Дирӯз ба ифтихори 50-солагии  МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо ибтикори Раёсати муассиса дар толори “Арғунун” чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ – консерти омӯзгори кафедраи арғунун, клавесин ва арфаи Консерваторияи давлатии Қазон ба номи  Н. Г. Жиганов, ғолиби озмунҳои байналмилалӣ Фарида Нуруллоева  баргузор гардид.

   Дар ҳамоиши фарҳангӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин Усмон, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидҷон Назариён, ректори Консерваторияи миллӣ Достизода Миралӣ,  директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Камол Сайфиддинов, намояндагони соҳаҳои гуногуни фарҳангу санъат, оҳангсозону санъатшиносон, ҳайати профессорону  устодон, донишҷӯён ва дигар ҳаводорони сози арғунун иштирок доштанд.

   Дар оғоз ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ҳозиринро ба ин боргоҳи фарҳангу санъат ва ҳунари воло хайрамақдам гуфта, ташрифашонро мояи ифтихори ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада унвон намуд. Мавсуф бо қаноатмандӣ иброз дошт, ки ин толори консертии бошукӯҳ ва сози мусиқии арғунун маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 26-уми июни соли 2011 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Дар ҳамон  чорабинии фарҳангӣ низ намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, вакилони порлумон,  арғунуннавозони машҳур, аз қабили ҳунарпешагони мардумии Федератсияи Россия, профессорон Абдуллин Рубин Кабирович ва Шишханова Любов Башировна  ширкат доштанд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳои толори консертӣ ва сози арғунун, аз ҷумла зикр карда буданд, ки: «Имрӯз мо шоҳиди воқеаи гуворою хотирмон, яъне аввалин маротиба садо додани Суруди миллии Тоҷикистон бо ҳамовозии сози арғунун шудем. Ин амр маънои онро дорад, ки минбаъд бо ин сози бузург на танҳо мусиқии классикони ҷаҳонӣ, балки суруду таронаҳои тоҷикӣ низ иҷро мегарданд ва навои рӯҳафзои сози арғунун дар фазои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол танинандоз хоҳад гардид».

  Ректори донишкада зикр намуд, ки ин ҳадяи беназири Пешвои миллат ба аҳли фарҳангу санъати кишвар гувоҳи ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат  буда, ба рушду такомули минбаъдаи фарҳанги миллӣ, хосса сози арғунун шароити мусоид фароҳам овард. Воқеан, сози арғунун таърихи хеле қадима дошта, маҳсули ҳамгироии тамаддунҳои Ғарбу Шарқ мебошад. Дар ин маврид мо ҳамчун ворисони яке аз саромадони бузурги олами мусиқӣ Борбади Марвазӣ бо ифтихор ба ёд меорем, ки дар фарҳангу луғатномаҳо, рисолаҳои мусиқӣ ва ашъори шоирони бузурги мо, аз ҷумла «Бурҳони қотеъ», «Гиёс-ул-луғот», «Фарҳанги Онандроҷ», ҳамчунин дар нигоштаҳои Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Хоқонии Шервонӣ, Абусаиди Абулхайр, Мавлавӣ, Саъдӣ дар мавриди сози арғунун ишораҳои зиёде ба мушоҳида мерасанд. Чунончи, дар луғати «Бурҳони қотеъ» дар ин маврид омадааст: «Арғунун созу овози ҳафтод духтари хонанда ва созанда аст, ки ҳар як чизро ба якбор ва ба як оҳанг бихонанд ва бинавозанд. Ва он се анбони бузург дошта, аз пӯсти говмеш таҳия гардад».

