Бештари бузургони ҷаҳон саҳнаро зиндагӣ ва зиндагиро саҳнаи театр гуфтаанд. Дар ин гуфта гавҳари ҳастии инсон нуҳуфтааст. Воқеан ҳам, ҳамаи мо дар ин саҳна ҳамеша, гоҳ-гоҳ, хурд ё кӯчак, бисёр ва кам, бомаҳорат ва бемаҳорат, дар марказ ё дар ҳошия, дар нақши асосӣ ва ё паси парда нақшофарем. Яке, агар нақши инсони накукору ҳалимро бозад, дигаре нақши инсони золиму хашинро…
Вале боз як зумра мардони бузург офарандагони нақше ҳастанд, ки механданд, дар лабашон гули табассум мешукуфад, бо гармӣ даст мефишоранд, ба дигарон завқи зистан меомӯзанд.
Яке аз чунин ҷавонмардони соҳибдил мунаққиди асарҳои драмавӣ Муҳаммадуллоҳи Табарист. Табарие, ки мудири шуъбаи фарҳанги рӯзномаи «Ҷумҳурият», узви Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон, академики Академияи санъати театрии Осиёи Марказӣ, номзади илмҳои таърих, тарҷумон, омӯзгор ва рӯзноманигор аст.
Ёру дӯстон борҳо ба устод гуфтаанд: «Шумо дар рӯҳу равон, ақлу идрок ва зеҳну шуури хеш захираи бузурги эҷодиёту кашфиёт доред, забони русиро чу об медонед, аз адабиёти классикии тоҷикии порсӣ ва ҷаҳон баҳраҳо бурдаед, шогирди устоди гавҳаршинос Низом Нурҷонов ҳастед, дар кӯраи илмии пажӯҳишгоҳи академик Раҳим Масов обутоб ёфтаед, дар «Ҷумҳурият» сабақи кориву касбӣ гирифтаед, чанд китоби аҷибу ғариб доир ба театр доред, аммо чаро рисолаи докторӣ ҳимоя намекунед?».
Устод Табарӣ бо табассум хомӯширо посухи беҳтарини ин ҳама суолҳо мекарду мекунад. Вале дар сиришташ чашмаи санъати асил, ҳунари воло ҷӯшу хурӯш дорад. Ҳарчанд ором метобад, оромиаш оромии пеш аз тӯфони дарёст. Аз нозукбинтарин мунаққидони театр аст. На танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ ва Россия шояд кам намоише бошад, ки устод аз он ноогоҳ бошад, надида ё дар борааш маълумот надошта бошад. Барои ин китобҳои нағзи ӯ бо забони русӣ: «Личность, история, сцена» (2004), «События и спектакли» (2005), «Театр Мауланы и театральность зикров и самаъ» (2009), «Театр и независимость» (2010), «Орбиты взаимодействия» (2011), «Таджикский государственный молодежный театр имени М. Вохидова» (2013), «Традиции и новаторство в таджикском театре», бо забони тоҷикӣ: «Дидори дӯст» (2009), «Нақши нур» (Қайдҳо дар ҳошияи маҷмӯаи нави драмаҳои Нур Табаров «Чархи гардон», 2009), «Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон. Ҷустуҷӯҳои эҷодӣ» (2019) мисол шуда метавонанд.
Бавижа, китоби «Театр Мауланы и театральность зикров и самаъ» («Театри Мавлоно ва санъати театрӣ дар зикр ва самоъ») аз беҳтарин осори устод Табарӣ шинохта шудааст.
Бори аввал бо зиракии илмӣ вижагиҳои театрии рақси самоъ ва сурудаҳои самоиро кашф ва пажӯҳиш кардааст. Ба рақси самоъ, ки ба назари аксарият сирф падидаи ирфонист, аз ин зовия назар афкандан, воқеан ҳам, нодир аст. Албатта, ин ба хӯю хислат ва ҷаҳоннигарии олим низ риштаҳои робита дорад. Зеро Муҳаммадуллоҳи Табариро дӯстонаш «орифи театр» медонанд.
