Дар доираи “Ҳафтаи илм” дар кафедраи созӣ – иҷрокунандагӣ конференсияи илмию назариявӣ бо иштироки устодону донишҷӯён ва котиби Шӯрои олимони донишкада Сино Қудратов баргузор шуд.
Нахуст намояндаи бахши илм ва рушди инноватсионӣ, котиби Шӯрои олимони донишкада Сино Қудратов суханронӣ намуда, ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшид.
Сипас мудири кафедра Т. Раззоқов перомуни мавзӯи «Нақши созҳои миллӣ дар рушди мусиқии тоҷик» баёни андеша намуд. Мавсуф, аз ҷумла дар бораи маънои вожаи “рубоб” маълумоти муфассал дода, зикр намуд, ки рубоб (рабоб) – сози қадимаи мусиқии халқи тоҷик буда, овози рӯшану дилошӯб ва гӯшинавоз дорад. Аз маъхазҳои адабӣ бармеояд, ки рубоб калимаи паҳлавии арабишудаи «равода» будааст. Ва маънояш «овози ҳазин баровардан» мебошад. Муҳаммад Ғиёсуддин соҳиби «Ғиёс-ул-луғот» бо далел аз луғатҳои пешин маънои рубобро чунин тафсир кардааст: «Рубоб-номи сози маъруф;… ва дар «Рашидӣ» ва «Муайид» ва «сарурӣ» ва «Кашф» ба маънои номи сози маъруф ба фатҳи аввал аст; ва дар «Бурҳон» навишта, ки рубоб (ба замми аввал) номи соз, ки он тамбӯрмонанде бувад бузургшикам ва кӯтоҳдаста ва бар рӯи он ба ҷои тахта пӯсти оҳу бошад. Ва дар «рисолаи муарраби равода аст. Ва маънии равода овози ҳазиндоранда аст, «ро»-и равод ба маънои овози ҳазин аст ва «бо» барои нисбат. Ва дар «Сироҷ» навишта, ки рабоб (Ба фатҳ) муарраби рубоб (ба зам) аст».
Муаллими кафедра Б. Шарипов дар мавзӯи «Рубоихонӣ ва мавқеи он дар миёни ҳунармандони ноҳияи Мастчоҳ» баромад кард ва ба саволҳои донишҷуёну устодон ҷавобҳои қонеъкунанда гардонд.
Устодони кафедра — Саидов Мустафо мавзӯъҳои «Ҳаёт ва фаъолияти Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Ёқубов», Маҳмадулло Тошев “Фаъолияти фанни оркестри факултаи мусиқии – омӯзгорӣ дар раванди таълим”, Нодира Сафарова “Нақши сози фортепиано дар рушди мусиқии касбӣ”, Бобоев Бахтиёр “Сози чанг аз нигоҳи устод Алмос Абдуллоев” ва Валиев Раҳматулло “Маълумоти мухтасар дар бораи пайдоиш ва ташаккули сози Ғиҷҷак” матраҳ намуданд, ки ба иштирокдорон писанд омад.
Бахтовар ШАРИПОВ,
муаллими калони кафедра