Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» тибқи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба ҷамъбасти соли  2021  ва мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729 нишасти матбуотӣ баргузор  гардид.

   Дар он ректори донишкада, ноибони ректор, декани факултаҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори омма аз рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Баҳори Аҷам», ҳафтаномаи «Тоҷикистон», маҷаллаҳои “Илм ва ҳаёт”, “Тоҷикистон”, “Телевизиони Синамо”, АМИТ «Ховар»,  Радиои “Тоҷикистон” ва  Радиои “Овози тоҷик” ҳузур доштанд.

   Ба нишасти матбуотӣ ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ, профессор  Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ҳусни оғоз бахшида, ба намояндагони васоити ахбори омма оид ба натиҷаҳои фаъолияти таълимӣ, илмӣ — таҳқиқотӣ, илмӣ-методӣ, тарбиявӣ, эҷодӣ, робитаҳои байналмилалии донишкада дар соли  2021   ва дигар мавзуъҳои ба ҳаёти донишкада рабтдошта маълумоти муфассал ироа намуд.

Мавсуф иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ Раёсати таълими донишкада дар самти фаъолияти таълимӣ як қатор тадбирҳои муҳимро амалӣ намуд. Пеш аз ҳама, барои дар сатҳи зарурӣ қабул ва баргузории раванди имтиҳонсупорӣ аз ҷониби мутахассисони Маркази тестӣ ва хизматрасонии техникии донишкада барномаи нав насб карда шуд. Сессияи санҷишу имтиҳонӣ тибқи талаботи низомномаи низоми кредитии таълим барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ташкил ва роҳандозӣ гардид. Натиҷаи ҷамъбасти сессияи санҷишу имтиҳонӣ нишон дод, ки сатҳи сифати таълим дар донишкада нисбат ба нимсолаи зимистона ва солҳои гузашта хеле баланд шудааст. Агар сатҳи сифати таълим дар соли 2020-ум 25,1 % бошад, он дар соли 2021-ум 41,4 %-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16% зиёд мебошад.

   Ба гуфтаи ректори донишкада, дар соли 2021 аз тарафи устодону омӯзгорони донишкада 5 китоби дарсӣ, 3 монография, зиёда аз 300 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ, зиёда аз 70 барнома, дастурҳои таълимӣ, воситаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ ба нашр расиданд, ки аз фаъолияти босамари донишкада дар самти илм гувоҳӣ медиҳад. Агар дар соли 2020 ҳамагӣ 4 мақола аз ҷониби устодони донишкада дар маҷаллаҳои хориҷ аз кишвар чоп шуда бошад, дар давраи ҳисоботӣ ин теъдод ба 44 адад расидааст. Ҳамчунин, устодони донишкада дар конфронсу семинарҳои хориҷӣ беш аз 100 маърӯзаи илмӣ карданд. Навиди фараҳбахши илмии дигар дар соли ҳисоботии 2021 нашри ду мақолаи илмӣ дар маҷаллаи илмии   байналмилалии Agritech  5 – IOP (Илмҳои иқтисодӣ дар соҳаи замин ва муҳити зист, марбут ба Scopus) аз ҷониби устоди донишкада Фирдавс Арабов мебошад.

   Зикр гардид, ки дар соли сипаришуда дар донишкада беш аз 70 маводи чопӣ оид ба чорабиниҳои фарҳангӣ, конфронсҳои илмӣ-назариявӣ, семинарҳо, ҳамоишҳо ба чоп омода  гардида, аксарашон дар нашрияҳои  бонуфузи кишвар нашр гардиданд. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ маҷмуаи мақолаҳо дар шакли китоб бо унвони “Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ”, китоби “Як соли дастовардҳо”, ки фарогири натиҷаҳои фаъолияти гуногунҷанбаи донишкада дар соли 2020 мебошад  ва дастури таълимӣ-методии “Пайки Наврӯз”, ки дар он сенарияҳои наврӯзӣ гирд оварда шудаанд, аз чоп баромаданд.

   Дар давраи ҳисоботӣ бо иштироки устодону донишҷӯёни донишкада силсилаи чорабиниҳои эҷодӣ баргузор гардиданд, ки дар ҷолибу хотирмон гузаштани онҳо оркестри таълимии созҳои халқӣ, хори таълимӣ, ансамблҳои Шашмақом,  Фалак, созҳои халқӣ, созӣ-зарбӣ, чангнавозон, ансамбли рақсии «Бунафша» ва дигар коллективҳои эҷодии базавӣ нақши муҳим бозиданд.

   Пас аз ироаи суханронии ректори донишкада, ки фарогири тамоми ҷанбаҳои фаъолияти донишкада буд, хабарнигорон ба пурсишҳои худ оид ба ҳамкориҳои донишкада бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ, табодули донишҷӯён, татбиқи лоиҳаҳо,  тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои нав, бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкардагон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳашон посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

 

 

 

 

     Сипас намояндагони васоити ахбори омма ба толори “Арғунун”-и донишкада даъват карда шуданд, ки барои болидагии хотир ва аз наздик шинос шудан бо сози арғунун барои онҳо Фарида Нуруллоева — омӯзгори кафедраи арғунун, клавесин ва арфаи Консерваторияи давлатии Қазон ба номи  Н. Г. Жиганов ва Нигора Нуруллоева — скрипканавоз, ассистенти Консерваторияи давлатии Қазон ба номи  Н. Г. Жиганов оҳангҳои марғуберо бо истифода аз сози арғунун пешкаш гардониданд.

Додоҷон РӮЗИЕВ