Имрӯзҳо мушкилоти эпидемии бо ҷомеаҳои муосир гиребонгир таҳти унвони КОВИД-2019 ба тадриҷ тасаввуроти одамонро ба сӯи дарки зарурияти бознигарии тавонмандию манзалати низомҳои ҷории сиёсӣ дар ташкили  мувафақонаи ҳаёти дастаҷамъонаи куллияти инсонӣ ҷалб карда истодааст. Мутассифона, дар ин маврид вобаста ба иттилооте, ки тавассути васоити ахбори омма ҳамарӯза дар ихтиёри ҳамагон қарор мегирад,назари одамон ба ин масъала на ҳама вақт хӯшбинона буда, балки дар бештари маврид онҳоро эҳсоси аламзадагию таассуфбор аз танҳомондагию  оҷизӣ дар мубориза бо ин хатарфаро гирифта аст. Зеро ҷавобан дар рӯ ба рӯи зуҳури ҳаводиси аҳёнан маргбори эпидемии КОВИД-19 аксари низомҳои гуногуни иҷтимоию сиёсӣ аксуламалҳои низоммандона (системавӣ) пешкаш карда натавонистанд ва инро мушоҳидон ҳамчун аломати заъфи фаъолияти онҳо тасаввур менамоянд. Бархе аз таҳлилгарон бо бардошт аз ин ҳолатҳо боҷуръатона исрор мекунанд, ки низоми барқарори ҷаҳони муосир пас аз анҷоми ин ҳаводис на он гунае акнун хоҳад буд, ки то ҳол вуҷуд дошт. Ишора ба ин масъала дар мақолаи сиёсатмадору муҳаққиқи саршиноси амрикоӣ Г. Киссенҷер низ таҳти унвони «Пандемияи коронавирус тартиботи ҷаҳониро бебозгашт тағйир хоҳад дод» бо далелҳои боэътимод ҷой дода шудааст.Аз ҷумла ӯ мефармояд, ки: «Ҳарчанд таҳоҷум ба саломатии инсон, итминон дорем, зуд даргузар хоҳад буд, вале такконҳои сиёсӣ ва иқтисодии он тӯли умри чандин наслҳо идома хоҳад ёфт».Ин қазоват пеш аз ҳама ба он низомҳои фаромиллие ишора менамояд, ки дар минтақаҳои гуногун то имрӯз даст ба рӯи маҳдуд кардани салоҳиятҳои давлатҳои миллӣ, бардоштани сарҳадҳои миллӣ, маҳдуд кардани мавқеи моликияти ҷамъиятӣ, пурра дар ихтиёри гурӯҳҳои моливӣ қарор додани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва ғайра дароз намуда буданд.

   Буҳрони эпидемии зикршуда дар он минтақаҳои олам бештар асаргузор шуд, ки дар он ҷо маҳз падидаҳои мазкур ба хотири вусъати равандҳои ҷаҳонишавӣ таваҷҷӯҳ ба истеҳкоми пояҳои давлати миллӣ то андозае камтар гардида, талошҳо барои маҳдуд кардани мавқеи моликияти ҷамъиятӣ, пурра дар ихтиёри гурӯҳҳои моливӣ қарор додани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва ғайра дар ҷисми аксари низомҳои сиёсӣ сироят намуда буд. Бинобар ин баъзе муҳаққиқон аксуламали мувафақонаи низомҳои иҷтимоии дар Чин ва баъзе аз кишварҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла Беларусия, Тоҷикистон, амалкунандаро ба он вобаста медонанд, ки дар ин ҷо баръакси татбиқи тавсияҳои боисроронаи низомҳои фаромиллӣ бо эъломи низоми давлати иҷтимоӣ масъулияти пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоиро онҳо пурра аз зиммаи худ канор наандохтанд. Баръакс дар кишварҳое, ки бо маҳдудсозии мавқеи моликияти ҷамъиятӣ дар самти хизматрасониҳои иҷтимоию беҳдоштӣ бештар дар ихтиёри гурӯҳҳои моливӣ қарор дода шуданд, новобаста ба баъзе аз афзалиятҳои пешниҳоди хизматрасониҳои босифат барои гурӯҳҳои дорои имконияти беҳтари молиявӣ, вале дар умум барои доираи васеи мардум дар лаҳзаҳои фавқуллодаи эпидемӣ боиси авҷи буҳрон гардиданд. Дар бисёр маврид инчунин заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дар ҳолатҳои фавқуллода чӣ гуна ройгону оҷилан барои рафъи эҳтиёҷи ҷамъиятӣ вогузор кардани имкониятҳои муассисаҳои хусусии соҳавӣ мушаххас дар ихтиёри ниҳодҳои давлатӣ вуҷуд надошт. Масалан, дар яке аз кишварҳои пешрафта, тибқи иттилооти расонаҳои хабарӣ, нафари муҳтоҷи кӯмаки фаврӣ бо ҷурми надоштани суғуртаи иҷтимоӣ дар муассисаи тиббӣ оҷилан ҷой пайдо карда натавонист ва ҷони худро бохт. Ин ва дигар ҳолатҳои таассуфбортаъсири манфии худро дар зербинои иртибототии бештари давлатҳо ва ҷомеаҳо гузоштанд ва ҳусни тафоҳуми табақаҳои ниёзманди аҳолӣакнун ба баъзе аз низомҳои ҷории сиёсӣ ва мафкуравӣтадриҷан дучори буҳрони шадид гашта истодааст.

