Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” 11 — уми январ бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” (солҳои 2019-2021) мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни омӯзгорон ва кормандони донишкада оѓоз гардид, ки то 25-уми январ идома меёбад.

Дар оғози чорабинии варзишӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин  Низомӣ суханронӣ намуда,  зикр кард, ки рушди соҳаи варзиш дар мамлакат дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва ин намунаи олии арҷгузории корнамоии варзишгарону мураббиён ба шумор меравад. Мавсуф ба ҳайати дастаҳое, ки дар мусобиқа иштирок мекунанд, муваффақият таманно карда, иброз дошт, ки раёсати донишкада ба масъалаи тайёрии ҷисмонии донишҷӯёну устодони донишкада ва омодагии рӯҳию равонии кормандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба онҳо тамоми шароитҳои зарурии барои ба варзиш машғул шудан ва ташкилу баргузор намудани мусобиқаҳои варзиширо муҳайё гардонидааст. Зеро тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҳама давру замонҳо барои инсонҳо аҳамияти муҳим дошта, яке аз омилҳои асосии тандурустӣ ва ташаккули шахсияти ҷисман ва рӯҳан солим ба шумор меравад.

Мақсад аз гузаронидани мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва муайян намудани дастаи мунтахаби донишкада оид ба волейбол мебошад. Дастаҳои ғолиби ҷойи аввал бо ҷом, диплом, нишони варзишӣ, ҷойҳои дуюм ва сеюм бо диплому нишонҳои варзишӣ ва бозингарони беҳтарин бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Бо ибтикори раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” минбаъд низ чунин мусобиқаҳои варзишӣ оид ба дигар намудҳои варзиш гузаронида шуда, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани рӯҳияи равонии кормандон ба тарзи густурда ба роҳ монда мешавад.

Синои АБУАЛӢ