Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 — уми январи соли 2021 ироа гардид, ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соли гузашта буда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян менамояд. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии ҷумҳурӣ пахш гардид, ки дар радифи мардуми кишвар ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандони Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” тавассути экрани калон дар толори консертии “Арғунун”- и донишкада бо рӯҳияи баланди ҳисси ватандорию ватанпарастӣ тамошо карданд.
Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Пешвои миллат, аз ҷумла зикр сохтанд, ки дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маорифафзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд. Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем. Дар ин росто, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ муваззаф гардиданд, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Дар Паёми Сарвари давлат, инчунин ба масоили фарогирии донишҳои замонавӣ, мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Бо назардошти боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ бо унвони «Илм — фурӯғи маърифат» гузаронида шавад. Зикр гардид, ки “озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем”. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати хешро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд.
Дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳарвақта ба ғолибони озмунҳо ва ҷавонони лаёқатманд ғамхории бемисл зоҳир намуда, Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро муваззаф намуданд, ки онҳоро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд. Ҳадафи Сарвари давлат аз ин иқдом баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад. Ҳамчунин, бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод гардид, ки стипендияи онҳо аз 1 — уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад.
Ин иқдоми наҷиб бори дигар аз шахсияти фарҳангӣ будани Сарвари давлат дарак дода, масъулияти ҷавонону донишҷӯёнро дучанд намуда, онҳоро ба арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат ҳидоят мекунад.
Пешвои муаззами миллат бо камоли қаноатмандӣ таъкид намуданд, ки ман ба неруи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем. Хурду бузурги мардуми кишвар бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки дар шароити пуртаззоду пурҳаводиси имрӯза ҳимояи неъмати барои ҳар як инсони баномус бузургтарину муқаддас – истиқлолу озодӣ кори саҳлу осон нест. Ҳифзи ин гавҳари бебаҳо аз ҳар яки мо саъю талош ва кӯшишу ғайрати шабонарӯзӣ, нангу номуси миллӣ, заҳмати содиқонаву фидокорона ва муҳимтар аз ҳама, иттиҳоду сарҷамъӣ мехоҳад.
Паёми навбатӣ чун дигар паёмҳои Сарвари давлат саршор аз ғурури миллӣ ва ифтихори ватандорӣ буда, ҳуҷҷати сабзи ормонҳои миллии мардуми тоҷик аст, ки яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000 — сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд. Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст.
Бо боварии комил гуфта метавонем, ки мардуми шарафманди мо бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва хислатҳои неку созандаашро ба кор бурда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.
Дар ҳақиқат, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дастури раҳнамоест, ки моро ба худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ҳидоят менамояд. Ҳайати профессорону устодони МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ҳар як нуктаи дар Паёми Пешвои муаззами миллат баёншударо мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои фарҳангу ҳунар беш аз ҳарвақта саъю талош хоҳанд кард.
Муҳриддин НИЗОМӢ,
доктори илмҳои филологӣ, профессор