
Сипас барномаи ҷолиби консертӣ аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи кишвар, устодону донишҷӯёни донишкада ва шогирдони Маҳмадалӣ Сангов пешкаши ҳозирин гардид, ки хеле диданӣ ва хотирмон буд. Дар толор будагон ҳунарнамоиҳои онҳоро бо кафкӯбиҳои бардавом ва тақдим намудани гулҳои зиёд истиқбол гирифтанд. Ин аз он шаҳодат медод, ки ҳунари воло ҳамеша ҳаводорони худро дошта, қадру манзалати омӯзгор баланд буда, Маҳмадалӣ Сангов дар рушди фарҳангу ҳунар ва театри тоҷик саҳми беандоза муҳим гузоштааст.
Сино ҚУДРАТОВ
Дилшод УМАРОВ