   Дар бештари таҳлилҳои имрӯз нашршаванда таҳлилгарон зуҳури ин буҳронҳоро ба сифати имтиҳони ҷиддие барои рушди минбаъдаи мафкураҳои аз як тараф бевосита ба дастгирии ғаризаҳои табиии инсон ва аз тарафи дигар ба маҳдудсозии оқилонаи онҳо нигаронидашуда арзёбӣ менамоянд. Дар қиболи буҳронҳои эҷоднамудаи вируси тоҷшакл, ки табларзаи шадиде имрӯз на танҳо дар колбади инсонҳо, балки дар ҷисми аксари ҷомеаҳо низ ба вуҷуд овардааст, ба сароҳат ақли башарӣ акнун дарк намуд, ки афзалиятдиҳии бештари ғаризаҳои табиӣ бар ивази ваҳдату дастгирии ҳамдигарӣ барои нигоҳдории устувори пояҳои низоми сиёсӣ, қобилияти истодагарӣ кардан нисбати хатарҳои ғайрианъанавии муосир манфиатнок нест. Инро яке аз сиёсатмадорони маъруфи имрӯзи Олмон Габриэл Зигмар дар мақолааш «Пандемия ваҳдати аврупоиро то дараҷаичоранопазирӣ суст мекунад» боовардани далелҳои мӯътамад аз вазъи ба вуҷуд овардаи вируси тоҷшакл, ки баъзан боисихудро канор гирифтани кишварҳои алоҳидаи Иттиҳоди Аврупо низ аз дастгириҳои тарафайн ба хотири раҳоиидастаҷамъона аз панҷаи ин вабои аср шудааст, бо таассуф иброз медорад. Ӯ таъкид месозад, ки мундариҷаи равобити инсонӣ дар ин гуна мавридҳо бояд на ҳамчун арсаи холиси рақобати молиявию судбарӣ, балки бояд анбоштаи ҳиссиёти баланди инсонии ҳамшарикӣ бо мусибати якдигар бошад, то ин ки зуҳури амали мазкур аламзадагии ҷониби дигарро, ки айни замон дучори мусибат гаштааст, то андозае таскин дода тавонад.

   Ба андешаи мо таваҷҷӯҳба дарки масъалаи матраҳгардида барои ҳамаи ҷомеаҳо новобаста аз навъи низоми ҷории сиёсияшон корсоз аст, зеро ҳадафи бунёдию ниҳоии бештари онҳо пешниҳоди саодати иҷтимоӣ ба мардум мебошад. Дар ҳоле ки саодати инсониро аз он низоми иҷтимоию сиёсие метавон интизор шуд, ки дороии ҷамъиятиро ҳамеша барои хидмати бештару саривақтии мардум новобаста аз мақоми иҷтимоияшон, балки танҳо ба хотири узви иттиҳоди як куллияти инсонӣ буданашон пешниҳод карда метавонад. Ҳодисаҳои ахири ҷаҳони имрӯз гувоҳи онанд, ки дар сурате ки баъзе кишварҳо бар асари арзишҳои мафкуравӣ чунин дороиҳоро дар ихтиёри гурӯҳи маҳдуди молиявӣ қарор медиҳанд ё баъзеашон дучори даргириҳои дохилиянд, мутаассифона, қобилияту имконияти саривақт ба мушкилоти фавқуллодаи мардум расиданро аз даст медиҳанд ва боиси афзоиши қурбониҳои зиёд мегарданд.Чуноне қаблан ёдовар шудем, зимни мушкилоти печидаи  расмиёти дар шифохона қарор додани мубталои бемории вируси тоҷшакл таъхиркорӣ боиси марги инсон дар кишвари дорои низоми сармоядории саноатии пешрафтаи модернӣ гардид, ки ин боиси нигаронӣ ва ҳушдор ба гурӯҳу низомҳои фаромиллие аст, ки ба кишварҳои рӯ ба инкишоф ҳамеша аз мавқеи ҷазмиёти тангназаронаи манфиатҳои иқтисодӣтавсияҳои ҳамкорӣ медиҳанд. Ҳодисаҳои ҷаҳони имрӯз собит сохтанд, ки таҳдиди фарогири ин вабои аср ба ҳамагон новобаста аз мақому дороии беинтиҳо вуҷуд дорад ва ин масъулони ниҳодҳои гуногунсатҳро водор месозад акнун ба ин мушкилот аз мавқеи мушоҳидакорӣ нанигаранд ва кӯшиш намоянд дар уммеду орзӯҳои мардумба зиндагии бехатар насими тоза ворид созанд.

