Дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати  Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»  29-уми ноябри соли ҷорӣ бо ибтикори кафедраи сарояндагӣ (халқӣ)-и факултаи санъати мусиқии мардумӣ консерти синфии  дотсенти кафедра Саидзода Фурқат  ва иҷрокунандаи вазифаи дотсент Азизова Лола баргузор гардид. Дар консерт ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор  Муҳриддин Низомӣ, муовинони ректор, декани факултаҳо ва устодону кормандони донишкада иштирок намуда, ҳунарнамоии донишҷӯёнро гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд.

Мудири кафедраи сарояндагӣ (халқӣ) Зарипов Хурсандмурод ҳозиринро хайра мақдам гуфта, зикр намуд, ки мақсад аз ташкил ва баргузор намудани консерти синфӣ тақвият бахшидани ҳунари сарояндагии донишҷӯён ва шинос намудани онҳо бо нозукиҳои чӣ гуна дар саҳна рӯ ба рӯ бо тамошобинон ҳунарнамоӣ кардан мебошад.  Барномаи  консертӣ аз 10 суруд иборат  буда, мавзӯъҳои ватандӯстӣ, муҳаббату вафодорӣ ва васфи табиати биҳиштосои ватанро дар бар мегирифтанд, ки аз тарафи донишҷӯён иҷро  гардиданд.

 

   Дар ҷамъбаст  ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор  Муҳриддин Низомӣ фикру мулоҳизаҳои худро оид ба муваффақият ва камбудиҳои ҳунари сарояндагии донишҷӯён иброз намуда, ба онҳо маслиҳат ва тавсияҳои муфид дод. Мавсуф, инчунин тазаккур дод, ки  барои боз ҳам рушд намудани ҳунари суханвариву сарояндагӣ бояд ҳар як донишҷӯ аз нозукиҳои шеър, аз қабили маъно, вазн ва арӯз  огоҳ бошад. Ректори донишкада ба донишҷӯён комёбӣ таманно намуда, дар умум ҳунари  сарояндагии онҳоро мусбат баҳогузорӣ намуд.

 

Синои Абӯалӣ