  Мавсуф инчунин зикр намуд, ки ба ақидаи баъзе аз донишмандон, сози арғунун ба сози нафасии найи анбони тоҷикон шабоҳати бисёр дорад. Мусаллам аст, ки дар тӯли асрҳо сози арғунун аз ҷониби ҳунармандони мо такмил ёфта, дар байни асбобҳои мусиқии миллӣ мақоми шоиста пайдо кард. Ҳамин тариқ, сози арғунун дар кишвари мо аз нав эҳё гардида, он дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз тарафи арғунуннавозони маъруф навохта шуд. Соли 2017 бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали байналмилалии мусиқӣ бо унвони «Садои дилрабои арғунун» доир карда шуд, ки дар он арғунуннавозон -ректори Консерваторияи давлатии шаҳри Қазон ба номи Н. Г. Жиганов, Ҳунарманди мардумии Федератсияи Россия ва Тотористон, профессор Рубин Абдуллин, дотсенти Консерваторияи давлатии Новосибирск ба номи М. Глинка Наталя Богинская, профессори Консерваторияи давлатии миллии Қазоқистон ба номи Қурмангази, Ҳунарманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Қазоқистон, дорандаи ордени «Курмет», профессор Габит Несипбаев, дотсенти Консерваторияи Қирғизистон ба номи К. Молдобасанов  Виктория Василева,  омӯзгори мактаби шаҳри Родгавуи Олмон Зулфия Халилова ва донишҷӯи бахши 5-уми Консерваторияи давлатии Қазон ба номи Н. Г. Жиганов Фарида Нуруллоева иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд. Инчунин, соли 2019 арғунуннаввози машҳур, ғолиби чандин фестивалҳои байналмилалӣ Авраменко Евгений Юревич аз шаҳри Калинингради Федератсияи Россия ба донишкада ташриф оварда, 2 консерти ҳунарӣ барои калонсолону хурдсолон ва дарси маҳорат барои омӯзгорону донишҷӯён баргузор намуд. Ректори донишкада ба 5-нафар омӯзгори муассиса, ки зери раҳбарии Фарида Нуруллоева ба курси омӯзишии такмили ихтисос оид ба азхудкунии нозукиҳои сози арғунун фаро гирифта, шуда буданд сертификат тақдим намуда, зиёд гаштани сафи арғунуннавозонро судманд арзёбӣ намуд.

 

 

 

 

 

   Баъд аз суханронии пурмуҳтавои ректори донишкада  консерти омӯзгори кафедраи арғунун, клавесин ва арфаи Консерваторияи давлатии Қазон ба номи  Н. Г. Жиганов, ғолиби озмунҳои байналмилалӣ Фарида Нуруллоева бо иштирок ва ҳунарнамойии Содиқ Нуруллоев — Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, солисти Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Нигора Нуруллоева – скрипканавоз, ассистенти Консерваторияи давлатии Қазон ба номи  Н. Г. Жиганов, Шаҳбоз Каримов — саксафоннавоз, муаллими Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва Раҳмон Алиев — муаллими калони кафедраи  фортепиано ва гузориши овоз пешкаши ҳаводорони сози арғунун гардид, ки дар он аз эҷодиёти композиторони сатҳи ҷаҳонӣ И. С. Бах, Зиёдулло Шаҳидӣ, Э. Элгар, И. Брамс,  А. Пятсолла,  З. Абрэу, З. Карт-Элерт ва дигарон оҳангҳои марғуберо бо истифода аз сози арғунун пешкаши ҳозирин гардониданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

  Маврид ба зикр аст, ки Фарида Нуруллоева аз эҷодиёти композитори шаҳири тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ оҳангҳои дилнишинеро моҳирона навохт, ки Содиқ Нуруллоев ва Раҳмон Алиев бо сурудани шеърҳои “Зи сӯзи сина” ва “Эй тор” дар радифи оҳанги дилнавози арғунун дили ҳозиринро тасхир намуданд.

   Дар толор намояндагони миллатҳои гуногун ҳузур доштанд, ки ҳунарнамоиҳои  онҳоро бо кафкӯбиҳои бардавом ва тақдим намудани гулҳои зиёд истиқбол гирифтанд. Ин аз он шаҳодат медод, ки сози арғунун чун садои навои дилангезе аз умқи қарнҳо ҳанӯз ҳам  дар байни мардум ҳаводорони зиёд дошта, ба таъбири Пешвои миллат “ҳамгироии тамаддунҳои Ғарбу Шарқ” — ро ба вуҷуд оварда, дар ваҳдату ягонагии фарҳангӣ саҳми ногузир гузоштааст.

Сино ҚУДРАТОВ