   Мушкилоти навзуҳури ҷаҳони муосир ва сайъу талош, чорабиниҳои дар қиболи пешгирии он андешида шуда истодаи ҷомеаҳо гувоҳи онанд, ки самараи кӯшишҳои давлатҳои миллӣ нисбат ба низомҳои фаромиллии сиёсӣ бештар мушоҳида мегардад. Мушоҳидаи мазкурро баъзе таҳлилгарон алорағми қазовати ҷонибдорони ҷазмии равандҳоиҷаҳонишавӣ оид ба афзалиятёбии мақоми доварии ниҳодҳои фаромиллӣ ҳамчун намунаи исботи ҳузури мувафақонаи давлатҳои миллӣ дар саҳнаи сиёсати байналмилалии муосир арзёбӣ намуданд.Минбаъд интизор меравад, ки зуҳури кӯшишу талошҳо барои эҷоди навъе гусастагии ҳуввияту эътимоди мардум ва низомҳои марбут ба давлатҳои миллӣ, фарохонии беибоёна ба инқилобҳои ранга, ташкили ҳуҷумҳои иттилоотӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ алайҳи давлатҳои миллӣ, аз ҷумла аз ҷониби афроди тангназару бадбиннисбати фазои мӯътадили ҳаёти сиёсию ҷамъиятии Тоҷикистон, ба асари сабақҳои ҳаётии имрӯзаи гирифташуда дар қиболи таҳдиду хатарҳои ғайрианъанавӣ дастгирии васеъ пайдо нахоҳад кард.

   Тадбирҳои андешидаи давлати Тоҷикистон дар шароити мушкилоти марбут ба паҳншавии глобалии коронавирус, аз ҷумла ташкили дидбонгоҳҳои назорати шабонарӯзии санитарию беҳдоштӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, ба давраҳои карантинӣ фаро гирифтани шахсони аз минтақаҳои паҳнгаштаи бемории мазкур, баланд бардоштани огоҳсозии ҷомеа вобаста ба зарурияти риояи талаботҳои санитарию беҳдоштии фардӣ хеле системанок, санҷидашуда ва ақлгароёна буданд. Аз ин рӯ, хушбахтона то имрӯз дар мамлакат тибқи маълумоти расмӣ ва изҳороти ниҳодҳои байналмилалӣнишонаҳои сироятёбии одамон ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Парлумони мамлакат низ дар ин самт имрӯзҳо фаъолияти муназзаму ҳадафмандро ба роҳ монда аст, ки ин дар фаъолияти таҳия ва қабули санадҳои дахлдори меъёрӣ-ҳуқуқӣ, густариши ҳамкориҳои судманд бо дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғайра ифода меёбад. Масалан, дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрел Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат бо вируси COVID- 19 дар Тоҷикистон қабул гардид, ки тибқи он роҳандозии чандин чорабиниҳои техникию беҳдошти дар ин самт дар назар дошта шудааст.

   Аз ин рӯ, новобаста аз он ки зеҳну шуури аъзоёни ҷомеа имрӯз машғули ташвишҳои таъмини ниёзҳои рӯзмарраи худ мебошад, ҷалби ҳамешагии таваҷҷӯҳи онҳо ба дарки зарурияти пуштибонӣ аз манфиатҳои давлати миллиямон дар қиболи хатарҳои ғайрианъанавии глобалӣ, эътимод ба қудрати истодагарии ҷомеа дар муқобили ин таҳдидҳо хеле муҳим аст. Ҳамчунин бояд махзани иттилоотии мардум пайваста вобаста ба ин ҳодисаҳо аз сарчашмаҳои мӯътамад тавассути васоити ахбори оммаи мамлакат пур карда шавад, вагарна зуҳуриҳаргуна иттилооти ғаразноку носанҷида боиси авҷи изтиробу таҳаллука мегардад, ки ба манфиати устувории суботи ҷомеа нест.

Усмонзода Хайридин Усмон профессор,

узви Фраксияи ҲХДТ дар Мн МО ҶТ

Манбаъ:https://www.parlament.tj/news/80-nizom-oi-muosiri-am-iyatiro-dar-iboli-ta-did-oi-virusi-to-shakl-ch-intizor-ast-