Дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” 6-уми сентябр бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Сипас ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ба сухан баромада, ҳозиронро ба муносибати ҷашни мубораку муқаддаси миллиамон — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи навини халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз мебошад, самимона табрику муборакбод намуд. Зикр кард, ки Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва, муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад. Бошад, ки ғояи волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ҳидоятгар ва раҳнамои мо ба хотири ободии Ватани азизамон гардад.
Гуфта шуд, ки таҷлили ҳамасолаи Истиқлолияти давлатӣ далели эҳтироми баланди сокинони кишвар ба ин ҷашни бузурги муқаддас дар ҳаёти ҷамъиятии давлатамон аст. Зеро маҳз ба шарофати ҳамин рӯйдоди муҳимми таърихӣ миллати мо ҳуқуқи соҳибихтиёрона муайян намудани ҳаёти ҷамъиятию сиёсии худ ва шарики равандҳои гуногунҷанбаи ҷаҳони муосир гаштанашро ба даст овард. Барои ноил гаштан ба чунин саодати беназир наслҳои гуногуни миллати куҳанбунёдамон бо кору пайкори созандаашон саҳмгузорӣ намудаанд ва наслҳои имрӯз аз он сабақ гирифта, ин амалҳоро бо ифтихору сарфарозӣ идома мебахшанд. Бахусус, дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта миллати сарбаланди мо бо чунин фидокориҳо Истиқлолияти давлатии кишварамонро истеҳком бахшид ва бо рафъи мушкилоти сангини аз ҷониби бадхоҳони дохилию берунӣ ба сари мардум таҳмилшуда рушди минбаъдаи Тоҷикистонро таъмин намуд.
Ректори донишкада аз корнамоии бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, тазаккур дод, ки дар он марҳалаи сарнавишсоз фарзандони огоҳи миллат ва қувваҳои солими ҷомеа ба хотири наҷоти давлат ва миллат муттаҳид шуданд ва тамоми саъю талоши худро барои аз гирдоби ҷанги бародаркуши таҳмилӣ раҳоӣ бахшидани мардум сафарбар намуданд. Дар натиҷа рӯшноӣ бар ҷаҳолат ва торикӣ ғолиб омада, мо ба ин рӯзҳои нек расидем. Аз ин хотир, ҳар яки мову шумо бояд то чӣ андоза муҳим будани истиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро амиқан дарк намоем ва барои таҳкиму тақвият бахшидани низоми давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ки бо майлу иродаи халқи Тоҷикистон интихоб шудааст, саҳми ватандӯстонаи хешро гузорем.
Зикр гардид, ки таҷлили чорабиниҳои фарҳангӣ, симпозиуму конфронсҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ бахшида ба таҷлили солгарди фарзандони барӯманди миллат, ҷашн гирифтани санаҳои бузурги фарҳангӣ, бунёди иншооти замонавӣ, барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, эҳёи суннатҳо ва анъанаҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги пурғановати миллӣ тавассути роҳандозии чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва ғайра дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат қарор доштанду доранд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат дар баробари дигар соҳаҳо ба инкишофи соҳаи мусиқӣ, тарбияи кадрҳои ҷавобгӯи талаботи замон, ба оммаи васеи мардум дастрас намудани беҳтарин дастовардҳои санъат таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Маҳз бо ибтикори Сарвари давлат дар донишкада толори нави консертӣ ва сози мусиқии арғунун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар ин чорабинии муҳимми фарҳангӣ аввалин маротиба бо иштироки Сарвари давлат Суруди миллии Тоҷикистон бо ҳамовозии сози арғунун садо дода, навои рӯҳафзои сози арғунун дар фазои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол танинандоз гардид.
Ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона дар даврони соҳибистиқлолии Ватан аз устодону омӯзгорон, олимону донишмандон ва дар маҷмӯъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо доранд, ки, пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар ҷалб карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар рӯҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд. Равандҳои замони муосир аҳли маориф, аз ҷумла ҳайати профессорону устодони донишкадаи моро водор месозанд, ки дар тарғиби моҳияти истиқлолу озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла забон, таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ саҳми калидӣ дошта бошанд.
Дар қисми илми чорабинии идона ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ” ва Баҳрулло Хайруллозода дар мавзӯи “Истиқлолият ва тарбияи маънавии ҷавонон” маърӯза намуданд.
Чорабинии ҷашниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ Алишер Авғонов ҳусни оғоз бахшида, перомуни нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди фарҳанги миллӣ, дастовардҳои донишкада дар даврони соҳибистиқлолӣ ва эҳёи расму оинҳои мардумӣ дар кишвар маълумоти муфассал ироа намуд.
Баъдан аз тарафи Раёсати донишкада ғолибони озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон ватани азизи ман”, инчунин устодону кормандоне, ки дар баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда гузоштаанд, бо диплому ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Баъд аз қисми илмӣ ва маросими ҷоизасупорӣ барномаи ҷолиби консертӣ, ки устодону донишҷӯёни донишкада омода карда буданд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Додоҷон РӮЗИЕВ