Декани факултет: Лутфулло Ниёзов

Барои тамос: ш. Душанбе, хиёбони Борбад 73 а Бинои , ошёнаи .

Тел:+992008804455,
E-mail:

 


Факултети журналистики  телевизион ва радио бо Қарори Шӯрои Олимони донишкада таҳти рақами №11 аз 29 июни соли 2022  таъсис ёфта, яке аз сохторҳои  асосии  Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ба шумор меравад. Самти фаъолияташ ба тайёр намудани  мутахассисони  соҳаи телевизион, радио ва режиссёри телевизион  нигаронида шудааст.

Вазифаи асосии факултет тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ  барои минбаъд фаъолият кардан дар телевизион ва радио, саривақт таъмин намудани омма бо навтарин иттилооти дохиливу хориҷи кишвар мебошад.

Факултет дар ҳайати худ ду кафедраи тахассусӣ дорад:

  1. Журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ;
  2. Технологияи ВАО

Факултети журналистикаи телевизион ва радио аз рӯи ихтисосҳои зерин:

— Журналисти телевизион ва радио;

— WEB – журналистика;

— PR – робита бо ҷомеа;

— Режиссёри телевизион;

— Телеоператори кино;

— рӯзноманигор-омӯзгор

мутахассис  тайёр мекунад.

Дар факултет зиёда аз 400 нафар донишҷӯён дар шакли таҳсили рӯзона ва фосилавӣ (ғоибона) таҳсил мекунанд. Ба донишҷӯён 4 нафар докторҳои илми филологӣ дар бахши журналистика, профессорон, 2 нафар Арбоби ҳунари Тоҷикистон, 5 нафар номзадҳои илм, дотсентҳо, 8 нафар муаллимони калон, ва 5 нафар муаллимону ассисентон дарс мегӯянд.

Устодони факултети  журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ  дар тарбияи  насли нави  журналистони  телевизиону радио  таҷрибаи бой доранд ва хатмкунадагони  он имрӯзҳо дар шабакаҳои  ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳру ноҳиявӣ, хадамотҳои матбуотии вазорату  идораҳо, қисмҳои  ҳарбӣ  ва  умури  дохилӣ, корхонаҳои  калони  саноатӣ  фаъолияти пурсамар мебаранд.

Барои  омода намудани журналистони касбӣ    дар донишкада Студияи  таълимии телевизион ва радио, лабораторияҳои  танзим, наворбардорӣ  мавҷуд  аст. Ба донишҷӯён журналистон, режиссёрҳо ва наворбардорони  варзида  ва  собиқадор,  ки   соҳиби таҷрибаи  бойи эҷодӣ ва касбӣ  ҳастанд аз  қабили доктори илмҳои филология, профессор Зулфиддин  Муъминҷонов, доктори илмҳои филология, профессор Раъно Бобоҷонова, доктори илмҳои филология, профессор Шариф Муллоев, номзади илмҳои филология, дотсент Бахтиёр Ҳамдамов, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Олимҷон Салимзода, номзади илмҳои филология, дотсент Гавҳар  Умарова,  номзади илмҳои филология, Саидзода Шодона, муаллимони калон, Лутфулло Ниёзов, Ҷумъа  Қуддусов,  Шералӣ  Нағзалиев,  , Бобоҷон Раҳимов, муаллимон Лутфулло Ниёзов, Адиба Абдуллоева, Муҳаммад Мусоев, Нишона Муллоева ва Муқаддас Умарова дарс мегӯянд.

Таҳсил дар факултаи  журналистикаи телевизион ва радио дар шакли рӯзона ва фосилавӣ (ғоибона) ба роҳ монда шудааст. Шумораи умумии донишҷӯён ҳам дар шуъбаи рӯзона ва ҳам дар шуъбаи фосилавӣ (ғоибона)  ба  400 нафар мерасад. Донишҷӯён дар якҷоягӣ бо устодон ва кормандони шабакаҳои телевизиониву радиоии ҷумҳуриявӣ барномаҳои гуногун дар мавзӯъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва интеллектуалӣ таҳия намуда пешкаши тамошобинон ва шунавандагон менамоянд. Муҳлати  таҳсил    чор  сол  аст. Хушбахтона дар соли таҳсили 2024 ихтисоси нав,  Рӯзноманигор-омӯзгор ташкил гардид, ки хатмкунандагони ин ихтисос метавонанд ба ҳайси журналист ва омӯзгори фанни забон ва адабиёт фаъолият намоянд.

Дар факултаи журналистикаи телевизион ва радио шуъбаи магистратура, доктор PhD ва маълумоти дуюм  амал мекунад ва таълимгирандагони он аз ҳисоби хатмкунандагони шуъбаҳои журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ ва ҳамчунин аз ҳисоби хатмкардагони шуъбаҳои журналистикаи донишкадаю донишгоҳҳои ҷумҳурӣ мебошанд.