Дар толори «Аргунун» — и донишкада, 8 январи соли равон, филми «Номус», аз рӯи асари Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб, ки аз ҷониби донишҷӯи курси 4- уми факултаи фарҳангшиносӣ, кафедраи режиссура ва продюссерӣ Сайфиддин Наврӯзов наворбардорӣ шудааст, ба намоиш гузошта шуд.
Дар филм беҳтарин хислатҳои инсонӣ таҷассум гардидааст. Ҳадафи асосии филм нишон додани як насли бонангу номуси миллати тоҷик мебошад, ки иродаи устувор дорад ва ба қавли додааш вафо намуда, ба мақсади дар назди худ гузоштааш мерасад. Дастовард ва пешрафти ҳар як донишҷӯ ин натиҷаи кӯшишу заҳмати омӯзгорони донишкада аст. Маҳз пуштибонии ҳайати профессорону устодони данишкада аст, ки донишҷӯён бо боварии комил таҳсил ва нозукиҳои пешаи интихобнамудаашонро азхуд намуда истодаанд.
Филм 45 дақиқаро дарбар гирифта, дар муҳлати кӯтоҳ — 15 рӯз ба навор гирифта шудааст. Дар намоиш устод Муҳаммад Ғоиб ба сухан баромада, аз ҷумла зикр намуданд, ки ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи рӯзноманигори телевизион, театр ва кино ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Баъди намоиши филм бо иштироки муаллифи асар филмнома таҳлилу баррасӣ гардид. Саволу ҷавобҳо аз тарафи тамошобинон ва донишҷӯён атрофи филм миёни устод, коргардон ва ҳунармандони филмнома доир гашт.
Пас аз таҳлилу баррасии филм устод Муҳаммад Ғоиб аз ашъори ватандӯстонаи хеш чанд шеъри тозаэҷоди худро пешкаши донишҷӯён намуданд. Аҳли нишаст аз тамошои филм ва вохӯрӣ бо Шоири халқии Тоҷикистон як ҷаҳон маънӣ бардоштанд.
Мадина ЗОИРОВА,
донишҷӯи соли аввали
шуъбаи рӯзноманигори ТВ