Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ, бахусус азму талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам оварданд, ки соҳаи китобу китобдории тоҷик дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба пешравиҳои назаррас ноил гардад. Ҳамзамон, дар ин самт як қатор қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ ба тасвиб расиданд, ки дар рушди соҳаи китобдорӣ нақши бузург гузоштанд.
Дар ин марҳилаи нави таърихӣ фаъолияти китобдорӣ ва таҳқиқи мавзуи мутолиаи китоб вусъати тоза гирифт. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати мамлакат рушди соҳаи китобдориро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангии хеш қарор дода, дар ин росто корҳои зиёдро ба сомон расонд.
Ба шарофати сиёсати мароифпарварона ва фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаи китобдорӣ хеле беҳтар гардида, таъминоти онҳо бо маводи таълимӣ ба забони давлатӣ ба маротиб афзуд.
Дастурҳои таълимии «Таснифоти даҳгонаи унверсалӣ» ва «Ҷадвали муаллифӣ (дурақама)», ки аз ҷониби омўзгорони кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” Маҳмудов Гадобег ва Надирзода Сайзароб таҳия гардидаанд, барои донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, доктор аз рўйи ихтисоси (PhD), инчунин роҳбарони китобхонаҳо, мутахассисони хадамоти методии китобхонаҳо дар назар дошта шудаанд.
Бояд гуфт, ки “Таснифоти даҳгонаи унверсалӣ” дар раванди омӯзиш аз муҳимтарин объекти таълимот ба шумор рафта, донишомӯзонро бо нуқтаҳои муҳимми назариявию методологӣ ва истилоҳоти соҳавӣ ошно менамояд. Бо дар назардошти ҳамин талабот, дар дастури мазкур маводи зарурӣ барои донишҷӯёну омӯзгорони факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ, библиографон ва китобдорони китобхонаҳо пешниҳод шудааст. Омӯзиши маводи мазкур барои донишҷӯён, омӯзгорон, библиографон ва китобдорон имкон медиҳад, ки оид ба масоили таснифот ва истифодабарии он дар раванди фаъолияти китобхонаҳо маълумоти зарурӣ пайдо намоянд.
Библиографони касбии ватанӣ имрӯзҳо баҳри рушду пешрафти ин соҳа ва мутобиқ гардонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти библиографии китобхонаҳо бо талаботи рӯзафзуни ҷомеа талош ба харҷ медиҳанд. Дар ин раванд саҳми мутахассисони варзидаи библиографияи тоҷик, устодони кафедраи Китобхонашиносӣ ва библиографишиносии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” Гадобег Маҳмудов, Қурбон Ғуломзода ва Надирзода Сайзароб хеле назаррас мебошад. Ишора намудан бамаврид аст, ки муҳаққиқони соҳа дар баробари масъулияти хизматӣ, доимо дар андешаю таҳлил ва навовариҳои фаъолияти библиографӣ буда, вобаста ба проблемаҳои соҳа андешаю пешниҳодҳои худро манзур менамоянд.
ҶАДВАЛИ МУАЛЛИФӢ (ДУРАҚАМА)
Низоми истифодаи “Ҷадвали муаллифӣ” аз соли 1960 сар карда, дар фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурӣ васеъ истифода мегардад. Аммо, пас аз ворид гардидани таѓйиру иловаҳо дар “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” аз 4 — уми октябри соли 2011, №458 дар ин ҷадвал баъзе таѓйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки ба китобдорон ва кормандони соҳаи таъбу нашр пешкаш мешаванд.
Аломати ҷадвали муаллифӣ ба таркиби рамзи китоб дохил мешавад. Дар вақти ҷобаҷогузории тартибӣ-алифбоӣ рамз дар ду қатор навишта шуда, дар қатори якум-нишони гурўҳӣ (рақами соҳаи китоб) ва дар қатори дуюм, дар зери он- нишони аломати муаллифон ҷой мегирад. Яъне, рамз намуди шахсро дорад, ки дар сурат нишони гурўҳ ва дар махраҷ аломати муаллифӣ бояд навишта шавад.
Шариф НАБОТОВ,
муовини декани факултаи
китобдорӣ ва иттилоотшиносии
МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода”