Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», 28 августи соли равон, бо мақсади ба донишҷӯён додани иттилои бештар оид ба бемории сироятии коронавирус дар мавзӯи «Вазъи бемории сироятии коронавирус дар ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои дар ин самт анҷомдодашуда ва роҳҳои пешгирии хуруҷи бемории мазкур ва таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон» вохӯрӣ доир гардид.
Дар он муовини сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Абдураҳмон Тавурзода, корманди раёсати мазкур Тоҳир Шаҳобзода, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.
Ба вохӯрӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, зимнан иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии паҳншавии коронавируси нав (COVID-19) тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Бо дастури бевоситаи Сарвари давлат «Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд, ки пайгирона ба ҳалли масъалаҳои марбут ба тадбирҳои таъмини амнияти саломатии шаҳрвандон, андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии коронавирус ва таъмини аҳолии мамлакат бо ғизо ва доруворӣ машғул аст.
Бар пояи иттилои ректори донишкада, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 17 апрели соли 2020 баргузор гардид, дар бораи муқобила бо бемории ҳамагир ба мардуми ҷумҳурӣ муроҷиат намуда буданд. Аз ҷумла, дар суханронии худ Сарвари давлат ба тадбирҳое, ки Ҳукумати мамлакат бобати пешгирии сироят ва паҳншавии коронавирус меандешад, инчунин ба иқдомҳои дигар баҳри мусоидат ба рушди иқтисодии мамлакат ҷиҳати рафъи пайомадҳои ҳамагирии ин беморӣ таъкид карданд. Қаблан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар чораҳо ба намояндагони Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президент дастур дода буданд, ки ҳамроҳ бо роҳбарони мақомот ва сохторҳои маҳаллӣ корҳои тавзеҳотиро анҷом дода, ба иҷро гардидани қарорҳо ҷиҳати пешгирии паҳншавии ин вирус мусоидат намоянд. Дар натиҷаи саъю талошҳои Ҳукумати мамлакат ва заҳмати фидокоронаи кормандони соҳаи тандурустӣ имрӯзҳо шиддати ин беморӣ хеле паст шуд ва хушбахтона, дари ҳамаи муассисаҳои таълимӣ барои толибилмон боз гардид.
Дар донишкада масъалаи пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар меҳвари таваҷҷуҳи раёсати донишкада қарор гирифта, дар ин самт тадбирҳои муассир андешида шудаанд. Бинои донишкада ва хобгоҳ аз ҷониби корхонаи “Фавз” бо маҳлули гипохлорид бар зидди бемориҳои сироатӣ 3 маротиба коркард карда шуд. Ҳамзамон, кормандони хоҷагӣ ва мутахассиси санитарии донишкада барои пешгирии ин беморӣ дастаи дарҳои корӣ, синфхонаҳо ва утоқҳои ёрирасонро ҳамарӯза бо маҳлули гипохлориди 5% безарар мегардонанд. Дастони кормандон, устодон, донишҷӯён ва меҳмонон бо маҳлули антисептикии 95% пайваста тоза карда шуда, ҳарорати онҳо санҷида мешавад.
Сипас, сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Абдураҳмон Тавурзода перомуни вазъи бемории сироятии коронавирус дар ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал ироа дошта, зикр сохт, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи паҳншавии бемории сироятии коронавирус то андозае гирифта шуд. Бо мақсади дастгирии табибон ва ҳамшираҳои шафқат бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020 иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи тиб дар ҳаҷми 12,4 миллион сомонӣ ба имзо расид. Ҳамзамон бо ин, барои бо маводи ғизоӣ таъмин намудани беморхонаҳо зиёда аз 11 миллион сомонӣ ҷудо гардида, саривақт ба муассисаҳои тиббӣ расонда шуд.
Абдураҳмон Тавурзода оид ба роҳҳои пешгирии паҳншавии коронавирус ибрози андеша намуда, тазаккур дод, ки “бо мақсади пешгирии хуруҷи дуюмбораи ин бемории сироятӣ тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2020, №1698 дар моддаҳои 112 ва 113 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд”. Ба гуфтаи ӯ, тибқи талаботи моддаи 112 кодекси мазкур барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ, инчунин иҷро накардани чорабиниҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ ҷарима муқаррар карда шудааст. Дар асоси муқаррароти моддаи 113 бошад, барои дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бар хилофи талаботи махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ бе ниқоб қарор доштан низ чораҳои дахлдори қонунгузории амалкунанда муқаррарнамударо татбиқ менамояд, аз ҷумла ҷарима ба андозаи аз 116 то 290 сомонӣ ситонида мешавад.
Бино ба иттилои сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, “ин чораҳо, пеш аз ҳама, барои эмин нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ пешбинӣ шуда, риояи қатъии онҳо дар давраи пандемия ҳатмӣ мебошанд”.
Дар вохӯрӣ, инчунин, ба масъалаи вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Абдураҳмон Тавурзода иброз дошт, ки бо вуҷуди чораҳои андешидаи Вазорати корҳои дохилӣ дар самти пешгирии ҳуқуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон то ба имрӯз масъалаи мазкур нигаронкунанда ва ташвишовар боқӣ мемонад. Масалан, дар 7 моҳи соли 2020 дар миқёси ҷумҳурӣ аз тарафи ноболиғон 448 ҳолати ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2019 (425) 23 ҳолат ё 5,4% зиёд мебошад.
Абдураҳмон Тавурзода омилҳои асосии баландшавии сатҳи ҷинояткорӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо дар байни ноболиғону ҷавононро, аз ҷумла дар нокифоя будани таълиму тарбия дар кулли муассисаҳои таълимӣ, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани падару модар ва вогузор намудани тарбияи ноболиғон ба хешовандон, зиёд гардидани марказҳои букмекерӣ, компютерӣ ва кафе-интернетҳо дар наздикии биноҳои муассисаҳои таълимӣ, бетарафӣ зоҳир намудани падару модар, шахсони онҳоро ивазкунанда, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа дар таълиму тарбияи насли наврас маънидод кард. Таъкид ба амал омад, ки барои коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, инчунин, ислоҳи дигар камбудиҳои мавҷуда натанҳо мақомоти дахлдор, балки аҳли ҷомеа бояд саъю талоши доимӣ намояд.
Дар вохӯрӣ перомуни дигар паҳлуҳои мавзӯи мавриди баҳс байни устодону донишҷӯён ва намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
Додоҷон РӮЗИЕВ