Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», 4 март, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва 108-солагии матбуоти тоҷик таҳти унвони «Нақши WEB-журналистика дар замони муосир: мушкилот ва дурнамо» конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия – Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ, устодону донишҷӯёни МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар ҳузур доштанд.
Муҳриддин Низомӣ, ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ бо сухани ифтитоҳӣ ба конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ ҳусни оѓоз бахшида, иброз дошт, ки имрӯз воситаҳои ахбори оммаи электронӣ барои мардум аз ҳама бештар дастрас мебошанд. Таваҷҷуҳ ба Интернет рӯз ба рӯз афзуда, технологияҳои иттилоотӣ бо суръати тез пеш рафта истодаанд. Вобаста ба ин, дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди воситаҳои ахбори оммаи электронии тоҷик пойдевори мустаҳкам гузошта шуд. Барои мисол, дар соҳаи телевизион то соҳибистиқлолӣ танҳо як телевизион бо номи “Тоҷикистон” амал мекарда бошад, баъди касби истиқлолият дар шаҳру навоҳии кишвар 31 телевизиони ғайридавлатӣ ва 7 телевизиони нави давлатии соҳавӣ таъсис ёфта, фаъолият мекунанд.
Ректори донишкада перомуни сифати барномаҳои телевизионӣ ибрози назар намуда, зикр сохт, ки агар барномаи ба тамошобин пешниҳодшуда пурмуҳтаво,ҷолиб ва дархӯри аҳли ҷомеа бошад, мардум ба ҳеҷ ваҷҳ барномаи ғайрикасбиро тамошо намекунанд. Аз ин рӯ, касбият дар телевизион масъалаи рақами як ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин ва талаботи замон мебояд, ки ба сифати тарбияи кадрҳои соҳаи воситаҳои ахбори оммаи электронӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад.
Бар пояи иттилои Муҳриддин Низомӣ, имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисоси журналист мутахассис тайёр карда мешавад. Аз ҷумла, дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ фаъолият менамояд, ки дар тарбияи журналистони воситаҳои ахбори электронӣ саҳми фаъол дорад. Зикр гардид, ки дар соли таҳсили 2020-2021 бо ихтисосҳои “WEB-журналистика” ва “PR-робита бо ҷомеа” довталабон ба Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” қабул карда мешаванд, ки ин иқдом дар пешрафти соҳа мусоидат хоҳад кард.
Зулфиддин Муъминҷонов, декани факултаи режиссура, кино ва телевизиони Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”, доктори илмҳои филологӣ мавзӯи «Нақ ши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди воситаҳои ахбори оммаи электронӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро ба риштаи таҳлил кашида, зимнан тазаккур дод, ки баъд аз касби истиқлолият бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рушди воситаҳои ахбори оммаи электронӣ заминаи мустаҳкам гузошта шуд. Аз ҷиҳати технология телевизионҳои давлатӣ пурра ба формати HD, яъне рақамӣ гузашта, сифати пахши онҳо ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ гаштааст. Таъкид ба амал омад, ки технологияҳои иттилоотии замони муосир дар ҷомеаи иттилоотӣ, пеш аз ҳама, ба муносибатҳо ва ниҳодҳои сиёсӣ таъсири амиқ расонда, шаклҳои зоҳиршавии сиёсиро дигаргун месозанд. Дар чунин шароит роҳу усулҳои таъсиррасон ба афкори ҷамъиятӣ фароҳам меоянд. Иттилоот ҳамчун манбаи асосии ҷомеаи иттилоотӣ ва технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафт ба ҳисоб меравад.
Ба гуфтаи Зулфиддин Муъминҷонов, ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои ҳирфаӣ барои сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ, хадамотҳои матбуотӣ ва ғайраҳо, ки ба истифодаи бофарҳангонаи Интернет вобаста аст, дар факултаи режиссура, кино ва телевизион корҳои муайян роҳандозӣ гардидаанд. Ба ин иҷрои лоиҳаи “Тайёр намудани мутахассисони соҳаи воситаҳои ахбори оммаи электронӣ дар шароити гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ”, ки бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ гашта истодааст, мисол шуда метавонад. Дар ин росто, бо омӯзиши таҷрибаи олимони Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Словакия ва Ӯзбекистон дар ин самтҳо стандарт, дастури таълимӣ, китобҳои тахассусӣ таҳия хоҳанд шуд.
Сипас, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдусаттор Нуралиев мавзӯи «Тайёр намудани кадрҳои воситаҳои ахбори оммаи электронӣ: телевизион ва радиошунавонӣ», доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродов мавзӯи «Мушкилоти таҳсилоти журналистӣ дар шароити рушди Интернет», доктори илмҳои филологӣ, профессор Раъно Бобоҷонова мавзӯи «Шабакаҳои иҷтимоӣ ва масъалаҳои гендерӣ» -ро мавриди баррасӣ ва таҳлили амиқ қарор дода, барои нақши созанда гузоштани WEB-журналистика дар замони муосир пешниҳодҳои мушаххас баён намуданд.
Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявии «Нақши WEB-журналистика дар замони муосир: мушкилот ва дурнамо» дар ду бахш- «Нақши технологияи муосири иттилоотӣ дар инъикоси масъалаҳои ҳаёти фарҳангӣ» ва «Фарҳанги касбии истифодаи жанрҳои журналистика дар воситаҳои ахбори оммаи электронӣ» ҷараён гирифта, дар он 25 маърӯзаи илмӣ матраҳ гардид.
Додоҷон РӮЗИЕВ