Таҳти ҳамин унвон 31 — уми марти соли равон тибқи нақша чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дар толори Шӯрои олимон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар семинар Зарина Зуҳурова — сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Душанбе, Саида Нурляминзода — муовини сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Душанбе, Ҳайдари Сабоҳат — дотсенти кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Академияи идоракунии давлатиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилором Сангинова — муовини ректор оид ба корҳои тарбия ва иҷтимоии МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», Муҳаббат Назарова — раиси Шӯрои занони донишкада иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабиниии мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани донишу малакаи сиёсии донишҷӯдухтарон, таъминии дастрасии духтарон ба хизмати давлатӣ, омода ва захира намудани кадрҳои ҷавон аз ҳисоби духтарон мебошад.
Зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини риояи ҳуқуқҳои бонувон ва таҳкими мақому манзалати онҳо дар ҷомеа мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ сиёсати давлатии занонро амалӣ намуда истодааст. Гуфта шуд, ки баҳри ҳалли масъалаҳои вобаста ҳаёти занону духтарон, таҳкими оила ва фарҳанги оиладорӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тадбирҳои муассир андешида, санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул ва мавриди иҷро қарор медиҳад.
Кароматулло ЮСУПОВ,
мудири шуъбаи кор бо ҷавонони
МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг
ва санъати Тоҷикистон ба номи
Мирзо Турсунзода»