Дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 8-уми июни соли 2021 муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» Галимова Моҳинур Баротовна дар мавзӯи «Н. А. Крилов ва адабиёти тоҷик» (Масоили тарҷумаи масалҳои ӯ ба забони тоҷикӣ) аз рӯйи ихтисоси 10.01.08. — Назарияи адабиёт. Матншиносӣ, таҳти роҳбарии доктори илмҳои филология, профессор Муллоев Шариф Боқиевич рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.
Маврид ба зикр аст, ки мавзӯи мазкур аҳамияти вижаи назариявию амалӣ дошта, дар он масоили вобаста ба эҷодиёти намояндаи машҳури адабиёти классикии рус, масалнависи асри XVIII Иван Андреевич Крилов ва ҳамбастагии он бо адабиёти Шарқу Ғарб, таъсири адабиёти тоҷику форс ва ақидаҳои фалсафии Шарқ аз назари равшанфикронаи И. А. Крилов мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Новобаста аз таҳқиқоти зиёд ва густардаи адабиёти русу тоҷик, бахусус адабиёти муосир, муҳаққиқон боз ба масъалаҳои норӯшан ва таҳқиқталаби ин соҳаи илм дучор мешаванд. Бинобар ин, рисолаи мазкур таҳқиқоти муҳим ва саривақтии эҷодиёти И. А. Крилов ба забони тоҷикӣ ба шумор меравад ва барои пажӯҳишгарони ояндаи соҳаи адабиёти русу тоҷик як сарчашмаи муҳими илмӣ хоҳад буд.
Раёсати донишкада, ҳайати профессорону устодон ва кормандони кафедраи забонҳои хориҷӣ муаллимаи калони кафедра Галимова Моҳинур Баротовнаро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимона табрик намуда, ба ӯ дар корҳои минбаъдаи илмию омӯзгориаш комёбиҳо таманно менамоянд.