Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” филми мустанади “Хиёнат” ба намоиш гузошта шуд, ки дар он кирдорҳои нобахшидании роҳбар ва аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ комилан фош карда шудаанд.
Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ перомуни филми мазкур ибрози назар намуда, зикр сохт, ки он дар асоси далелҳои раднашаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст. Таҳиягарони филм тавонистаанд, ки ба амалҳои ҳизб ва аъзои хиёнатпешаи он баҳои дуруст ва ҳаққонӣ дода, манзараи таърихи сиёсии кишварро мунсифона тасвир намоянд.
Ба гуфтаи ректори донишкада, дар филми мустанади “Хиёнат” таърихи хиёнаткориҳои Ташкилоти террористӣ — экстремистии ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ, амалҳои ғаразнок, олудаи фисқу фасоди сарвари он Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш фош гардидааст. Филми мазкур инъикоскунандаи ҳақиқати таърих буда, симои террористон — хоинони Ватан, бахусус Кабирию тарафдоронашро барҷаста ифода мекунад. Қаҳрамонҳои филм иштирокчиёни бевоситаи воқеаҳои хунини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мебошанд. Тамошои филм бори дигар зоҳиру ботини ин хиёнаткорон, қаллобиву фасодкорӣ ва ҷиноятҳои нобахшидании онҳоро ба ҷомеаи шаҳрвандӣ нишон дод. Мусаллам аст, ки ноором кардани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, дар хатар андохтани амнияти давлатҳои минтақа, барангехтани кинаю адоват ва низоъ дар байни мардум, паст задани шаъну эътибор ва дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самти асосии пешгирифтаи ин гурӯҳи хиёнатпеша буда, онҳо барномаи дигар, ки ба манфиати мардуми кишвар бошад, надоранд ва манфиатҳои худро болотар аз ҳамаи арзишу идеалҳои ҷамъиятӣ мегузоранд.
Фарҳод Мирахмедов – муовини ректор оид ба таълим тазаккур дод, ки наҳзатиён ба қадри бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона ҳеҷ гоҳ расида наметавонанд, чунки идеологияи онҳо ин мафҳумҳоро истисно мекунад. Истисмори омма, суиистифода аз боварии мардум, иғвоангезӣ, бегонапарастӣ, режими теократӣ мафҳумҳои муқаррарии луғати онҳо аст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ин ҷинояткорони мардумозор ҳаргиз ба мақсади нопоки худ нахоҳанд расид.
Мо мардуми ватандӯсти кишвар чунин амалҳои ваҳшиёнаи наҳзатиёнро маҳкум сохта, гуфтанием, ки ин гурӯҳ аслан дар бораи Ватан ва ватандорӣ ҳуқуқи сухан карданро надоранд. Мо-устодон зимни баргузориии суҳбату вохӯриҳо донишҷӯёнро пайваста ҳушдор медиҳем, ки ҳушёру зирак бошанд, фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар кишвар мамнӯъ нашаванд ва дар пойдории осудагию тинҷӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ба андешаи декани факултаи фарҳангшиносӣ Мастон Умедов, таҳиягарони филм аз ҳақиқати таърих ҳарф зада, тамошобинро ба зиракии сиёсӣ, ба ҳимояи ҳокимияти конститутсионӣ, садоқат ба ватану миллат ҳидоят мекунанд. Манзараҳо ва муҳтавои филм моро ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллати худ сабақ омӯзем, фирефтаи доми хоинони миллат нашуда, барои ободтару шукуфо шудани Ватани азизи худ – Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷидду ҷаҳд намоем. Боварии комил дорем, ки аз дасти ин афроди зархариду ватанфурӯш ҳеҷ коре намеояд, ва миллати бузургу сулҳпарвари мо фирефтаи найрангҳои онҳо нахоҳад шуд.
Тамошобинон аз тамошои филми «Хиёнат» ғизои маънавию рӯҳӣ бардошта, ҳамагӣ ба ин назар буданд, ки таҳиягарони филм симои аслии наҳзатиёнро бори дигар дақиқу рӯшан бо далелҳои раднашаванда ба мардуми тоҷик нишон дода, дасисаю иғвоангезии онҳоро фош намудаанд. Миллати тоҷик дубора мутмаин гаштанд, ки Ҳизби террорисӣ-экстремистии наҳзати исломӣ бо хиёнатҳои пай дар пайи худ рахна ба марзи пойдории мазҳабу ҳувияти миллии мардум зада, дар зери фармони хоҷаҳои хориҷиашон будаанд. Онҳо бо ин амалҳои зишташон ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд ва дар ҷомеаи сулҳпарвару фарҳангдӯсти мо ҷойгоҳ нахоҳанд ёфт. Ватан монанди модар яктову муқаддасу бемисл буда, барои ҳар як ватандор гиромиву азиз аст. Ватан – Модар тамоми ҷурму гуноҳҳои баъзе фарзандонашро бахшида, онҳоро дар домони биҳиштияш ҷой дода мепарварад, аммо хиёнат ба Ватан ҳаргиз бахшида намешавад ва онҳое, ки ба Ватану Миллат хиёнат кардаанд, ҳамеша дар саҳифаҳои таърих ва дар афкори насли имрӯзу фардо хиёнаткору разил боқӣ мемонанд.
Суҳроб ЗОКИРОВ,
Султон ҚОСИМОВ,
кормандони МДТ “Донишкадаи давлатии
фарҳанг ва санъати Тоҷикистон
ба номи Мирзо Турсунзода”