Сухани табрикии ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ба ифтихори ҷашни 29 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омӯзгорони арҷманд, шогирдони азиз!

Шуморо ба муносибати ҷашни мубораку муқаддаси миллиамон-бистунуҳсолагии Истиқлолияти давлатӣ, ки он сатҳи худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги кишварро ба зинаи нав бардошт ва дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз мебошад, самимона табрику муборакбод намуда, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, бахту иқболи нек, рӯзгори осудаву обод, сарбаландию сарфарозӣ ва дар кору таҳсилатон муваффақиятҳои беназир орзумандам.

Таҷлили ҳамасолаи Истиқлолияти давлатӣ далели эҳтироми баланди сокинони кишвар ба ин ҷашни бузурги муқаддас дар ҳаёти ҷамъиятии давлатамон аст. Зеро маҳз ба шарофати ҳамин рӯйдоди муҳимми таърихӣ миллати мо ҳуқуқи соҳибихтиёрона муайян намудани ҳаёти ҷамъиятию сиёсии худ ва шарики равандҳои гуногунҷанбаи ҷаҳони имрӯз гаштанашро ба даст овард. Барои ноил омадан ба чунин саодати беназир наслҳои гуногуни миллати куҳанбунёдамон бо кору пайкори созандаашон саҳмгузорӣ намудаанд ва наслҳои имрӯз аз он сабақ гирифта, ин амалҳоро бо ифтихору сарфарозӣ идома мебахшанд. Бахусус, дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта миллати сарбаланди мо бо чунин фидокориҳо Истиқлолияти давлатии кишварамонро истеҳком бахшид ва бо рафъи мушкилоти сангини аз ҷониби бадхоҳони дохилию берунӣ ба сари мардум таҳмилшуда рушди минбаъдаи Тоҷикистонро таъмин намуд.

Корнамоии бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он марҳалаи тақдирсоз аз вартаи парокандагӣ раҳонидани Ватан ва аз гуруснагию бенавоӣ наҷот додани миллат буд. Ба шарофати иродаи тавоно ва ҷасорату диловарии Президенти мамлакат рӯшноӣ бар ҷаҳолат ва торикӣ ғолиб омад. Чунин корнамоию қаҳрамонӣ, худафрӯзию ҷонбозии фарзанди фарзонаашро халқи қадршиноси тоҷик дар ҳамон рӯзҳои сахту душвор шинохт, аз пайи Сарвари пурҷасорати худ рафт ва ҳарчӣ хост, ёфт. Ин ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллатро ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сазовор донистанд, як ҳадяи муқаррарии тақдир не, балки натиҷаи орзую ормони мардуми сипосгузори тоҷик аст.

Маврид ба зикри хос аст, ки Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ ба фарҳанг такя мекарданд ва имрӯз низ корбаст аз фарҳанги миллӣ шеваи фаъолияти доманадорашон мебошад. Таҷлили чорабиниҳои фарҳангӣ, симпозиуму конфронсҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ бахшида ба таҷлили солгарди фарзандони барӯманди миллат, ҷашн гирифтани санаҳои бузурги фарҳангӣ, бунёди иншооти замонавӣ, барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, эҳёи суннатҳо ва анъанаҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги пурғановати миллӣ тавассути роҳандозии чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва ғайра дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат қарор доштанду доранд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат дар баробари дигар соҳаҳо ба инкишофи соҳаи мусиқӣ, тарбияи кадрҳои ҷавобгӯи талаботи замон, ба оммаи васеи мардум дастрас намудани беҳтарин дастовардҳои санъат таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Маҳз бо ибтикори Сарвари давлат дар донишкада, 26 июни соли 2011, толори нави консертӣ ва сози мусиқии арғунун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Боиси ифтихору сарбаландии мо-устодону донишҷӯёни донишкада аст, ки дар ин чорабинии муҳимми фарҳангӣ аввалин маротиба Суруди миллии Тоҷикистон бо ҳамовозии сози арғунун садо дод. Сарвари давлат, ки дар маросими ифтитоҳои толори консертӣ иштирок ва суханронӣ намуданд, аз ҷумла зикр сохтанд: «минбаъд бо ин сози бузург на танҳо мусиқии классикони ҷаҳонӣ, балки суруду таронаҳои тоҷикӣ низ иҷро мегарданд ва навои рӯҳафзои сози арғунун дар фазои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол танинандоз хоҳад гардид».

         Ҳозирини гиромӣ!

Ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона дар даврони соҳибистиқлолии Ватан аз устодону омӯзгорон, олимону донишмандон ва дар маҷмӯъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо доранд, ки, пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар ҷалб карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар рӯҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд. Равандҳои замони муосир аҳли маориф, аз ҷумла ҳайати профессорону устодони донишкадаи моро водор месозанд, ки дар тарғиби моҳияти истиқлолу озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла забон, таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ саҳми калидӣ дошта бошанд, баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот ҳамасола иқдом меварзад.

Дар ин самт дар донишкада корҳои муайян ба субут расонда шудаанд. Аз ҷумла, соли гузашта маҳз тавассути дастгирии роҳбарияти олии кишвар ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар донишкада бинои иловагии таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки самараи Истиқлолияти давлатӣ ва рушди соҳаи фарҳанги кишвари соҳибистиқлоламон мебошад. Ҳамзамон, ба шарофат касби Истиқлолияти давлатӣ дар доираи транши 2 — юми лоиҳаи “Мукаммалнамоии низоми маълумот аз рӯи ихтисосҳои фарҳанг ва санъат дар асоси коркард ва амалинамоии барномаҳои таълимӣ ва мутобиқнамоии онҳо ба стандартҳои аврупоӣ” синфхонаи санъатшиносӣ, маркази захиравии “фарҳанг ва санъат” таъмир гардида, сохтмони чопхонаи донишкада ба охир расида, муҷаҳҳагардонии он идома дорад. Дар доираи лоиҳаи грантии “Тайёр намудани мутахассисони соҳаи васоити ахбори оммаи электронӣ дар шароити гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ” бошад, студияи таълимӣ, лабораторияи таълимӣ ва синфхонаҳои махсуси таълимӣ, ки барои ихтисосҳои ВАОЭ пешбинӣ гардидаанд, аз таъмир бароварда шуда, бо мебел, курсӣ ва миз муҷаҳҳаз гардонда шуданд.

 Ҳозирини муҳтарам!

Қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳимми давлатӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори олимону омӯзгорон такони ҷиддӣ бахшид. Ҳоло пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла донишкадаи мо сол ба сол пурқувват шуда, технологияҳои муосир ба низоми таҳсилот пурра ворид гардида истодаанд. Ҳамаи ин иқдомот ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба сатҳу сифати таълим таъсири мусбат расонида истодаанд.

Бори дигар Шумо — ҳозирини гиромиро ба муносибати бистунуҳсолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ин ҷашни бузурги муқаддас самимона табрик гуфта, бароятон бахту саодат ва дар кору рӯзгоратон дастовардҳои рӯзафзун таманно менамоям.

 

Ба таваҷҷуҳатон ташаккур!