Дар асари «Театр и независимость» («Театр ва истиқлолият») муаллиф пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд собит кардааст, ки театр барои таҳкими пояҳои истиқлолият чӣ саҳме дошт. Ба андешаи ӯ, пас аз касби истиқлолият ва оғози ҷанги таҳмилии пурхисороти шаҳрвандӣ давроне шуд, ки баъзе аз дардҳои таърихро бо забони назму наср гуфта намешуд, театри миллии тоҷик бо забони санъати театрӣ он дардҳоро ташхис, бозгӯ ва хотирнишон кард. Аз минбари театр ба миллат муроҷиат шуд, ки ба худшиносӣ гаравем, дӯст аз душман бишносем, чораҳои мунаввар кардани роҳи фардоро ҷӯем. Драматург Нур Табаров дар ин бора ҳанӯз соли 2001 навишта буд: «Тадқиқи бадеии ин даврони пурпечутоб ва мураккаб ва хосатан оид ба ин даврон офаридани асари саҳнавӣ аз вазифаҳои муҳимтарин буда, барои тарвиҷи худшиносӣ ва бедории миллии мо нақши носутурданӣ дорад».
Китоби «Традиции и новаторство в таджикском театре» доир ба анъанаву навовариҳои театри тоҷик баҳс мекунад. Устод Муҳаммадуллоҳи Табарӣ бар он назар аст, ки театр ва қаҳрамонҳои асари саҳнавӣ ҳамеша ҳамқадами замон, ҳаммаслаку ҳаммароми ҳамзамонони худ дар роҳи такмили зиндагӣ бошанд. Воқеияти зиндагӣ, дигаргуниҳои замона ва вобаста ба инҳо дигар шудани рафтору муносибати инсон ба худ ва дигарон ҳамеша дар маркази диққати драматургон, ҳунармандон ва мунаққидон бояд бошад. Мунаққиди мӯшикофи театри мо ҳамон вақт аз намоиш қонеъ мешавад, ки дар саҳна зиндагӣ бо ҳама тазодҳояш мавҷ занад, тамошобин фарқ накунад, ки ин намоиш аст ё як бахши ҳаёти хеш…
«Нақши нур» аз драмаҳои Нур Табаров ҳарф мезанад. Мавзӯи меҳварии ин асар ва дигар мақолаҳои Муҳаммадуллоҳи Табарӣ дар бораи осори Нур Табаров ба масал нақди нақд аст. Зеро Нур Табаров тавассути асарҳои саҳнавии худ таъриху тамаддун ва нуқсу камоли равандҳои ҷамъиятиро нақд мекунад ва он паҳлуҳои гуногуни нақди мазкурро устод Табарӣ ба нақди театршиносӣ мекашад.
Мақолаҳои пажӯҳишии устод дар ҷаридаҳои илмии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои исломии Эрону Афғонистон, ҷумҳуриҳои Чехия, Туркия, Украина, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дарҷ гардидаанд. Эшон ба бештари театрҳои кишварҳои ёдшуда ҳамчун мунаққид ва аъзои ҳакамони озмуну фестивалҳои гуногуни театрӣ даъват мешавад. Мутахассисони соҳа бовар доранд, ки ӯ ҷузъитарин нуқсҳои касбии ҳунармандонро мушоҳида мекунад, бо заррабини интиқодаш вирусҳои зараровари вуҷуди фарҳангро ташхис медиҳад, пас аз хатми намоишнома бо қаду қомати чун сапедор баланд шуда, камбудиҳои намоишномаи ба саҳна рафтаро беғаразона як ба як бармешумурад. Зеро мардони бедоре мисли ӯ ҳаргиз хомӯш буда наметавонанд.
Мавсуф рисолати нақдро дуруст шинохтааст. Дар нақд гузашт, рӯихотирбинӣ, ба фардо гузоштан нест. Дар гармогармии асар бояд нуқсу камолаш ошкор ва роҳҳои ҳалли мушкил ёфта шаванд. Аз ин сабаб, ӯро академики Академияи санъати театрии Осиёи Марказӣ баргузиданд.
Соли ҷорӣ, бо вуҷуди серкориву пурташвишӣ китоби «Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон. Ҷустуҷӯҳои эҷодӣ» — ро навишт. Ин асар ба ҷашни театри ёдшуда эҳдо мешавад.
Устод, ки мунаққиди касбии театр аст, дар саҳнаи ҳунару адабу фарҳанги Тоҷикистон ҷойгаҳи вижа дорад ва ҳунаршиносону санъатдӯстон аз Муҳаммадуллоҳи Табарӣ таълифи асарҳои гаронмоя, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ривоҷи санъати театриро интизоранд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият», аз 27 декабри соли 2019
Ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода устод Муҳаммадуллоҳи Табариро ба муносибати 50-солагии зодрӯзашон, бо камоли эҳтиром, табрику муборакбод намуда, ба соҳибҷашн умри дароз, хонаи обод ва дар корҳои илмию эҷодӣ ва омӯзгориашон барору комёбӣ тамано менамоянд.